Ҳангоми расонидани ёрии аввал чиро дар хотир бояд дошт
Баъзе аз расмиёти тавсияшудаи ёрии аввал дониш ва малакаҳои махсуси тиббиро талаб мекунанд (масалан, эҳёгарии дилу шуш, усули Геймлих ва ғ.).
Маълумоти назариявӣ, ки дар тавсифи расмиёти тавсияшуда мавҷуд аст, барои татбиқи бомуваффақияти баъзе аз онҳо кофӣ нест. Муҳим аст, ки волидайн ва ё парасторони кӯдак омӯзиши амалӣ гиранд ва дар ҳолатҳое, ки саломатӣ ё ҳаёти кӯдак дар хатар аст, тарзи дуруст рафтор карданро омӯзанд. Онҳо бояд техникаи дурустро истифода баранд ва пайдарпайии зарурии чораҳоро риоя кунанд, ки ҳангоми санҷиши аломатҳои ҳаёт муҳиманд, реаниматсияи дил ва шушро гузаронида тавонанд ва ёрии таъҷилӣ даъват кунанд, инчунин дигар малакаҳо, донишҳо ва принсипҳои кӯмаки аввалияро дошта бошанд.
Азбаски синну соли кӯдак барои муайян намудани усулҳои ёрии аввал вобастагӣ дорад, муҳим аст, ки волидайн ва парасторон омӯзиши амалӣ гиранд.
Барои маълумоти бештар дар бораи омӯзиши ёрии аввал, Шумо метавонед ба идораи Салиби Сурх ё хадамоти ёрии таъҷилии тиббии минтақаи худ муроҷиат кунед.