Ғизои беҳтарин барои кӯдак аз13 то 24 моҳагӣ
Синамакониро мувофиқи талаботи кӯдак давом диҳед. Ин кӯдакро солим нигоҳ медорад, зеро шири модар ҳанӯз ҳам муҳимтарин қисми ғизои кӯдак мебошад. Ба тифлон ғизои махсуси таёркардашудаи ширӣ барои кӯдакони аз 6-моҳа калонтар додан шарт нест, зеро шири модар бо ҳамроҳии ғизои гуногун ки барои кӯдак пас аз 6 моҳагӣ дода мешавад, тамоми ғизоҳои ниёзманди кӯдакро таъмин мекунанд.
Шири модар ҳанӯз ҳам тақрибан аз як се ҳиссаи (1/3) ниёзҳоии энергетикии кӯдаки хурдсоли аз 13 то 24 моҳа ташкил медиҳад.
Ҳангоми додани ғизои иловагӣ ба кӯдак, шаш қисмати муҳим бояд ба назар гирифта шавад:
- Фосила: Ғизои иловагиро барои кӯдакатон 5 бор дар давоми рӯз диҳед.
- Шумора: Миқдорро аз се ҳисса (¾) то 1 стакан (шишаи 250 мл) зиёд кунед. Як табақчаи алоҳидаро истифода баред, то боварӣ ҳосил кунед, ки кӯдакатон тамоми хӯрокро хӯрдааст.
- Мутобиқат: Ғизое, ки оила истеъмол мекунад ба кӯдакатон ба пораҳои хурд реза карда, диҳед.
- Гуногунӣ: Кӯшиш кунед, ки ба кӯдакатон дар ҳар як ғизодиҳӣ хӯроки гуногун диҳед.
- Маҳсулоти аз ҳайвонот омода шудааст: гӯшти хуби пухта, ки аз гӯшти гов, гусфанд ва мурғ, моҳӣ, тухм ва маҳсулоти ширӣ. Маҳсулоти аз ҳайвонот омода шуда хеле муҳим аст. Ба хӯрдани маҳсулоти ҳайвонот ҳарчи барвақтар ва зудтар оғоз кунед. Бисер лозим аст ки ғизоро хуб пазед ва майда реза кунед.
- Лӯбиё, хуб пухта шуда ва тарошидашуда (ҳатман пӯсташро тоза кунед).
- Пюре аз сабзавоти пухташуда: сабзӣ, шалғам, каду, гулкарам, карам, бодиринг, лаблабу, бодинҷон, помидор ва брокколи.
- Пюре(омехта) аз меваҳои мулоим: банан, себ, нок ва шафтолу.
- Маҳсулотҳои ширӣ ба монанди творог, йогурт.
- Чормағзҳо дар намуди хамира.
- Хуришҳои иловагии ғизонок (ғизои иловагӣ байни хурокхӯрӣ), масалан, донаҳои меваҳои пухташуда ва ё дигар меваю сабзавот, дар мавсим метавонед як ва ё ду маротиба дар давоми як рӯз пешниҳод кардан мумкин аст.
- Намаки йодноккардашударо истифода баред.
Аз маҳсулотҳо, ба монанди нӯшокиҳои ширин, кулчақанди ширин/торт, хӯрокҳои бирён ё фастфуд худдорӣ кунед. Ин хӯрокҳо миқдори зиёди равған, намак ва/ё шакар доранд ва дорои консервантҳо мебошанд, ки метавонанд ба рушди солими кӯдаки Шумо халал расонанд.
Об – аз ҳама нушокии фоидаовар барои кӯдак аст! Ба фарзандатон ҳарчи бештар, аз ҷумла пас аз хӯрок об додан лозим аст ва интизори ҳиссиёти ташнагии кӯдакатон нашавед!
- Ғизодиҳии фаъол
Сабр кунед ва фарзанди худро ба хӯрдан фаъолона ташвиқ кунед, аммо маҷбур накунед. Барои кӯдакатон як табақи алоҳида ҷудо кунед, то боварӣ ҳосил кунед, ки ӯ ҳама хӯроки ба ӯ пешниҳодшударо хӯрдааст. Ба фарзандатон иҷозат диҳед, ки бо дасти худ хӯрок хӯрад ва ӯро ба хӯрдани мустақилона ташвиқ кунед.
- Гигиена
Риояи гигиенаи хуб (тозагӣ) барои пешгирии дарунравӣ ва дигар бемориҳо хеле муҳим аст. Ҳангоми додани хӯрок ба кӯдак, ҳамеша қошуқ ва косаи тоза истифода баред. Ғизоҳоеро, ки ба кӯдак дода мешавад, дар ҷои бехатар ва тоза нигоҳ доред. Пеш аз омода кардани хӯрок ва ё сер кардани кӯдак, дастҳоятонро бо собун ва об бишӯед. Пеш аз хӯрок хӯрдан дасти кӯдакатонро бишӯед. Пас аз истифода бурдани ҳоҷатхона ва шустани кӯдак дастҳои худро бо собун ва об бишӯед.