Паротити эпидемӣ (баногӯшак)
Паротити эпидемӣ (баногӯшак)
Сабаби пайдоиши паротити эпидемӣ вирус мебошад. Он тавассути роҳи мустақим луоби даҳон ё дар мавриди сулфидану атса задан ба таври ҳавогӣ-қатрагӣ мегузарад.
Паротити эпидемӣ дар давлатҳое, ки барномаҳои устувор оид ба ваксинатсия қабул кардаанд, хеле кам вомехӯранд.
Аломатҳои паротити эпидемӣ
Вируси паротити эпидемӣ одатан ба кӯдакон 14-15 шабонарӯз пеш аз пайдо шудани ягон аломати беморӣ сироят мерасонад.
Аломатҳои бармаҳали паротити эпидемӣ – ҳарорати баланди бадан, дарди сар ва сустҳолӣ мебошанд.
Баъд аз аломатҳои мазкур варами яке аз ғадудҳои луобӣ пайдо мешавад. Варам дар минтақаи наздигӯшии пеши рӯй пайдо шуда, баъдан ба минтақаи зери ҷоғ паҳн мешавад. Баъзан варам дар ғадудҳои луобӣ пайдо мешавад ва бинобар ҳамин ҳам рӯй аз ҳарду тараф варам мекунад. Аз сабаби ҷой доштани варамнокӣ хоидану фурӯбарӣ барои кӯдаки Шумо метавонад дарднок бошад.
Дар писарони гирифтори паротити эпидемӣ баъзан дард ва вармнокии мояҳо пайдо мешавад. Одатан ин ҳолат ба вазифаи мардонагии онҳо дар оянда таъсир намерасонад.
Дар баъзе мавридҳо паротити эпидемӣ ба менингит, энсефалит ва мушкилоти шунавоӣ оварда мерасонад. Инчунин он боиси пайдоиши миокардит-илтиҳоби мушакҳои дил шуда метавонад.
Кӯдакони гирифтори паротити эпидемӣ якчанд рӯз пештар аз варам кардани ғадудҳои луобии даҳон хатари баланди сироятоварӣ дошта, ҳолати мазкур то шабонарӯзи панҷуми пас аз пайдоиши варам давом мекунад.
Оё кӯдакро дар мавриди гирифторшавӣ ба паротити эпидемӣ ба табиби оилавӣ нишон додан зарур аст?
Бале. Шумо бояд кӯдакатонро ба тибиби оилавӣ нишон диҳед, агар:
- шубҳа намоед, ки ӯ ба паротити эпидемӣ гирифтор шудааст;
- кӯдаки Шумо гирифтори паротити эпидемӣ бошад ва мояҳои ӯ варамноку дардманд бошанд;
- кӯдаки Шумо гирифтори паротити эпидемӣ бошад ва ӯ аз дарди сахти сар шикоят намояд, хоболуд шавад, қай кунад ва рӯшноии зиёд ӯро асабонӣ намояд.
Таҳлилҳо барои паротити эпидемӣ
Табиби оилавӣ барои тасдиқ намудани ташхиси паротити эпидемӣ таҳлили хун гузаронида аз даҳони кӯдаки Шумо молишак мегирад.
Табобати паротити эпидемӣ
Бештари кӯдакон пас аз гирифтор шудан ба паротити эпидемӣ бе ягон мушкилот сиҳат мешаванд.
Барои паротити эпидемӣ табобати махсус вуҷуд надорад, вале якчанд усулҳое ҳастанд, ки аломатҳои бемориро дар кӯдаки Шумо камтар мекунанд:
- Ба кӯдак бо вояҳои тавсияшуда парасетамол ё ибупрофен диҳед, зеро ки онҳо ҳароратро мӯътадил намуда дард ва ҳисси нороҳатиро кам мекунанд.
- Ба кӯдак ба қадри кофӣ нӯшокӣ диҳед ва ӯ бештар истироҳат намояд.
- Ба кӯдак хӯроки мулоим диҳед, то ӯ бисёр нахояд.
- Ба кӯдак кӯшиш кунед, ки ғизоҳои турш надиҳед, чунки онҳо хориҷкунии оби даҳонро зиёд мекунанд.
- Дар баъзе мавридҳо ба минтақаи варамноку дардманди рӯи кӯдак халтачаи яхдор гузоштан мумкин аст.
Агар Шумо кӯдаки гирифтори паротити эпидемиро нигоҳубин намоед, кӯшиш кунед, ки дастонатонро тоза шӯед.
Кӯдакони гирифтори паротити эпидемӣ бояд дар давоми 5 шабонарӯз пас аз пайдо шудани варамнокӣ ба боғчаи кӯдакона, муассисаи томактабӣ ё мактаб нараванд.
Пешгирии паротити эпидемӣ
Усули беҳтарини пешгирӣ аз сироятёбии паротити эпидемӣ – ваксинатсия мебошад. Ваксинатсияи то 95% кӯдаки Шуморо аз гирифторшавӣ ба ин беморӣ муҳофизат менамояд.
Ваксинаи зидди паротити эпидемӣ, ин ҷузъи ваксинаи СБГ (сурхча, баногӯшак, гулафшон) буда, кӯдаки Шуморо аз гулафшон, паротити эпидемӣ ва сурхча муҳофизат менамояд. Ваксинатсия дар синни 12 моҳа ва 6 солагӣ гузаронида мешавад.
Баъзе волидон аз он хавотир мешаванд, ки ваксинаи СБГ хатари афзоиши вайроншавии спектри аутистикиро зиёд менамояд. Тадқиқотҳои илмӣ исбот намуаданд, ки дар байни вайроншавии спектри аутистики ва ваксинаи СБГ вобастагӣ вуҷуд надорад. Агар Шумо оид ба ваксинаи мазкур ягон шубҳа дошта бошед, пас тавсия дода мешавад, ки барои машварат намудан ба табиби оилавӣ муроҷиат намоед.