Таъсироти оризаҳои эҳтимолӣ дар мавриди воридкунии ваксина ба зидди Streptococcus pneumoniae
Дар вақти воридкунии ваксинаи мазкур метавонад таъсиротҳои нохоҳами зерин пайдо шавад:
- дард, сурхшавӣ ва варамнокӣ дар ҷои сӯзандору
- баландшавии ҳарорати бадан то 38 С ва зиёд
- хоболудӣ
- асабоният
- пастшавии иштиҳо
- дарди сар
- ҳиссиёти нохуб ва қайкунӣ
- донасорӣ дар пӯст
Аксуламалҳои номбаршуда худ ба худ нест мешаванд.
Маслиҳат
Дар мавриди мавҷудияти дард ва ҳарорати баланди бадан истифода бурдани нӯшобаи парасетамол бо вояи 10-15 мг ба вазни бадан мумкин аст. Пеш аз гузаронидани ваксина истифода бурдани парасетамол тавсия дода намешавад.
Агар ягон аксуламали дар боло номбарнашуда ҷой дошта бошад ба табиби кӯдакона муроҷиат намоед.
Аксуламалҳои нисбатан вазнин бо намуди донасории варамнок, ки хориш мекунад, варами рӯю гардан, душворшавии нафаскашӣ, паст шудани фишори ҷараёнии хун ва беҳушшавии кӯтоҳуддат ниҳоят кам вомехӯрад, ки одатан дар мавриди ҳоло дар дармонгоҳи кӯдакона қарор доштани кӯдак пайдо шуда амалиёти тиббии фавриро талаб мекунад.