Ба афзоиши кӯдак чӣ таъсир мерасонад
Кӯдак дар зери таъсири омилҳои зиёд ба воя мерасад. Баъзеи онҳо ирсӣ мебошанд, аммо шароити зиндагӣ ва омилҳои муҳити зист таъсири қавӣ доранд ва метавонанд ба натиҷаи ниҳоӣ таъсир расонанд.
Body
Омилҳои ирсӣ
Таъсири омилҳои ирсӣ ба афзоиши кӯдак ба ҳамагон маълум аст.
- Фарқияти вазни бадани писарон ва духтаронро аллакай ҳангоми таваллуд мушоҳида кардан мумкин аст.
- Фарқияти қади кӯдакони солими як ҷинс ва синну сол метавонад калон бошад.
- Инчунин маълум аст, ки нашъунамои кудаки солим аз соли сеюми ҳаёт ба қади миёнаи падару модарон сахт алоқаманд аст. Ин падида потенсиали афзоиши генетикӣ номида мешавад.
- Бемориҳои ирсӣ низ барои афзоиш, аз қабили синдроми Даун ва Шерешевский-Тернер (бемории хромосомӣ) ё синдроми Прадер-Вилли (бемории ген) оқибатҳои афзоиш доранд ва потенсиали афзоиши кӯдаконро коҳиш медиҳанд.
Омилҳои муҳити зист
Ғизо ба афзоиши ҳар як кӯдак таъсири муҳим дорад.
- Кӯдак бояд ба ғизои муносиб дастрасӣ дошта бошад, то эҳтиёҷоти асосии худро ба масуният ва қувваи неру қонеъ созад.
- Он барои гирифтани сафедаҳо (махсусан аминокислотаҳои ҳаётан муҳим), равғанҳо, карбогидратҳо, витаминҳо (хусусан А ва D), микроэлементҳо аз қабили йод, оҳан, руҳ ва ғайра мусоидат менамояд.
- Дар сурати набудани ғизои дуруст, норасоиҳои озуқаворӣ дар хўрокҳоро бо дигар роҳҳо бартараф намоед, ҷиҳати пешгирии ихтилоли афзоиш, ки метавонад оқибатҳои дердарпайдошаванда дошта бошад, бинобар ҳассосияти махсус доштан дар ин давра.
- Ҷой доштани вазъияти ногувор ва изтиробӣ дар ҳаёти кӯдак, аз қабили: камбизоатӣ, муноқишаҳои оилавӣ, муносибати бераҳмона ва бесарпаноҳӣ ва дар сурати муддати тӯлонӣ идома доштани ин ҳолатҳо, он ба рушду камолоти кӯдак таъсири манфии дарозмуддат мерасонанд.
- Баъзе доруҳо, аз қабили кортикостероидҳо, вақте ки дар вояи зиёд ва дар муддати тӯлонӣ дода мешаванд, инчунин метавонанд боиси ақибмонии афзоиш гардад.
- Иқлим ва экология низ ба афзоиш таъсир мерасонанд.
Омилҳои вобаста ба кӯдак
- Суръати афзоиш бевосита ба гормонҳо, махсусан гормонҳои афзоиш ва гормонҳои сипаршакл, инчунин гормонҳои ҷинсӣ дар давраи балоғат таъсир мерасонанд.
- Дар тӯли давраи кӯдакӣ ва балоғат гормони афзоиш дар нигоҳ доштани суръати муътадили афзоиш нақши калидӣ мебозад.
- Дигар гормонҳо: кортизол, инсулин, гормонҳои паратироид, гормонҳои ҳозима ва омилҳои афзоиши бофтаҳо дар равандҳои мубодилаи моддаҳо, ки тавассути онҳо ба афзоиш таъсир мерасонанд, нақши махсус доранд.
- Бемориҳои музмини гурда, рӯда, шуш, дил, ҷигар ва системаи масуният вобаста ба вақти пайдоиш, вазнинӣ ва давомнокии беморӣ метавонанд боиси сустшавии муваққатии (кам) ё доимии рушди кӯдак гардад.
- Кӯдак шабона, ҳангоми хоб калон мешавад; аз ин рӯ, афзоиш ба фаъолияти кӯдак ва ба миқдори хоб вобаста аст.
Олимон кайд мекунанд, ки баландии миёнаи бадани одам холо хам меафзояд; ин афзоиш дар мардон нисбат ба занон бештар ба назар мерасад, ки ин натиҷаи беҳтар шудани шароити зиндагӣ ба ҳисоб меравад.
Ба афзоиши кӯдаки худ назорат кунед, дар ҳолати зарурӣ ба табиби оилавӣ/кӯдакона ва дигар мутахассисон муроҷиат кунед.