Муоинаи нақшавӣ дар 6 моҳагӣ

Мақсади муоинаи нақшавӣ дар ин синну сол - санҷидани афзоиш, инкишоф ва саломатии фарзанди Шумо, инчунин таъмини иммунизатсияи нақшавӣ ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба инкишофи ӯ мебошад.
Body

Фарзанди Шумо вазн мегирад ва эҳтимолан ду маротиба аз вақти таваллудаш вазнинтар мешавад. Дар ин муддат қобилиятҳои ҳассосии ӯ - бӯй, биноиш, шунавоӣ, ламсро инкишоф ёфтанд ва кӯдак муайян намудани робитаи онҳоро бо фаъолияти ҳаракатӣ – қапидан, тоб хӯрдан ва эҳтимол нишастанро ёд гирифтааст. Вай садоҳои гуногун бароварданро идома медиҳад ва эҳтимолан аллакай кӯшиш мекунад, ки ҳиҷоҳо созад ва ҳатто онҳоро такрор кунад.

Омодагӣ ба ташриф

Ҳамроҳи худ бозичаи дӯстдошта ё китобчаи рангаи фарзандатонро гиред ва руйхати мавзуҳо ва саволҳое, ки мехостед бо табиби оилавӣ баррасӣ кунед, тартиб диҳед.

Муоинаи нақшавии профилактикӣ чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:

  • Мониторинги инкишоф: ченкунии дарозии бадан, вазн ва атрофи сар, ченаки он ба диаграммаи инкишоф ворид карда мешавад.
  • Мусоҳибаи пешакӣ ва машварат: табиб ё ҳамшираи оилавӣ муайян мекунад, ки кӯдак то чӣ андоза калон шудааст ва чӣ  хел хӯрок мехӯрад. Агар кӯдак ҳоло ҳам шири модарро истеъмол кунад, тавсия дода мешавад, ки онро идома дода хӯроки иловагӣ ворид карда шавад, агар ҳоло илова нашуда бошад. Шумо вобаста ба вориднамоии маҳсулотҳои нави гуногуни ғизои иловагӣ ва зиёд намудани гуногунрангии он тавсияҳо мегиред. Табиби оилавӣ дар бораи мушкилиҳои маъмултарин ва мушкилоти эҳтимолӣ ҳангоми ворид намудани хӯрокҳои иловагӣ мефаҳмонад ва маслиҳатҳои мушаххас медиҳад.
  • Муоинаи тиббӣ ва арзёбии инкишоф: муоинаи муқаррари кӯдак “аз сар то пой”. Дар ин ташриф табиби оилавӣ ба он таваҷҷуҳ мекунад, ки фарзандатон сарашро дар мавқеҳои гуногун чӣ тавр медорад, оё бо пойҳояш дар ҳамворӣ дар мавқеи истодан хуб мегузорад, оё ашёро бо ду дасташ меқапад ва бо онҳо чӣ тавр бозӣ мекунад. Ҳамчунин аз Шумо пурсида мешавад, ки кӯдак то чӣ андоза фаъол аст ва чӣ тавр хоб мекунад. Шумо инчунин метавонед ба духтур саволҳои худро диҳед.
  • Сӯҳбат дар бораи тарзи ҳаёти солим: табиби оилавӣ ба Шумо дар бораи хатари дуди тамоку барои кӯдак ва инчунин дар бораи таъсири бармаҳали телефонҳои мобилӣ, планшетҳо ва телевизор суҳбат мекунад, ба Шумо маслиҳат медиҳад, ки кӯдакатонро бо шиша нахобонед, махсусан ҳангоми  пур будани он аз моеи ширӣ ё нӯшокии ширин, ба Шумо дар бораи нури офтобии бехатар ва чӣ гуна фароҳам овардани муҳити бехатар барои кӯдакатон нақл мекунад. Илова бар ин, табиби оилавӣ ба муҳимияти китобхонӣ ва сурудхонӣ барои кӯдак ва иштироки ӯ дар машғулиятҳои муштараки оилавӣ таваҷҷӯҳ хоҳад кард.

Ваксинатсия

  • Фарзанди Шумо то ин синну сол аллакай ваксинаҳои нақшавии омехтаро ки дорои ҷузъҳои  зидди гепатити В, сулфакабутак, кузоз, сирояти гемофилӣ, полиолиемелит ва сирояти ротавирусро  тавассути тазриқи дохилимушакӣ дар сатҳи пешпаҳлуии қисми мобайнии рон дар синни 2, 3, 4 моҳагӣ гирифтааст ва инчунин ваксинатсия муқобили сирояти пневмокок гузаронида шудааст.
  • Агар фарзанди Шумо бо баъзе сабабҳо яке аз ваксинаеро, ки мебоист, дар ташрифи қаблӣ мегирифт, қабул накардааст, имкони гирифтани онро дорад.

Хулоса

  • Дар охири ташриф табиби оилавӣ дар бораи саломатӣ ва вазъи инкишофи фарзанди Шумо хулоса медиҳад. 
  • Ба Шумо маслиҳат оид ба ғизо ва нигоҳубин, усулҳои ҳавасманд кардани кӯдак барои инкишофи минбаъда ва эҳтимолан маълумот дар шакли чопӣ дода мешавад.
  • Аз руйи зарурат кӯдакро ба муоинаи машварати иловагӣ ба назди мутахассисони дигар равон менамоянд.
  • Ба Шумо инчунин сана ва вақти ташрифи навбати таъин карда мешавад.

Пас аз ташриф

  • Маълумот ва тавсияҳои муфидро навишта гиред.

Фаромӯш накунед, ки фарзанди Шумо босуръат калон шуда истодааст ва инкишоф меёбад ва ба Шумо кӯмак ва дастгирии мутахассисон лозим аст, то ин ки ба кӯдак имкон дода шавад, ки иқтидори модарзодиашро пурра амалӣ карда тавонад. Ин фурсатро аз даст надиҳед!