Полиомиелит

“Полиомиелит бемории сироятии вирусӣ мебошад, ки аз сирояти вируси полиомиелит (полиовирус) ба вуҷуд меояд. Вирус пас аз ворид шудан ба организми инсон тавассути даҳон дар рӯдаҳо афзоиш меёбад ва аз он ҷо метавонад ба системаи асаб паҳн шуда, ба фалаҷи мушакҳо оварда расонад”.
Body

Соли 1988 Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ташаббуси нест кардани полиомиелитро ба миён гузошт. Бо вуҷуди ин, дар соли 2019 ҳолатҳои ин беморӣ дар саросари ҷаҳон то ҳол ба қайд гирифта шудаанд.

Инсон ягона манбаъи табиии вируси полиомиелит мебошад. Он тавассути тамос бо наҷосат ва/ё қатраҳои ҳавоӣ интиқол дода мешавад. Вақт аз лаҳзаи ворид шудани вирус ба организм то пайдоиши аломатҳо метавонад аз 3 то 21 рӯзро фаро гирад.

Шахси мубталои ин вирус метавонад 7-10 рӯз пеш аз пайдо шудани нишонаҳои аввали беморӣ сироятнок бошад, аммо пас аз фарорасии беморӣ вирус метавонад дар наҷосат давоми 3-6 ҳафта ихроҷ шавад.

Аломатҳо ва нишонаҳои беморӣ

Аксарияти кӯдакони сироятшуда ҳеҷ нишона надоранд ё нишонаҳои сабук ба мисли табларза, хастагӣ, дарди сар ва дарди мушакҳо доранд. Ин аломатҳои ба зуком монанд одатан як ҳафта давом мекунанд. Аз 100 кӯдаки сироятшуда дар як кӯдак шахшавии мушакҳои гардан ва қайкунӣ ба назар мерасад, ба мисли нишонаҳои менингит, ва аз 200 кӯдаки сироятшуда як нафараш осеби системаи асаб ва фалаҷи доимии мушакҳои пойҳо дорад. Фалаҷ метавонад ба мушакҳои роҳи нафас таъсир расонад, ва аз 2 то 5% кӯдакони гирифтори фалаҷ мефавтанд. Дар калонсолон ин рақам зиёдтар аст ва метавонад аз 15% то 30% бошад.

Пас аз 15-40 сол дар одамоне, ки аз полиомиелит шифо ёфтаанд, метавонанд дарди нав ва фалаҷ пайдо шавад, ки онро синдроми пас аз фалаҷ меноманд.

Муолиҷаи полиомиелит

Ягон давои бемории полиомиелит вуҷуд надорад. Аломатҳои ба зуком монанд одатан худ аз худ мегузаранд. Ҳангоми нороҳатӣ ва дарди мушакҳо истифодаи парацетамол тавсия дода мешавад. Ба кӯдак бештар нӯшокӣ додан ва ба қадри имкон истироҳат кардан лозим аст. Баъзе кӯдаконе, ки шакли фалаҷи ин бемориро доранд, ба табобати физиотерапевти ниёз доранд, барои баъзеҳо дар ғизодиҳӣ ва нафаскашӣ кӯмак лозим аст.

Пешгирии полиомиелит

Ҳатто агар дар кишвар бемории полиомиелит қайд нашуда бошад ҳам, ин вирус метавонад аз дигар кишварҳое ворид гардад, ки ин беморӣ то ҳол вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки кӯдакро аз он тавассути эмкунӣ муҳофизат кунед. Ду намуди ваксинаи зидди полиомиелит вуҷуд дорад:

1. Ваксинаи ғайрифаъолшудаи полиомиелит (IPV): дорои вирусҳои кушташудаи полиомиелит аст ва тавассути сӯзандору гузаронида мешавад. Ваксинаи ғайрифаъолшуда одатан дар якҷоягӣ бо дигар ваксинаҳо гузаронида мешавад.

2. Ваксинаи зидди полиомиелити даҳонӣ (OPV) вируси зиндаи полиомиелити сусткардашуда дар намуди қатравӣ мебошад, ки ба воситаи даҳон гузаронида мешавад.

Баъзе кишварҳо танҳо ваксинаҳои ғайрифаъолро истифода мебаранд. Дигар кишварҳо ваксинаи зиндаро низ истифода мебаранд. ТУТ тавсия додааст, ки истифодаи ваксинаҳои зиндаи зидди полиомиелит дар давоми чанд соли оянда қатъ карда шавад ва танҳо ваксинаҳои ғайрифаъол истифода шаванд.

Вояи аавали ОПВ дар шабонарӯзи якуми баъди таваллуди кӯдак дар таваллудхона, вояҳои боқимонда дар синни 2, 3, 4 ва 12 моҳагӣ гузаронида мешаванд.

Яке аз тадбирҳои муҳими муҳофизатӣ мунтазам шустани дастҳо барои пешгирии интиқоли сироят тавассути "дастҳои чиркин" мебошад.