Ваксинаи зидди сироятҳои пневмококкӣ
Дар бораи ваксина
Ваксинаи ВПК – ваксинаи пневмококкии полисахаридии ҷазбкардашудаи (адсорбсияшуда) конъюгатсионӣ мебошад. Дар таркиби ВКП 90% серогурӯҳҳое мансуб мебошанд, ки боиси инкишоф ёфтани сироятҳои пневмококкии инвазивии (СПИ) нисбат ба таъсири дорувориҳои антибиотикӣ устувор мегарданд.
Ваксинаи мазкур бо кадом мақсад гузаронида мешавад: масуниятноккунӣ ба зидди сироятҳои пневмококкӣ.
Бемориҳое, ки ба зидди онҳо масуниятноккунӣ бо ВПК гузаронида мешавад
Сироятҳои пневмококкӣ – ин гурӯҳи бемориҳое мебошанд, ки барангезандаи онҳо Streptococcus pneumonia ба ҳисоб меравад. Бештар онҳо пас аз гузаронидани беморҳио шадиди роҳҳои нафас, зуком, сармохӯрии зиёд ва инчунин дар кӯдакони дорои бемориҳои сироятии музмин авҷ мегиранд.
Бемориҳое, ки сироятҳои пневмококкӣ ба амал меоранд:
- Бемориҳои шадиди роҳҳои нафас
- Пневмония (илтиҳоби шушҳо)
- Отити шадид (илтиҳоби гӯши миёна)
- Менингит (илтиҳоби пардаҳои мағзи сар)
- Синусит (илтиҳоби ҷавфҳои димоғии ҳайморӣ ва пешонӣ)
- Эндокардит (илтиҳоби пардаи дохилии дил)
- Плеврит (илтиҳоби шушпарда)
- Артрит (илтиҳоби буғумҳо)
- Сепсис ( уфунат)
Ваксинаи мазкур кай гузаронида мешавад: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифтааст, ки ваксинаи пневмококкиро аз моҳи январи соли 2022 ҷорӣ намуда масуниятноккуниро (иммунизатсия) дар 2, 4 ва 12 моҳагӣ ба роҳ монад.
Усулҳо ва вояи истифодабарӣ: ваксина танҳо барои воридкунӣ ба таври дохилимушакӣ пешбинӣ шуда он ба сатҳи пешу паҳлӯии рон бо вояи 0,5 мл ворид карда мешавад.
Ғайринишондод:
- давраи шадиди бемориҳои сироятӣ, ғайрисироятӣ ва музмин (то сиҳатёбии пурра ё фаро расидани марҳилаи ремиссияи бемориҳо).
- аксуламалҳои вазнини аллергикии паҳншуда, садмаи анафилаксӣ ва дигар аксуламалҳои баландҳассосӣ дар мавриди ваксинаҳои пештар воридкардашуда.
- таъсирнопазирии инфиродӣ нисбат ба ҷузъҳои ваксина
Аксуламалҳо нисбат ба воридкунии ваксина:
Хеле зиёд: каме дардмандӣ дар ҷойи воридкунии ваксина на камтар аз 3 шабонарӯз. Аксуламалҳо бе ориза бартараф мегарданд ва дастамалҳои тиббиро талаб намекунанд.
Баъзан: каме баланд шудани ҳарорати бадан
Хеле кам: аксулмалҳои аллергикӣ бо зудии 1 ҳолат дар 1 миллион вояи воридкардашуда дида мешавад.