Муоинаи нақшавӣ дар 12 моҳагӣ

Мақсади муоинаи нақшавӣ дар ин синну сол санҷидани афзоиш, инкишоф ва саломатии фарзандатон, таъмини иммунизатсияи нақшавӣ ва пешниходи машваратҳо оиди инкишови кӯдаки Шумо мебошад. Бо духтури оилавии худ таъин кунед!
Body

Кӯдаки Шумо фазои атрофи худро меомӯзад, гавак мекашад, дар баробари ҷевон ва ё бо кӯмак қадам мезанад ва ба қадамҳои аввалини мустақилона оғоз мекунад. Ӯ номҳои ҳамаи онҳое, ки бо ӯ зиндаги менамоянд медонад, номгӯи баъзе ашъёҳои атроф ва эҳтимол, аллакай бошуурона як ё ду калима мегӯяд. Ӯ Шуморо ба машғулиятҳояш ҷалб мекунад ва Шумо ӯро боз ҳам хубтар мефаҳмед ва ба инкишофи ӯ мусоидат мекунед.

Омодагӣ ба ташриф

 Ғайр аз чизҳои муқаррарӣ, бо худ гирифтанро фаромӯш накунед:

  • бозичаи дӯстдоштаи фарзандатонро;
  • нӯшокӣ бо оби нӯшиданӣ;
  • рӯйхати саволҳое, ки Шумо мехостед бо табиби оилавӣ муҳокима намоед.

Муоинаи тиббӣ дар бар мегирад:

  • Баҳодиҳии инкишофи кӯдак.
  • Мониторинги рушд: ченкунии дарози/баландии бадан, вазн ва гирди сари кӯдак.
  • Пурсиши аввал ва машварат: як қатор мавзӯъе ҳаст, ки дар навбати аввал Шумо мехостед бо табиби оилавӣ муҳокима намоед лекин мавзӯъи асоси чун ҳарвақта инкишофи кӯдак дар ин сину сол мемонад. Дар қабули табиби оилавӣ чи хел фарзанди Шумо дар муҳит ҳаракат менамояд; чи хел ӯ хоҳишро мефаҳмад ва чи хел хоҳишашро мепурсад; чи гуна бо Шумо бозӣ менамояд; кадом маҳоратҳоро аз худ намудааст; бо даст хӯрок мехӯрад ва оҳиста оҳиста истифода бурдани қошуқро, пиёларо меомӯзад ва ғ. Инчунин мавзӯъи маъмул ин гузариш ба хӯроки дастурхони оилавӣ, бехатарӣ ва огоҳӣ аз осеб, тайёри ба ширхоргоҳ ва ё боғчаи кӯдакон мебошад.
  • Муоинаи тиббӣ ва баҳодиҳии инкишоф: табиби оилавӣ муоинаи муқаррарии клиникии кӯдакро бо пайдарпаии ба Шумо аллакай шиносшуда мегузаронад. Табиби оилавӣ ба кӯдак ягон ашъё пешниҳод менамояд ва ба рафтори кӯдак ва инчунин чӣ гуна кӯдак бо Шумо муносибат мекунад мушоҳида менамояд.
  • Сӯҳбат дар бораи тарзи ҳаёти солим: пешгирии таъсири дуди тамоку мавзӯи муҳим боқӣ мемонад, зарар аз таъсири бармаҳали телефонҳои мобилӣ, планшетҳо, телевизорҳо, инчунин фароҳам овардани шароити ҳаётан муҳим дар кӯча, хона дар автомобил. Ба ғайр аз ин Шумо афзалияти  иштироки кӯдак дар хӯроктаомулнамоии оилавӣ, бозӣ ва дигар машғулиятҳо, инчунин масъалаҳоро оид ба тозагии дандонҳо ва обгардонии даҳонро муҳокима менамоед.
  • Муҳокимаи дигар саволҳое, ки ба ташкили нигоҳубини кӯдак тааллуқ дорад ва дастгири дар ин самт аз ҷониди наздикон ва оила.

Ваксинатсия 

  • Табиби оилавӣ тафтиш менамояд, ки фарзанди Шумо кадом ваксинаҳоро дар ин синну сол гирифтааст.
  • Агар кӯдак ҳамаи ваксинаҳои заруриро гирифта бошад, табиби оилавӣ/ҳамшираи тиб аниқ менамоянд, ки ӯ ба ваксинаҳои аллакай воридшуда чӣ гуна аксуамал кард; оё кӯдак ба доруҳо ё хӯрокҳо аллергия дошт; оё ӯ ягон дору истеъмол мекунад, оё ҳолати норасоии масуният дорад, дар оила ҳаст шахсе, ки масунияти суст бошад.
  • Дар синни аз 12 то 18 моҳагӣ кӯдак бояд ваксинакунонии ҳатмиро гузарад:

- дар 12 моҳагӣ кӯдак бар зидди полиомиелит ваксина карда мешавад;

- дар 12 моҳагӣ кӯдак бар зидди сурхак, паротит ва сурхча ваксина карда мешавад;

- дар 12 моҳагӣ кӯдак бар зидди сирояти пневмококк реваксинатсия мешавад.

  • Мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба Шумо оид ба назорат ва нигоҳубини фарзандатон пас аз ваксина маслиҳат медиҳанд: ҷои тазриқро мушоҳида кунед ва агар сурхӣ пайдо шавад, ба духтур муроҷиат кунед; дар давоми рӯзҳои аввали пас аз ваксина аксуламал ба ваксина дар шакли баланд шудани ҳарорат имконпазир аст, кӯдак метавонад табъаш хира шавад ва гиря кунад, дар ин ҳолат барои сабук кардани вазъ ба кӯдак парасетамолро дар вояи муқаррарнамудаи доруи таъиннамудаи духтури оилавӣ кардан мумкин аст. Онҳо инчунин ба Шумо дар бораи эҳтимолияти аксуламали сабуки пас аз эмкунӣ дар шакли табъи баланд дар ҳафтаи дуюм, эҳтимолан доғи ногаҳонӣ мефаҳмонанд, ки зуд нест мешавад.

Хулоса

  • Дар охири ташриф духтури оилавӣ ба Шумо маълумоти иловагӣ дар бораи саломатии тифли Шумо медиҳад ва амалҳои минбаъдаро тавсия медиҳад.
  • Шумо барои санҷишҳои лаборатории зарурӣ барои кӯдак роҳхат мегиред.
  • Агар зарурати муоина аз ҷониби мутахассиси дигар ё коршиноси Маркази машваратии рушд пайдо шавад, ба Шумо роҳхати дахлдор дода мешавад.
  • Ба Шумо сана ва вақти ташрифи навбатиро таъин мекунанд.

Дар хотир доред, ки муоинаи нақшавӣ – ин имкониятест барои арзёбии қад, вазн, сатҳи инкишоф ва саломатии фарзандатон, инчунин гирифтани тавсияҳо барои рушди минбаъдаи кӯдак мебошад. Ин фурсатро аз даст надиҳед!