Таҷовузи ҷинсӣ нисбати кӯдакон
Зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон бештар аз ҷониби аъзоёни оила ё шахсони дигаре, ки бо кӯдак зиндагӣ мекунанд ё дар муҳити наздики ӯ қарор доранд, содир карда мешавад. Инҳо одатан одамоне мебошанд, ки кӯдак ба онҳо эътимод дорад ва аксар вақт шахсоне ҳастанд, ки барои нигоҳубини кӯдак масъул мебошанд. Зӯроварии ҷинсӣ метавонад шаклҳои зерин дошта бошад:
- алоқаи ҷинсӣ бо кӯдак бо розигии кӯдак ё бе розигии ӯ;
- маҷбур кардани кӯдак ба алоқаи ҷинсӣ;
- ришваситонӣ ва миёнаравӣ дар танфурӯшии кӯдакон, маҷбур кардани кӯдак ба танфурӯшӣ, даромад аз иштирок дар фаъолиятҳои марбут ба танфурӯшии кӯдакон, истифодаи хизматрасонии танфурӯшии кӯдакон;
- маҷбур кардани кӯдак ба иштирок дар таҷовуз ба номус, алоқаи ҷинсӣ ё дигар фаъолияти ҷинсӣ;
- истисмори кӯдак барои истеҳсоли маводи визуалӣ, аудиовизуалӣ ё дигар маводи порнографӣ;
- ба даст овардан, соҳиб шудан, пешниҳод кардан, фурӯхтан, паҳн кардан, интиқол додан, намоиш додан ё пешниҳоди порнографияи кӯдакона;
- дастрасӣ додан ба маводи порнографии кӯдакон тавассути технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
- Таъқиби ҷинсӣ, яъне ҳама гуна амалҳои шифоҳӣ, ғайри шифоҳӣ ё ҷисмонӣ, ки ба паст задани шаъну эътибори кӯдак ва ба даст овардани қаноатмандии ҷинсии калонсолон нигаронида шудааст.
Кӯдаки ба зӯроварии ҷинсӣ дучоршударо чӣ гуна бояд муайян кард?
Кӯдаке, ки мавриди зӯроварии ҷинсӣ қарор гирифтааст, метавонад аломатҳо ва хусусиятҳои рафтории зерини ҷисмонӣ, ва равонӣдошта бошад:
• сироятҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда, ҷароҳатҳои бадан, осеби узвҳои таносул ва мақъад;
• зуд-зуд пайдо шудани дигаргуниҳои психосоматикӣ (дарди сар ё дарди шикам);
• якбора кам шудан ё зиёд шудани вазн;
• майли пинҳон шудан, майли «ноаён» будан;
• зуд-зуд оббозӣ кардан, якчанд қабат либос пӯшидан;
• ифодаи хашм, изтироб, тарс аз зарурати ба хона рафтан;
• тарс аз торикӣ ва хоб рафтан;
• тарс аз дарҳои баста, ҳаммом, ҳоҷатхона ва утоқҳои дорои як дар;
• хоҳиши пинҳоншавӣ, шарм, гунаҳкорӣ;
• тарс аз тамоси ҷисмонӣ;
• майл надоштан бо мондан бо шахси муайян;
• пешобкунии беихтиёри шабона дар ҷойгаҳ;
• ба худ зарар расонидан, макидани даст;
• «рафтори хуб»-и доимӣ ё итоаткории аз ҳад зиёд;
• аз ҳад зиёд ботартиб будан;
• дуршавӣ, камфаъол будан ё баръакс, серҳаракатӣ;
• хобҳои даҳшатовар.
Таҷовузи ҷинсии кӯдакон, ки дар доираи хонавода мегузарад бо хомӯшӣ ва шарм пинҳон карда мешавад. Бештари кӯдакон дар ин бора ба касе хабар намедиҳанд ё ба суханони онҳо касе бовар намекунад. Аксари кӯдакон дар бораи зӯроварии ҷинсӣ дар хона хабар намедиҳанд, зеро онҳо метарсанд, ки бо онҳо ва оилаҳои онҳо чӣ мешавад. Дар зеҳни онҳо аҳли хонаводаашон шарманда хоҳанд шуд ва ба онҳо (фарзандон) ҷазо дода шуд.