Муоинаи нақшавӣ дар 18 моҳагӣ

Оценка роста, развития, здоровья вашего ребенка и выполнение необходимых прививок - это методы направленные для поддержания и сохранения здоровья, правильного развития ребенка. Запишитесь на прием к педиатру!
Body

Фарзанди Шумо аллакай роҳ мегардад ва бозичаҳоро аз паси худ мекашонад ё ба пеш тела медиҳад. Аз  ӯ аллакай бо сухан, бидуни нишон додани оне, ки чӣ кор кардан лозим аст, чизе хоҳиш кардан мумкин аст. Вай дар муошират калимаҳоро бештар истифода мебарад. Эҳтимол имову ишораи Шуморо тақлид мекунад ва мекӯшад Шуморо ба бозӣ ҷалб кунад. Кӯдак фаъолтар зоҳир кардани хислатро оғоз кард ва баъзан вақте ки Шумо чизе хоҳиш  мекунед, итоат намекунад. Кӯдак бисёр чизҳоро омӯхтааст, аммо на ҳамеша онро нишон медиҳад.

Омодагӣ ба ташриф

  • Ғайр аз чизҳои муқаррарие, ки Шумо ҳамроҳи худ барои кӯдак мегиред, санҷида бароед, ки оё боз ягон ҳуҷҷатҳои тиббӣ, натиҷаҳои ташхисе  ҳаст, ки онро бояд барои табиб ҳамроҳи худ гиред.
  • Ҳамроҳи худ бозичаи дӯстдошта ё китобча ва зарфи обдиҳиро гиред.
  • Саволҳое, ки ба табиби оилавӣ додан мехоҳед, омода намоед.

Муоинаи нақшавӣ чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:

  • Мониторинги инкишоф: ченкунии дарозии бадан/қад, вазн ва атрофи сари кӯдак.
  • Мусоҳибаи пешакӣ ва машварат: табиб муайян мекунад, ки то чӣ андоза фарзандатон калон шудааст ва оё ӯ бо хӯрокхӯрӣ мушкилӣ дорад.  Аниқ кардан муҳим аст, ки машғулияти ҷисмонӣ  чӣ қадар вақти кӯдакро дар давоми рӯз мегирад ва чӣ қадар вақт ӯ дар ҳолати нишаста мегузаронад, чӣ қадар хоб меравад, чӣ тавр кӯдакро аз захмгирӣ бояд эмин кард, оё кӯдак ба муассисаи томактабӣ меравад. Табиби оилавӣ/ҳамшираи тиббӣ дар бораи зарурати китобхонӣ ба кӯдак, бозӣ бо дигар аъзоёни оила ва дар кӯча мефаҳмонад.  
  • Арзёбии малакаҳои муоширатӣ (барои ихтисор кардани аломатҳои бармаҳали вайроншавии спектори аутистӣ).
  • Ташхиси  тиббӣ ва арзёбии инкишоф: табиби оилавӣ муоинаи муқаррарии  клиникии фарзанди Шуморо мегузаронад, бо Шумо ҳамсуҳбат мешавад ва аз пайи рафтори ӯ мушоҳида мекунад.
  • Суҳбат дар бораи тарзи ҳаёти солим: мавзуи муҳим пешгирии таъсири дуди тамоку, зарари таъсири бармаҳали телефонҳои мобилӣ, планшетҳо, телевизор,  инчунин ташкили шароити бехатар дар кӯча, хона ва мошин.
  • Ғайр аз ин Шумо бартарии иштироки кӯдак дар қабули ғизо ҳамроҳи тамоми оила, масъалаи гигенаи дандон ва даҳон ва дигар масъалаҳое, ки ба нигоҳубини кӯдак ва дастгирӣ аз тарафи наздикон ва оила дахл дорад, баррасӣ хоҳед кард.

Ваксинатсия 

  • Табиби оилавӣ/ ҳамшираи тиббӣ месанҷад, ки фарзанди Шумо дар ин синну сол кадом  ваксинаро қабул кардааст. Агар кӯдак ҳамаи ваксинаҳоро тибқи тақвими иммунизатсия қабул карда бошад, корманди тиб муайян мекунад, ки ба ваксинаҳои воридшуда, чӣ ггуна акмуамал кард; оё ӯ ба ягон дору ё маҳсулот аллергия дошт.
  • Дар ин синни аз 16-23 моҳагӣ ба кӯдак иммунизатсияи ҳатмиро гузарондан лозим аст, ки он дар бар мегирад: дар 18 моҳагӣ гузаронидани ваксинаҳои омехта муқобили гулӯзиндонак, кабудсулфа, кукоз (АКДС 4) (дохили мушакӣ дар сатҳи пешпаҳлуи қисми мобайнии рон).

Хулоса

  • Дар асоси тамоми маълумоте, ки ҳангоми ташриф гирифта шуд, табиби оилавӣ хулосаи худро дар бораи қад, вазн, сатҳи инкишоф ва саломатии фарзанди Шумо медиҳад.
  • Агар дар баъзе самтҳои инкишоф ба фарзанди Шумо дастгирии нисбатан фаъол ва касбӣ лозим бошад, Шуморо ба назди мутахассиси дигар ё марказҳои машваратӣ оид ба масъалаҳои инкишоф равона мекунанд.
  • Ба Шумо пешниҳод мекунанд, ки ташрифи ояндаро, вақте, ки кӯдак 2 сола мешавад, ба нақша гиред.

Дар хотир доред, ки муоинаи профилактикӣ дар назди табиби оилавӣ барои назорати дахлдори саломатӣ, ва инчунин пешравӣ дар камолот ва инкишофи ӯ пешбинӣ шудааст. Ин мониторинги доимӣ ва саривақтиро дар ҳолати зарурӣ таъмин мекунад. Ин фурсатро аз даст надиҳед!