Муоинаи нақшавӣ дар 3 моҳагӣ

Муонаи нақшавӣ имкониятест барои таваҷҷӯҳи бештар намудан ба афзоиш, инкишоф ва саломатии фарзандатон, инчунин гирифтани ваксинаҳо, ки барои ин синну сол пешбинӣ шудааст, бо мақсади дастгирӣ ва беҳтар намудани саломатӣ ва рушди фарзанди Шумо. Агар ягон мушкилоти рушд ба вуҷуд ояд, муонаи нақшавӣ барои муайян кардани онҳо ва сари вақт андешидани чораҳои зарурӣ мусоидат мекунад. Муоинаи ба нақша гирифташударо аз даст надиҳед!
Body

Фарзанди Шумо хеле зуд инкишоф меёбад ва аллакай метавонад ҳаакати қисмҳои муайяни бадани худро назорат кунад. Ӯ худ ва одамони гирду атрофашро фаъолона меомӯзад. Ба ӯ бо дастонаш бозӣ намудан маъқул аст.

Омодагӣ ба ташриф

  • Ҳама чизи муҳимеро, ки шумо дар фарзандатон мушоҳида мекунед, нависед, масалан: вақте, ки Шумо бо ӯ суҳбат мекунед вай табассум мекунад ва ё механдад; бозичаеро, ки шумо ба дасти ӯ гузоштаед, мегирад; ҳаракати Шуморо дар атрофи ҳуҷра назорат мекунад ва ғайра. Рӯйхати саволҳое, ки ба Шумо шавқоваранд, шубҳаҳое, ки шумо мехоҳед бо табиби оилавии худ муҳокима кунед, омода намоед.

Муоинаи тиббии профилактикӣ чорабинихои зеринро дар бар мегирад:

  • Мониторинги афзоиш: Вазни бадан, дарозии он ва шакли сар параметрҳои муҳими афзоиши кӯдак буда, барои арзёбии он ки кӯдак мутобиқи синну солаш инкишоф ёфта истодааст, кӯмак мекунанд.
  • Мусоҳибаи пешакӣ ва машварат: ғизо ҳоло ҳам яке аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат бо табиби оилавӣ ва / ё ҳамшираи оилавӣ мебошад. Аз Шумо мепурсанд, ки фарзандатонро чӣ гуна мехӯронед, оё пас аз қабули ғизо ӯ хушҳол ва сер ба назар мерасад. Чанд маротиба Шумо шабона бедор мешавед, агар кӯдак шири модар истеъмол накунад, Шумо ба ӯ чӣ мехӯронед.
  • Дар бораи тарзи ҳаёти солим сӯҳбат кунед: табиби оилавӣ ба Шумо дар бораи хатари дуди тамоку, инчунин таъсири бармаҳали дучор шудан бо телефонҳои мобилӣ, планшетҳо, телевизор мефаҳмонад, дар бораи таъсири бехатари нури офтоб ва дар бораи бахатар интикол додани кӯдак дар мошин мефаҳмонад.
  • Муҳокимаи масъалаҳои оилавӣ: Шумо метавонед ҳасадро аз ҷониби хоҳару бародарон, инчунин масъалаҳои марбут ба ташкили нигоҳубини кӯдак ва дастгирии наздикону оиларо низ муҳокима кунед.

Муоинаи тиббӣ

  • Табиби оилавӣ ташхиси кӯдакро аз рӯи тартибе, ки ба Шумо аллакай маълум аст, аз назар мегузаронад: намуди зоҳирӣ ва ранги пӯст, инкишофи устухон, бофтаи чарбу, бофтаи мушакҳо, симметрияи қисмҳои баданро арзёбӣ мекунад; ҳолати чашм, гӯш, бинӣ; бо ангушт ламскунии нармаки сар, гиреҳҳои лимфа, шикам; муоинаи сар, гардан, гулӯ; ба садои дил гӯш медиҳад, нафаскашӣ дар шуш; суръати нафаскашӣ ва суръати дилро ҳисоб мекунад; ҳолати захми нофро тафтиш кунед; рефлексҳо, оҳанги мушакҳо, васеъшавии буғуми ронҳо ва чӣ тавр кӯдак худро дар ҳолати муайян нигоҳ медорад, тафтиш мекунад.
  • Табиб таваҷҷӯҳ хоҳад кард, ки оё кӯдак сари худро медорад ва чӣ гуна ӯ ҷисми худро дар мавқеъҳои муайян назорат мекунад. Табиб ё ҳамшираи шафқат кӯшиш мекунад арзёбӣ кунад, ки оё кӯдак метавонад дар як вақт ҳар дуи дастро ба ҳаракат дарорад ва оё ӯ метавонад бозичаро қапад, ифодаи чеҳра, ҳаракатҳои бадан, аксуамали кӯдакро ҳангоми ҳаракати Шумо дар атрофи хона ва ба садоҳои гуногун таваҷҷуҳ кардани кӯдакро  мушоҳида мекунанд. Аз шумо мепурсанд, ки оё кӯдак садо мебарорад.
  • Омода бошед, ки дар сӯҳбат фаъолона ширкат варзед ва дар бораи ҳама шубҳаҳо ё саволҳои худ посух пурсед.

Вакцинатсия

  • Табиби оилавӣ ва/ё ҳамшираи шафқат тафтиш мекунанд, ки оё фарзанди Шумо ваксинаҳоро барои ин синну сол тибқи ҷадвали мавҷудаи ваксинагузаронӣ гирифтааст ё не.
  • Мепурсад, ки кӯдак ба охирин ваксинаҳои қабулгардида чӣ гуна аксуамал кард.
  • Агар саломатии кӯдак мӯътадил бошад ва ӯ ба вояи охирини ваксина хуб аксуамал намуд, пас ин дафъа ӯ ваксинаҳои зеринро мегирад: вояи сеюми ваксинаи гепатити В, дар доираи ваксинаи омехтаи зидди дифтерия,кузоз, сирояти зукоми гемофилӣ (Пента2), ваксинаи полиомиелит (ОПВ 1) ва сирояти ротавирус (Рота 1).
  • Мутахассисони соҳаи тандурустӣ ба Шумо оид ба назорат ва нигоҳубини кӯдак пас аз ваксина маслиҳат медиҳанд: ҷойи сӯзандоруро мушоҳида кардан, дар ҳолати пайдо шудани сурхӣ ба табиб муроҷиат намудан; дар давоми рӯзҳои аввали пас аз ваксинагузаронӣ аксуламал ба ваксина дар шакли баланд шудани ҳарорат имконпазир аст, кӯдак метавонад табъаш хира шавад ва гиря кунад, дар ин сурат парасетамолро бо миқдори муқаррарнамудаи табиб барои сабук кардани ҳолати кӯдак додан мумкин аст.

Хулоса

  • Дар анҷоми ташриф табиби оилавӣ дар бораи саломатӣ ва вазъи инкишофи фарзанди Шумо маълумот ва тавсияҳои дахлдор медиҳад.
  • Эҳтимол ба Шумо маълумотро дар бораи инкишофи кӯдак дар шакли чопӣ медиҳанд ва дар бораи ташрифи оянда хабар медиҳанд.

Пас аз ташриф

  • Иттилоот ва тавсияҳои наверо, ки Шумо ҳангоми ташрифи табиб мегиред, навишта гиред.

Муоинаи тиббии доимӣ барои фарзанди Шумо муҳим аст – бо шарофати он камолот ва инкишофи ӯ таъмин карда мешавад, дар баробари он Шумо дониши навро вобаста ба нигоҳубини кӯдак пайдо мекунед ва боз ҳам дилпурона нақши волидайнии худро иҷро мекунед.