Инкишофи малакаҳои мотории дастон дар синни аз 4 то 6 моҳагӣ
Инкишофи моторӣ (ҳаракат)
Дар ин синну сол фурсати мувофиқ мерасад, ки ҳангоми бедор будани кӯдак ва хоҳиши бозӣ доштанаш, ӯро дар рӯи сатҳи ҳамвор (қолинчаи муаммо/пазл, қолинҳои муқаррарӣ) гузоред.
Дар ҳолати хоб рафтан дар тахтапушт кӯдак:
- дастонашро ба даҳон мегузорад;
- даст боло мекунад, то бозичаро гирифта ба даҳон расонад;
- пойҳоро ба шикам боло мебардорад, пойҳоро ба ҳам мемолад (панҷаҳои пойҳоро барои ашёҳоро "қапидан", ба монанди дастон, истифода мебарад);
- ба паҳлӯ чарх мезанад.
Кӯдак аз тахтапушт ба шикам чаппа мешавад:
- дар шикам, аввал ба бозу ва баъд инчунин ба дастони дароз кардашуда такя мекунад.
Инкишофи қобилияти гирифтани ашё ва идора кардани он
-
кафҳои кушодаи худро рӯи бозичаи ба ӯ пешниҳодшуда мегузорад ва ду дастро ба таври симметрӣ ба сӯи бозича боло мебарад;
-
вақте ки ӯ бозичаро ба даст мегирад, ҳаракатҳои дастҳо дар ҳама самтҳо намоён мешаванд: ба пеш ва ақиб, инчунин ба паҳлӯҳо;
-
аз моҳи шашуми ҳаёт кӯдак бозичаро аз як даст ба дасти дигар мегузорад;
-
вай дар ҳарду даст бозича дошта метавонад.
Бозичаҳо
- тӯбчаҳои мулоим;
- шақшақаи нисбатан мулоим;
- бозичаҳои таркиб ва рангашон гуногун, бе овози баланд, инчунин бозичаҳое, ки ба даҳон гирифтан мумкин аст;
- бозичаҳое, ки ба андозаи даст ва қапидан мувофиқ мебошанд.
Инкишофи кӯдак раванди мураккаб буда, тамоми соҳаҳои инкишоф бо ҳам алоқаманданд. Даст ин "асбоб"-и қапидан аст, ки баъдтар барои такя ва муҳофизат, масалан, барои муҳофизат аз афтидан ба сар муҳим мешавад.