Санҷиши шунавоӣ барои кӯдакони навзод

Санҷиши шунавоӣ дар кӯдакони навзод (скрининги универсалии шунавоӣ) имкон медиҳад, ки нуқсонҳои шунавоӣ саривақт ошкор карда шуда, барқароркунӣ ва табобат таъин карда шавад.
Body

Пастшавии шунавоӣ яке аз нуқсонҳои маъмултарини модарзодӣ мебошад. Вайроншавии ҷиддии шунавоӣ бо таносуби 1 ба 1000 тифли навзод вомехӯрад, ки бештари онҳо ҳангоми таваллуд ягон омили хатар ё ягон аломат надоранд.

Санҷиши шунавоӣ чӣ гуна анҷом дода мешавад?

Усули маъмултарин барои санҷиши шунавоӣ дар кӯдакони навзод ин боздории эмиссияи отоакустикӣ мебошад. Ин усули содда ва боэътимод аст, ки ба кӯдак дарду нороҳатӣ намеорад ва якчанд дақиқа давом мекунад. Он ба таври зерин гузаронида мешавад: дар канали шунавоии берунии кӯдак асбоби дохилигӯшии нарм гузошта мешавад ва баъд аз он ба дастгоҳ сигнал сабт карда мешавад. Боздори эмиссияи отоакустикӣ усули санҷишӣ аст, яъне онро на барои ташхис, балки барои муайян кардани кӯдакони ба муоинаи иловагӣ ниёздошта, истифода мебаранд.

Табобати кӯдакони гирифтори вайроншавии шунавоӣ бояд ҳарчи зудтар оғоз карда шавад, зеро он дар рушди малакаҳои нутқ ва забон натиҷаи хуб медиҳад. Тавсия дода мешавад, ки то охири моҳи 1-уми ҳаёт скрининг гузаронида шавад, ташхис бошад то охири моҳи 3-юми ҳаёт ба итмом расад ва амалиётҳои барқарорсозӣ то моҳи 6-уми ҳаёти кӯдак оғоз карда шаванд.

Дар айни замон танҳо дар таваллудхонаҳои вилоятии вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМБК ва таваллудхонаи №1 ш. Душанбе санҷиши шунавоӣ гузаронида мешавад.

Агар натиҷаи санҷиш дар таваллудхона қаноатбахш набошад, ин маънои онро дорад, ки кӯдак вайроншавии шунавоӣ дорад?

Ҳаргиз не! Мавҷудияти моеъи амниотикӣ ё молишаки тавлидӣ дар канали шунавоии беруна, ғавғо дар ҳуҷра, гиря кардани кӯдак ва ҳатто садоҳое, ки кӯдак ҳангоми ғизогирӣ ё нафаскашӣ мебарорад ва ё агар биничаи кӯдак бо луоб маҳкам шуда бошад, метавонанд ба натиҷаи санҷиш таъсир расонанд. Агар натиҷаи санҷиши аввалини шунавоӣ дар тифли навзод қаноатбахш набошад, он гоҳ санҷиш пас аз якчанд ҳафта такроран гузаронида мешавад. Барои падару модарон гузаронидани санҷиши такрорӣ дар таваллудхона мувофиқтар аст. Агар натиҷаи санҷиши такрории шунавоӣ қаноатбахш набошад, кӯдак барои ташхиси иловагӣ ба назди табиби сурдолог фиристода мешавад.

Санҷиши шунавоӣ дар таваллудхона барои ҳама кӯдакон кофӣ нест. Баъзе кӯдакон ҳатто дар мавриди қаноатбахш будани нишондоди санҷиши шунавоӣ дар таваллудхона ба муоинаи минбаъдаву санҷиши шунавоӣ ниёз доранд. Ба гурӯҳи хатари кӯдакони гирифтори нуқсони шунавоӣ инҳо дохил мешаванд: кӯдакони норасид, кӯдакони гирифтори асфиксияи дараҷаи вазнин ҳангоми таваллуд, кӯдакони гирифтори нуқсонҳои модарзодии гуногун, кӯдакони менингитҳои бактериявиро аз сар гузаронида, кӯдаконе, ки дар оилаи онҳо ношунавоии ирсӣ ҳаст ва ғайра.

Дар баъзе кӯдакон вайроншавии шунавоӣ дертар пайдо мешавад ё дараҷаи сабук дорад. Аз ин сабаб, сарфи назар аз гузаронидани санҷиши шунавоӣ дар таваллудхона, назорат кардан лозим аст, ки кӯдак ба садоҳо чӣ гуна аксуламал нишон медиҳад, инкишофи нутқ ва рафтори ӯро мушоҳида намудан зарур аст ва агар Шумо гумон кунед, ки кӯдак Шуморо намешунавад, ҳарчи зудтар ба табиби оилавӣ муроҷиат намоед. Агар дар оила ҳолатҳои ношунавоии ирсӣ вуҷуд дошта бошанд, пас нестшавии шунавоӣ метавонад дертар пайдо шавад ва ин гуна кӯдакон бояд таҳти назорати табиби сурдолог қарор дошта бошанд.

Саривақт муайян намудани вайроншавии шунавоӣ барои чӣ муҳим аст?

Саривақт муайян кардани нуқсони шунавоӣ барои пешгирӣ аз бозмонии инкишофи нутқ ва муоширати кӯдак мусоидат мекунад. Агар дар кӯдак вайроншавии дутарафаи шунавоии дараҷаи вазнин муайян карда шавад, дастгоҳи шунавоӣ кифоягӣ намекунад ва ин мушкилотро бо гузоштани импланти кохлеарӣ бомуваффақият табобат кардан мумкин аст.