Афзоиши қади кӯдак дар 13-24 моҳагӣ

Афзоиши қади кӯдак дар соли дуюми ҳаёт тадриҷан суст шуда, сипас то ба балоғат расидан устуворона идома меёбад.
Body
  • Кӯдак дар шароити зерин ба таври муқаррарӣ меафзояд ва инкишоф меёбад: ғизои мувофиқ, саломатии хуб, муҳити бехатар ва ҳавасмандкунанда барои бозӣ ва омӯзиш ва инчунин волидоне, ки эҳтиёҷоти кӯдакро ба қадри кофӣ қонеъ мегардонад.
  • Назорати афзоиши кӯдак, муайян кардани раванди афзоиши қади ӯро дар бар мегирад: вазн ва дарозӣ/баландӣ дар як сол ду маротиба амалӣ шуда, пайгирии динамикаи тағироти онҳо бо истифодаи ҷадвалҳои афзоиш гузаронида мешаванд.
  • Соли дуюм: Дар соли дуюм, суръати афзоиш камтар шуда, тадриҷан ба эътидол меояд. Дар синни ду-солагӣ, аксари кӯдакон аз 2 то 2,5 кг вазн мегиранд, аз 12 то 12,5 см қад гирифта, ба ҳисоби миёна дар як моҳ 1 см калон мешаванд.
  • Дар ин давра диаметри сар ба ҳисоби миёна 2-2,5 см зиёд мешавад.

Вайроншавии афзоиши қад

Афзоиши қад раванди мураккабест, ки аз ҷониби бисёр омилҳо таъсиргузор аст, ва баъзе аз омилҳо метавонанд ба тарзи муқарраршудаи афзоиш халали худро расонанд, барои мисол: камғизоӣ, ва ғизои нодуруст, бемориҳои музмин, ихтилоли эндокринӣ, доруҳо, мушкилоти оилавӣ ва ғ. Аз ин рӯ, назорати мунтазами афзоиши кӯдак ин имконияти саривақт ошкор намудани беморӣ ва андешидани чораҳои мувофиқ мебошад.

Падару модарон!

Афзоиши кӯдак дар соли дуюми ҳаёт нисбат ба соли гузашта каме сусттар аст, аммо дар айни замон он ҳанӯз ҳам хеле зуд аст, аммо аз бисёр омилҳо вобаста аст. Аз ин рӯ, муҳим аст, ки ба кӯдакатон шароит барои афзоиш ва инкишофи мӯътадил фароҳам оваред ва мунтазам тағйиротҳоро пайгирӣ намоед.