Муоинаи нақшавӣ: дар моҳи якуми ҳаёт

Мақсади муоинаи профилактикӣ нақшавӣ ин нигоҳ доштан ва беҳтар кардани саломатии фарзандатон мебошад. Табиби оилавӣ ва ҳамшираи оилави муоинаи ба нақша гирифташударо мегузаронанд ва ба саволҳои Шумо посух медиҳанд.
Body

Мақсади муоинаи профилактикӣ нақшавӣ ин нигоҳ доштан ва беҳтар кардани саломатии фарзандатон мебошад. Табиби оилавӣ ва ҳамшираи оилави муоинаи ба нақша гирифташударо мегузаронанд ва ба саволҳои Шумо посух медиҳанд.

Муоинаи якуми тиббӣ – ҳамеша як рӯйдоде мебошад, ки дар ҳар дуи волидайн ҳаяҷони махсусро ба вуҷуд меоварад. Ин имконияти санҷидани вазъи саломатӣ, арзёбии муваффақиятҳои кӯдак ва инчунин то чӣ андоза аз уҳдаи падару модарӣ баромадани Шумо мебошад.

 Омодагӣ ба ташриф

  • Ҳарду волидайн метавонанд фарзанди худро дар муоинаи нақшавӣ ҳамроҳӣ кунанд. Ба ҳардуи Шумо маълумот ва тавсияҳо вобаста ба нигоҳубин ва машғулиятҳои ҳарруза бо кӯдак лозим аст, чунки ҳар ду волидайн шароити мусоидро  барои камолот ва инкишофи фарзанди худ ташаккул медиҳанд ва ба якдигар барои аз уҳдаи нақши падару модарӣ баромадан кӯмак менамоянд.
  • Шиносномаи иммунизатсияи тифли навзод ва дигар ҳуҷҷатҳои тиббие, ки доред, бо худ гиред.

Муоинаи тиббӣ дар бар мегирад:

  • Мониторинги афзоиш: Ҳамшираи тиббӣ  дарозии бадан, вазн ва шакли сари фарзанди Шуморо чен мекунад ва ин ченакҳоро ба ҷадвалҳои афзоиш ворид мекунад.
  • Ҷамъоварии маълумот дар бораи таърихи шахсӣ ва оила: Ҳангоми муоинаи аввалини тиббӣ ба Шумо саволҳои зиёде дар бораи ҳомиладорӣ, таваллуд, мавҷудияти эҳтимолии омилҳои муайяни хавф барои саломатии кӯдак дода мешаванд (масалан, бемориҳои оилавӣ, мушкилоти саломатӣ ҳангоми таваллуд, мақоми иҷтимоӣ ва ғайра), балки дар бораи омилҳои мусоид (муносибатҳои мувофиқи оилавӣ, дастгирӣ аз тарафи хешовандони наздик ва ғайра).
  • Табиби Шумо бо мундариҷаи корти тиббии навзод ва сабтҳои тиббии ҳамроҳикунандаро аз назар мегузаронад.
  • Ғизо: табиби оилавӣ ё ҳамшираи шафқат аниқ мекунад, ки чӣ тавр Шумо кӯдакро ғизо медиҳед, оё вай танҳо шири сина мехӯрад (кӯдакро танҳо бо шири модар ғизо диҳед, бе ягон ғизои иловагӣ ва иловаи об, ба истиснои витаминҳо ва доруҳо); оё Шумо ӯро аз рӯйи хоҳишаш ғизо медиҳед ва чанд маротиба; оё ягон мушкилот вобаста ба синамаконӣ ҳаст ; тарзи хӯрокхурии модар чӣ гуна аст  ва ғ. Ба Шумо дар бораи аҳамият, манфиат ва бартариҳои синамаконии шири сина, аз ҷумла чӣ гуна он фарзандатонро бо ғизои оптималӣ таъмин мекунад, муҳофизат, муҳаббат, наздикӣ, рӯҳбаландӣ ва дастгирӣ барои рушд ва афзоиши муносиб мебахшад, мефаҳмонанд. Аз фурсат истифода бурда саволҳоеро, ки Шумо ба он таваҷҷӯҳ доред, аз он ҷумла дар бораи ғизо ё мушкилоти дигаре, ки Шумо доред, аз қабили кашиш ё гиряи кӯдак ва  инчунин дар бораи интизориҳои оқилона дар бораи чӣ гуна ва чӣ қадар хобидани фаразндатон пурсед. Агар ба Шумо кумак ва дастгирии иловагӣ лозим шавад, онҳо ба Шумо мегӯянд, ки чӣ тавр ва ба кӣ муроҷиат намоед.
  • Тарзи ҳаёти солим: табиби оилавӣ ба Шумо дар бораи аҳамияти хоби солим, давомнокии кофӣ, дар бораи зарари дуди тамоку барои кӯдак (дуди нафаскашӣ) ва чӣ гуна фароҳам овардани муҳити бехатар барои ҳаёти ӯ мефаҳмонад.
  • Ҳангоми қабули табиб, ба Шумо инчунин баъзе саволҳои возеҳкунанда дар бораи депрессия пас аз таваллуди модар дода мешавад, барои кафолат додани бехатарӣ ва имкоият ташкил намудани муҳити мусоид барои кӯдак.
  • Табиби оилавӣ ё ҳамшираи шафқат оид ба инкишофи фарзандатон шарҳҳо медиҳад ва муайян мекунад, ки оё Шумо ба ӯ витаминҳои лозимаро медиҳед.

Муоинаи педиатрӣ ва баҳодиҳии инкишоф

Табиби Шумо тибқи тартиби муқарраршуда азназаргузаронии клиникии фарзандатонро мегузаронад: намуди зоҳирӣ ва ранги пӯсти кӯдак, рушди устухон, равған, бофтаи мушакҳо, симметрияи қисмҳои баданро арзёбӣ мекунад; ҳолати чашм, гӯш, бинӣ; санҷиши нармаки сар, гиреҳҳои лимфа, шикам; муоинаи сар, гардан, гулӯро месанҷад; ба садои дил гӯш медиҳад, нафаскашӣ дар шуш; суръати нафаскашӣ ва суръати дилро ҳисоб мекунад; ҳолати захми нофро тафтиш мекунад; рефлексҳоро месанҷад, кушодашавии мушакҳои ронро ва  инчунин чӣ тавр кӯдак дар мавқеи муайян худро медорад, тафтиш мекунад.

  • Ҳангоми муоина, табиб ё ҳамшираи шафқат ба Шумо тарзи муошират бо фарзандатонро нишон медиҳад. Онҳо аҳамияти гуфтугӯ бо тифли худ, сурудхонӣ, сухан гуфтан дар шакли шеър (шеърҳои кӯдакона, ҳисобкунии қофия) -ро ҳангоми машғулиятҳои муқаррарии ҳаррӯза, аз ҷумла ҳангоми таъом додан, иваз кардани либос, оббозӣ ва бозӣ фаҳмонда медиҳанд. Шумо мефаҳмед, ки то чӣ андоза аз рӯзи аввал хондани китоб ба фарзандатон муҳим аст. Ҳатто агар кӯдак ҳанӯз нафаҳмад ҳам, вай овози Шуморо мешунавад ва ин ба ӯ ҳисси боварӣ ва оромӣ мебахшад. Ин ба Шумо имкон медиҳад, ки дар бораи он фикр кунед, ки чӣ тавр Шумо аз хурдӣ инкишофи кӯдаки худро бо роҳҳои гуногун ҳавасманд карда метавонед. Ба Шумо инчунин маводҳои гуногуни чопии иттиоотиро дар бораи тарзу усулҳои минбаъдаи инкишофдиҳии кӯдакро метавонанд пешниҳод кунанд.

  • Ба Шумо тавсияҳо дар бораи нигоҳдории инкишофи дурусти кӯдак пешниҳод мекунанд, чунки  дар ин давра ӯ малакаҳои гуногунро аз худ мекунад ва хле зуд инкишоф меёбад.

Ваксинатсия  

Иммунизатсияи нақшавӣ аз рӯзҳои аввали ҳаёти кӯдак оғоз меёбад. Иммунизатсия барои ҳамаи кӯдакон ҳатмӣ ва ройгон аст - ваксинаҳо кӯдаки Шуморо аз бемориҳои хатарноки сироятӣ муҳофизат мекунанд. Табиб ё ҳамшираи месанҷад, ки оё фарзанди Шумо дар беморхона эмкунии лозимиро гирифтааст ё не. Ҳангоми муоина ба кӯдак ворид намудани миқдори дуюми вакснаи гепатити В ҳамчун як ҷузъи ваксинаи омехта бар зидди дифтерия, потусс, кузоз, гемофилҳои зуком (Penta1), ваксинаи полиомиелит (OPV 1), сирояти ротавирус (Рота) 1) ва ваксина бар зидди сирояти пневмококкро тавсия медиҳанд.

  • Агар кӯдак бо ягон сабаб дар таваллудхона ваксинаи зарурии зидди бемории сил ва гепатити В нагирифта бошад, чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Хулоса

  • Дар охири ташриф табиби оилавӣ дар бораи вазъи саломатӣ ва инкишофи фарзанди Шумо назари худро баён мекунад.
  • Дар ҳолати зарурӣ (бо нишондодҳои тиббӣ), тартиби дигари ташхис (хун, пешоб, ултрасадо ва ғ.), машваратҳои мутахассисони махсус, ба монанди невролог, офталмолог, отоларинголог, ҷарроҳ ва ортопедро таъин кардан мумкин аст.
  • Ба Шумо маслиҳат оид ба масъалаҳои ғизо ва нигоҳубин, роҳҳои ҳавасмандкунии фарзандатон барои рушди минбаъда ва эҳтимолан маводи чопии иттилоотӣ дода мешавад.
  • Ба Шумо инчунин сана ва вақти ташрифи навбатии профилактикӣ таъин карда мешавад.

Пас аз ташриф

  • Иттилоот ва тавсияҳои наверо, ки Шумо ҳангоми ташрифи табиб мегиред, навишта гиред. Маълумот ва таассуроти зиёд хоҳад буд, муҳимтарин чизро фаромӯш накардан муҳим аст.

Дар хотир доред, ки муоинаи нақшавии саломатӣ як имкони санҷидани вазъи саломатӣ ва  инкишофи кӯдак, имконияти гирифтани тавсияҳо оид ба ҳама масъалаҳои дастгирии минбаъдаи рушду инкишофи ӯ мебошад. Ин фурсатро аз даст надиҳед!