Дислексия

Кӯдакони гирифтори дислексия дар хондан ва имло душворӣ мекашанд. Дислексия бештар дар кӯдакони синни мактабӣ мушоҳида мешавад. Агар Шумо дар бораи чӣ гуна хондан ва навиштани фарзандатон хавотир бошед, бо муаллими фарзандатон сӯҳбат кунед, хусусан агар Шумо дар оилаатон чунин ҳолатҳо дошта бошед. Бо равиши бодиққат, кӯдакони гирифтори дислексия малакаҳои хондан ва имлои худро дар мактаб ва хона такмил медиҳанд.
Body

Каме дар бораи дислексия

Дислексия душвории шадиди хондан ва навиштани калимаҳо мебошад. Кӯдакони гирифтори дислексия дар хондану навиштан душворӣ мекашанд, ҳатто агар барои таҳсил ба онҳо тамоми шароитҳо фароҳам оварда шуда бошанд ҳам, ва онҳо кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд.

Дислексия як намуди вайроншавии омӯзиш аст. Онро баъзан ихтилоли махсуси омӯзиш низ меноманд.

Дислексия мушкилоти зеҳнӣ нест. Одамони гирифтори дислексия мисли одамони дигар боақл ҳастанд, аммо мағзи сари онҳо нутқро ба таври дигар коркард мекунад.

Сабабҳои дислексия

Сабабҳои дислексия пурра фаҳмида нашудаанд. Аммо маълум аст, ки дислексия ирсӣ аст - он метавонад ба кӯдакон тавассути генҳои як ё ҳарду волидайн гузарад. Чунин ба назар мерасад, ки генҳое, ки аз волидайн мегузаранд, ба рушди минтақаҳои майна, ки барои сухан ва забон масъуланд, таъсир мерасонанд.

Аломатҳои дислексия

Дислексия дар кӯдакон аксар вақт дар ду соли аввали таҳсил дар мактаб, вақте ки кӯдакон хонданро ёд мегиранд, пайдо мешавад.

То он даме, ки кӯдакон раванди омӯзиши фаъолро оғоз накунанд, маълум нест, ки онҳо дислексия доранд. Бо вуҷуди ин, ҳатто дар синни томактабӣ, Шумо метавонед ба як қатор нуктаҳои муҳим диққат диҳед. Инҳо метавонанд аломатҳои дислексия бошанд, агар кӯдак:

  • калимаҳоро мунтазам нодуруст талаффуз кунад ва тарзи дурустро дар хотир нигоҳ надорад;
  • бо овозҳо дар калимаҳо бозӣ карда натавонад - масалан, ӯ намефаҳмад, ки чӣ тавр қофия кардани калимаҳои "хона", "лона" ва "дона" ё талаффузи калимаҳоеро, ки бо як садо оғоз мешаванд, ба мисли "себи сурхи сероб";
  • дар такрори калимаву ҷумлаҳои дароз душворӣ мекашад;
  • оҳиста-оҳиста ҳарфҳо ва садоҳои онҳоро мувофиқат мекунад.

Чӣ гуна дислексия дар раванди таълим дар мактаб зоҳир мешавад:

  • барои кӯдак метавонад душвор бошад, ки калимаҳоро ба садоҳои ҷудогона тақсим кунад - масалан, ӯ наметавонад калимаи "гов"-ро ба садоҳои г-о-в тақсим кунад;
  • барои сохтани калимаҳо ӯ дар якҷоя кардани овозҳо мушкилӣ дорад - масалан, ӯ наметавонад садоҳои «м-o-р»-ро якҷоя карда, калимаи "мор"-ро созад;
  • кӯдак ба ҷои хондан калимаҳоро тахмин мекунад ва аз ёд мекунад;
  • дар хотир нигоҳ доштани калимаҳо душворӣ мекашад, ҳатто агар вай калимаҳоро борҳо хонда ва / ё навишта бошад;
  • дуруст хондану навиштани калимаҳо нисбат ба дигар кӯдакони ҳамсолаш душвортар аст.

Агар фарзанди Шумо дар омӯзиш душворӣ дошта бошад, ин маънои онро надорад, ки ӯ дислексия дорад.

Агар Шумо фикр кунед, ки фарзанди Шумо дар омӯзиш душворӣ хоҳад дошт, муҳим аст, ки инро ҳарчи пештар муайян кунед. Кӯдакони калонтар маълулиятҳои омӯзиширо аксар вақт пинҳон мекунанд.

Ташхиси дислексия

Агар Шумо дар авлодатон ҳолатҳои мушкилоти хондан дошта бошед ё аз он хавотир бошед, ки фарзанди Шумо дар мактаб дар хондан ва имло мушкилӣ дорад, инҳоянд баъзе корҳое, ки Шумо метавонед иҷро кунед:

1. Бо муаллими фарзандатон сӯҳбат кунед

Аввалин қадами Шумо бо муаллим сӯҳбат кардан аст. Шумо метавонед пурсед, ки фарзанди Шумо дар хондан ва имло чӣ душворӣ дорад. Бо муаллим муҳокима кунед, ки фарзанди Шумо умуман берун аз синф чӣ гуна рафтор мекунад ва ӯ ба мактаб чӣ гуна муносибат дорад.

Муаллим таҳсили кӯдаки Шуморо бо Шумо дида мебарояд. Ин метавонад ба Шумо кӯмак расонад, ки оё ягон низоме дар зуҳури мушкилот вуҷуд дорад.

2. Барои гузаронидани баҳодиҳӣ пешниҳод кунед

Агар Шумо пас аз сӯҳбат бо муаллими фарзандатон то ҳол дар хавотир бошед хоҳиш кунед, ки дар мактаб аз раванди арзёбии расмӣ гузарад.

Дар ин марҳила Шумо метавонед логопед ва/ё равоншиносро ҷалб кунед. Мутахассисон барои муайян кардани ҳама сабабҳои имконпазири мушкилоти омӯзиши кӯдаки Шумо кӯмак мекунанд. Агар интизории тӯлонӣ барои ин вуҷуд дошта бошад, ё агар мактаби Шумо чунин баҳодиҳӣ нагузаронад, ба таври инфиродӣ бо логопед ва/ё равоншинос тамос гиред (педиатр/духтури оилавӣ ба Шумо барои роҳхат кӯмак мекунад).

Кӯмаки махсус барои кӯдакони гирифтори дислексия

Бисёре аз кӯдакони гирифтори дислексия қобилияти хондан ва имлои худро беҳтар мекунанд, агар калонсолон диққат диҳанд ва сари вақт бо ин мушкилот мубориза баранд.

Барои ноил шудан ба шароите, ки ба таълиму тарбияи фарзандатон мусоидат мекунад, Шумо метавонед дархост кунед:

  • дарсҳои иловагӣ дар гурӯҳҳои хурд дар мактаб;
  • таълими инфиродӣ;
  • вақти иловагӣ барои иҷрои кори санҷишӣ;
  • таъмини барномаи махсус барои компютер, ба монанди санҷиши имло, воситаи хондан аз экран, пуркунии худкор ё шинохтани овоз.

Вариантҳои мувофиқтаринро барои фарзандатон бо мутахассиси соҳаи тандурустӣ муҳокима кунед.

Ҳар қадар зудтар кӯдакони гирифтори дислексия ба гирифтани кӯмаки тахассусӣ шурӯъ кунанд, ҳамон қадар имконияти онҳо барои ноил шудан ба муваффақияти хуби таълимӣ баландтар аст.

Барои дислексия "доруҳои афсонавӣ" вуҷуд надорад. Роҳҳои зиёди оддӣ ва боэътимоди кӯмак ба кӯдакон дар мубориза бо мушкилоти омӯзиш вуҷуд доранд. Аз машварат бо мутахассисе оғоз кунед, ки метавонад дар бораи имконоти қобили қабул маслиҳат диҳад. Масалан, Шумо метавонед бо педиатр/духтури оилавӣ, муаллими фарзандатон ё равоншинос сӯҳбат кунед.

Кӯмак ба кӯдаки гирифтори дислексия: Шумо чӣ кор карда метавонед

Бисёр чизҳое ҳастанд, ки Шумо метавонед иҷро кунед:

  • Эътимоди худбоварии фарзандатонро ташаккул диҳед. Ӯро барои кӯшишҳо ва муваффақиятҳои ӯ, хоҳ дар мактаб ва хоҳ дар дигар соҳаҳо, аз қабили варзиш, маҳфили театрӣ ё мусиқӣ, мукофот ва ситоиш кунед. Бо ин роҳ, ӯ аз душвориҳо наметарсад.
  • Ба фарзандатон гӯед, ки чӣ тавр бо фикрҳои манфӣ мубориза барад ва аз нокомӣ натарсад. Масалан, «Аз воқеаи имруз рӯйдода хафа нашав. Бубин, ки ту имсол чӣ қадар пеш рафтаӣ. Барои кӯшиш кардан ба ту танҳо вақти зиёдтар ва чанд маротибаи дигар лозим аст ва ҳама чиз хуб мешавад!
  • Бо муаллими фарзандатон робитаи зич дошта бошед, то Шумо якҷоя кор карда тавонед барои муайян кардани он, ки Шумо дар хона боз чӣ кор карда метавонед, то ба фарзандатон дар омӯхтан ва иҷрои корҳои дигар кӯмак расонед.
  • Ба фарзандатон хонед, то он даме, ки ӯ мустақилона хуб хонда тавонад.
  • Китобҳоеро пешниҳод кунед, ки ба малакаҳои хониши фарзандатон мувофиқат кунанд. Китобҳоро бо матнҳои содда интихоб кунед, ки фарзанди Шумо хонда тавонад ва ба ӯ китобҳоро бо миқдори зиёди калимаҳои душвор надиҳед.
  • Ба фарзандатон таълим диҳед, ки овозҳои алоҳидаеро, ки калимаҳоро ташкил медиҳанд, талаффуз кунад, то ӯ аз онҳо тарзи сохтани калимаҳоро ёд гирад, на ба таври рӯякӣ дар хотир нигоҳ доштани намуди зоҳирии онҳо.