Модарони гирифтори сирояти COVID-19 ва маслиҳат оид ба синамаконӣ

То ҳозир вирусе, ки боиси COVID-19 мегардад, дар шири ягон модари ба сироят гумонбаршуда ё сирояти тасдиқшуда пайдо нашудааст ва дар ҳоли ҳозир ягон далеле вуҷуд надорад, ки ин вирус тавассути синамаконӣ гузарад.
Body

Исбот шудааст, ки синамаконӣ/шири сина фавти навзодон, тифлон ва кӯдаконро коҳиш медиҳад ва инчунин якумра ба иммунитет таъсир мерасонад. Дар давраи эпидемияҳо ва ҳар гуна офатҳои табиӣ он муҳимтарин манбаи табиии ғизо барои навзодон ва тифлон аст.

Модаре, ки ба COVID таҳлили мусбӣ дорад ва дар ҳолати сабук онро мегузаронад, ташвиқ карда мешавад, ки ҳангоми риояи баъзе чораҳои гигиенӣ нигоҳубин ва синамаконии кӯдаки худро идома диҳад:

  • Ҳар 2 соат ҳуҷраро дар давоми 10 дақиқа шамол диҳед.
  • Сатҳҳоеро, ки ӯ ламс мекунад, мунтазам тоза ва дезинфексия кунед.
  • Ҳангоми нигоҳубини кӯдак ва синамаконӣ ба даҳон ва бинии худ ниқоби тоза пӯшед. Ниқоб бояд ҳар 2 соат ё ҳангоми тар шуданаш иваз карда шавад. Ҳангоми кушодани ниқоб ба тарафе, ки ба рӯй наздик буд, даст нарасонед. Ниқоби истифодашуда бояд партофта шавад ва онро дубора истифода бурдан мумкин нест. Пас аз гузоштани ниқоб дастҳоятонро шӯед.
  • Пеш аз ҳар як тамос бо кӯдак дастҳо бояд 20 сония бо собун ва обшуста шаванд.
  • Пеш аз шир додан ва баъд аз шир додан лозим нест, ки синаҳои худро шӯед. Гигиенаи баданро риоя карда мунтазам оббозӣ кардан ва зуд-зуд иваз кардани куртаи шабона кофӣ аст. Агар ҳангоми сулфа дар рӯи қафаси синаатон балғам фарояд, онро бо собун ва об шӯед.
  • Агар модари сироятшуда аломатҳои бемории роҳи нафас надошта бошад ва кӯдак бо ӯ дар як ҳуҷра бошад, гаҳвора/катча бояд аз бистари модар 2 метр дуртар бошад ва дар байни онҳо парда/тавора гузошта шавад.
  • Агар модар сулфа ё атса кунад, ӯ набояд бо кӯдакаш дар як ҳуҷра бошад. Шахсе, ки кӯдакро нигоҳубин мекунад, ҳангоми ворид шудан ба ҳуҷраи баъди таваллуд бояд ниқоби муҳофизатӣ пӯшад.
  • Модари сироятшуда бояд ба дастпоккуни коғазӣ сулфа ё атса занад, ки онро фавран ба қуттии партови дорои сарпӯш партофтан лозим аст. Пас аз он, дастҳои худро бо собун ва об дар давоми 20 сония шӯяд.

Агар модар барои синамаконии кӯдак худро хуб ҳис накунад (бемадорӣ, мушкилоти сабуки нафаскашӣ, табларза то 38,5 °С), ба ӯ барои ҷӯшидани шир кӯмак кардан лозим аст, то кӯдаки навзод шири модарро хӯрад. Вақте ки вазъи ӯ беҳтар мешавад, вай метавонад синамакониро идома диҳад. Ширҷӯшӣ инчунин аз модар риояи баъзе тадбирҳои гигиениро талаб мекунад.

  • Ба бинӣ ва даҳони худ ниқоби тоза пӯшед.
  • Пеш аз ҳар як ширҷӯшӣ дастҳои худро бо собун ва об 20 сония шӯед.
  • Ширҷӯшӣ бо ширҷӯшаки шуста ва стерилизатсияшуда нисбат ба ширҷӯшии дастӣ афзалтар аст, зеро он имкони сироятшавии ширро коҳиш медиҳад.

Агар вазъи саломатии модар бад бошад, вазифаҳои нигоҳубинро аъзои солими оила ба ӯҳда гирифта, кӯдаки навзодро бо ғизои сунъӣ таъмин карданаш лозим аст. Агар модар пас аз сиҳат шудан кӯдаки худро шири сина додан хоҳад, бояд ба ӯ барои барқарор кардани истеҳсоли шир кӯмак расонед.