Чӣ гуна мушкилоти волидайнро дар давраи перинаталӣ муайян кардан мумкин аст
Солимии равонии волидон
Солимии ҷисмонӣ ва равонии модару падар дар давраи ҳомиладорӣ ва ҳатто пеш аз ҳомиладорӣ барои инкишофи бомуваффақияти кӯдаки хурдсол замина мегузорад. Аксар вақт, системаи тандурустӣ бештар ба арзёбии нишондиҳандаҳои гуногуни тиббӣ, аз қабили фишори хун ва вазни бадани занони ҳомила ва заноне, ки ба наздикӣ таваллуд кардаанд, нигаронида шудааст, на ба саломатии рӯҳӣ ва некӯаҳволии модар ва ҳамсари ӯ, бахусус, эътирофи ваҳм, изтироб, ҳаяҷон, ташвиш, стресс ва депрессия.
Мушкилоти солимии равонии волидайнро бо рафтори зерин муайян кардан имконпазир аст:
- Бо кӯдак муносибатро барқарор кардан душвор аст (барои модару падар барқарор намудани робитаи эҳсосӣ, муносибатҳои наздик, ҳаловат бурдан аз аксуламалҳо ва амалҳои аввалини кӯдак душвор аст).
- Муносибат бо дигар аъзоёни оила тағйир меёбад.
- Барои волидайн «шунидан» ва ба эҳтиёҷоти кӯдак посух додан душвор ё қариб ғайриимкон мебошад (ҳаракатҳо ва сигналҳое, ки ӯ дар аввал танҳо тавассути гиря нишон медиҳад; барои волидони депрессияро аз сар гузаронида ҳама намуди гиряҳо якхела менамоянд).
- Волидайн дар пай бурдан ва фаҳмидани он, ки кӯдаки онҳо дар ин синну сол аллакай ба чӣ корҳо қодир аст ва инчунин марҳилаҳои инкишофи кӯдак, сабабҳои рафтори ӯ душворӣ мекашанд (модар ё падари депрессияро аз сар гузаронида шояд нафаҳманд, ки барои чӣ кӯдаки якмоҳа онҳоро тамоми шаб хоб рафтан намемонад ва ҳатто шояд фикр кунанд, ки кӯдак қасдан гиря мекунад).
- Волидайн аз муошират бо одамони наздик асабонӣ мешаванд, ҳангоми муошират бо кӯдак бепарвоиро ҳис мекунанд ва эҳсосот зоҳир намекунанд.
Агар модар ё падари тифли навзод дар тӯли зиёда аз ду ҳафтаи пас аз таваллуд ғаму андӯҳ, норозигӣ, гунаҳкорӣ ё ноумедиро эҳсос кунад, ин метавонад депрессияи пас аз таваллуд ё ҷой доштани дигар бемории рӯҳиро нишон диҳад. Баъзе занону мардон мегӯянд, ки аз таваллуди кӯдак шодиву хурсандӣ эҳсос намекунанд ва аз он чизе, ки қаблан писандида буданд, дигар лаззат намебаранд. Ҳарду волидайн метавонанд дар аввал бомуваффақият мутобиқ шаванд, аммо баъдтар мушкилот пайдо шуда метавонад. Депрессияи пас аз таваллуд аксар вақт дар байни моҳи сеюм ва шашум пас аз таваллуди кӯдак пайдо мешавад.
Барои муайян кардани хатари мушкилот дар давраи перинаталӣ, кӯшиш кунед, ки ба саволҳои зерин ҷавоб диҳед:
- Оё Шуморо дар давоми як моҳи охир аксар вақт кайфияти бад, депрессия ё эҳсоси ноумедӣ ташвиш медиҳад?
- Оё Шумо дар як моҳи охир эҳсос мекардед, ки ба чизе таваҷҷӯҳ надоред ва иҷро намудани корҳои ҳаррӯзаро намехоҳед?
- Ба назари Шумо, оё дар ин масъала ба кумак ниёз доред?
Агар волидайн ба ҳар се савол ҷавоби мусбӣ дошта бошад, бояд ба духтур муроҷиат кунад.
Дастгирии равонӣ ва курсҳои омӯзишӣ дар давраи перинаталӣ (пеш аз таваллуди кӯдак) модарон ва падаронро ба иҷрои ӯҳдадориҳои падару модарӣ омода месозанд ва дар ташаккули интизориҳо кӯмак мекунанд. Дар курсҳо онҳо метавонанд муҳокима намоянд, ки чӣ гуна кӯдак ҳаёти онҳоро тағйир медиҳад.
Барои бартараф кардани мушкилот чӣ кӯмак карда метавонад:
- Дастгирии бештар аз ҷониби аъзоёни оила хеле муҳим аст, агар ҳамсар ё хешовандони дигар баъзе масъулиятҳоро (хариди хӯрокворӣ, пухтупаз, нигоҳубини кӯдакон) ба дӯши худ гиранд.
- Модар ё падар (ё ҳарду) метавонанд ба гурӯҳи дастгирии волидони навзод ҳамроҳ шаванд (агар дар маркази саломатӣ ё муассисаи дигар мавҷуд бошад).
- Иштирок дар курсҳо барои волидон аз семоҳаи дуюми ҳомиладорӣ.
- Машқ кардан, давидан, тез қадам задан, сайругашт кардан ё сафар кардан бо кӯдак бо ҳамроҳии дигар волидон, истироҳати хуб ва ғизои солим.
- Равона кардани волидон ба назди табиб барои муоинаи ҳаматарафаи вазъи саломатӣ ва дар ҳолати зарурӣ табобати беморӣ.