Тамокукашӣ ҳангоми синамаконӣ

Ҳомиладорӣ ва синамаконӣ давраҳое дар ҳаёти Шумо ҳастанд, ки Шумо бояд ҳатман кӯшиш кунед, ки тамокукаширо тарк кунед. Агар Шумо ноком шавед ҳам, шири Шумо барои кӯдакатон беҳтарин ғизо хоҳад буд ва Шумо бояд ӯро шир диҳед.
Body

Агар ҳангоми синамаконӣ тамоку ё сигорҳои электронӣ кашед, моддаҳои зараровар тавассути шир ба кӯдак ворид мешаванд ва ӯ ба тамокукашии ғайрифаъол дучор мешавад. Дуди тамоку зиёда аз 4000 моддаҳои кимиёвӣ (аз ҷумла сианид, сурб) дорад, ки 60-тои онҳо саратонкунанда (канцерогенӣ) мебошанд. Модароне, ки тамоку мекашанд (махсусан тамокукашони «ашаддӣ», ки дар як рӯз зиёда аз 20 сигор мекашанд) миқдори нокифояи бета-каротин, витаминҳои B6, B12 ва C доранд. Кӯдак метавонад ноором, асабӣ шавад ё бад хоб кунад. Никотин метавонад истеҳсоли ширро кам кунад ва ба ин васила ба рушди муваффақонаи кӯдак зарар расонад; модарони сигоркаш бештар ба мастит гирифтор мешаванд.

Марги ногаҳонии тифлон дар хонаҳои сигоркашон бештар ба мушоҳида мерасад, фарзандони онҳо бештар ба бемории илтиҳоби пардаи гӯш (отит), зиққи нафас (астма) гирифтор мешаванд ва хатари гирифтор шудан ба бемориҳои дилу раг дар синну соли калон зиёд мешавад.

Агар Шумо сигор кашед, беҳтарин мебуд, ки аз ин одати бад ҳангоми ба нақша гирифтани ҳомиладорӣ ё ҳадди аққал дар марҳилаҳои аввали он даст кашед. Бо даст кашидан аз тамокукашӣ, Шумо яке аз бузургтарин тағиротҳоро ба амал меоред, ки саломатии Шумо ва фарзанди Шуморо беҳтар карда метавонад. Барои ноил шудан ба ин, зарур аст, ки машварат ва кӯмаки касбӣ ҷустуҷӯ кунед. Ин тасмим дар давраи ҳомиладорӣ осонтар аст, вақте ки Шумо нисбат ба пас аз таваллуд вақти бештар доред.

Агар Шумо аз одати бад халос нашуда бошед, ҳадди аққал кӯшиш кунед, ки Шумораи сигорҳои кашидаатонро кам кунед. Инчунин тавсия дода мешавад, ки байни кашидани сигор ва ширмаконӣ на камтар аз 60 дақиқа танаффус дода шавад, зеро бо мурури замон миқдори никотин дар шир кам мешавад.

Шумо инчунин метавонед кӯдаки худро муҳофизат кунед агар танҳо дар кӯча сигор кашед. Дуди тамоку дар мӯй, либос ва пӯст боқӣ мемонад. Ҳангоми сигоркашӣ мӯй ва сару либосро бо чизе пӯшонед, ки кӯдак бо он тамос намекунад. Пеш аз гирифтани кӯдак, ҳамеша дастҳоятонро шӯед ва дандонҳои худро пас аз тамокукашӣ шӯед. Боварӣ ҳосил кунед, ки тамокукашон аз Шумо ва фарзанди Шумо ба қадри кофӣ дуранд.