Гепатити А
Гепатити А
Гепатити А – бемории илтиҳобии ҷигар аст, ки аз сирояти вируси гепатити А (HAV) ба вуҷуд меояд.
Вируси гепатити А дар фазла мавҷуд аст. Он вақте паҳн мешавад, ки кӯдакон ё калонсолон бо ашёҳо, ғизо ё обе, ки бо фазлаи шахси сироятшуда бо роҳҳои гуногуни гузариш сироят ёфтаанд, дар тамос бошад. Гепатити А дар кишварҳои сусттараққикарда маъмул аст, махсусан дар он ҷое, ки системаи хуби канализатсия вуҷуд надорад. Дар хотир доред, ки агар Шумо дар чунин ҷойҳо зиндагӣ кунед ё сафар кунед, Шумо дар хатари зиёд қарор доред.
Аломатҳои гепатити А
Вируси гепатити А метавонад дар бадани инсон то 28 рӯз бе ягон нишонае боқӣ монад – ин вақтро "давраи инкубатсионӣ" меноманд. Давраи тӯлонии инкубатсионӣ дақиқ муайян кардани кай ва дар куҷо пайдо шудани сироятро душвор мегардонад.
Кӯдакони гирифтори гепатити А одатан нисбат ба калонсолон аломатҳои сабуктар доранд. Махсусан дар кӯдакони хеле хурдсол, аломатҳои кам вуҷуд доранд. Онҳо метавонанд гепатити А дошта бошанд, ки Шумо онро ҳатто пай намебаред. Дигар кӯдакони гирифтори гепатити А метавонанд сахт бемор шаванд ва ба беморхона ниёз доранд, аммо ин ҳолатҳо кам рух медиҳанд.
Аломатҳои гепатити А метавонанд ногаҳон пайдо шаванд. Ба аломатҳои умумӣ ба монанди хастагӣ, табларза, дилбеҳузурӣ, набудани иштиҳо, қайкунӣ ва дарунравӣ диққати махсус диҳед.
Баъдтар пӯсти кӯдак метавонад хеле хориш кунад, шикам каме варам карда, дард мекунад, махсусан дар қисми болоии тарафи рост, ки дар он ҷо ҷигар ҷойгир аст. Пас аз чанд рӯз ранги пешоби кӯдаки Шумо метавонад зарди торик ё қаҳваранг шавад, пӯст ва чашмонаш ранги зардчатоб гиранд. Ин зуҳуротро "зардпарвин" меноманд.
Кӯдакони гирифтори гепатити А одатан дар давоми як ё ду ҳафта комилан шифо меёбанд, вале баъзан мӯҳлати барқароршавӣ метавонад тӯлонитар бошад. Сирояти гепатити А одатан мисли сирояти гепатити В ва гепатити С тӯлонӣ давом намекунад. Дар ҳолатҳои кам вируси гепатити А метавонад боиси осеби ҷигар гардад, дар ин ҳолат ёрии таъҷилии тиббӣ лозим аст.
Оё ҳангоми гумонбар шудан, ки кӯдак гирифтори гепатити А мебошад, ба табиби оилавӣ муроҷиат кардан лозим аст?
Ба табиби оилавӣ/педиатр муроҷиат кунед, агар:
- пӯст ва чашмони кӯдак зард шаванд;
- ранги пешоб қаҳваранги торик шавад;
- кӯдак аз дарди шикам, ки зиёда аз чанд рӯз давом мекунад, шикоят кунад;
- дар кӯдак доғҳои сабабаш номаълум пайдо мешаванд.
Агар фарзанди Шумо яке аз нишонаҳои дар боло зикршударо дошта бошад ё Шумо гумон кунед, ки Шумо ё фарзандатон ба вируси гепатити А гирифтор шудаед, ба табиби оилавӣ муроҷиат кунед.
Таҳлилҳо барои гепатити А
Агар табиби оилавӣ Шумо фикр кунад, ки фарзанди Шумо метавонад гепатити А дошта бошад, ӯ Шуморо барои тасдиқи ташхис ба таҳлили хун равон мекунад.
Табобати гепатити А
Барои гепатити А ягон табобати махсус вуҷуд надорад, он барои рафъи аломатҳо нигаронида шудааст.
Агар фарзанди Шумо дарунравӣ ё қайкунӣ дошта бошад, муҳим аст, ки ӯ моеъи бисёр (оби оддӣ) нӯшад, то камобшавии бадан пешгирӣ шавад.
Агар кӯдаки Шумо нишонаҳои шадид дошта бошад, эҳтимол ӯро ба беморхона бистарӣ кардан лозим шавад. Чунин ҳолатҳо хеле кам ба назар мерасанд.
Ба фарзандатон бе тавсияи табиб парацетамол надиҳед. Агар ҷигари фарзанди Шумо аз сабаби сирояти гепатити А дуруст кор накунад, ҳатто миқдори муқаррарии парацетамол метавонад зараровар бошад.
Пешгирии гепатити А
Пешгирии гепатити А риоя намудани қоидаҳои гигиена аст. Ин шустани дастонро бо собун пас аз ҳар як истифодаи ҳоҷатхона ва пеш аз хӯрокхӯрӣ дар бар мегирад.