Муоинаи нақшавӣ дар 36 моҳагӣ
Фарзанди Шумо дар хона ва берун аз он боз ҳам фаъолтар мегардад. Ӯ роҳ мегардад, ба баландиҳо мебарояд ва доимо диққати атрофиёнро ба худ ҷалб кардан мехоҳад. Яқин, ба кӯдак бозиҳое маъқул аст, ки дар он бояд коре карда шавад, ки боиси «дилхушӣ» (бозиҳо бо нақшофарӣ) гардад ва тафаккури кӯдак инкишоф меёбад. Дар раванди суханронии худ кӯдак бештару пештар калимаҳоро истифода намуда аз ду-се калима ҷумла месозад. Муоинаи нақшавии табиби оилавӣ барои пешгирии бемориҳо ва дигаргуниҳо дар раванди инкишофи кӯдак хеле муҳим мебошад.
Омодагӣ ба ташриф
- Ба ғайр аз ашёҳои муқаррарие, ки бо худ, барои кӯдак мегиред, тафтиш намоед, ки оё бо худ гирифтани ягон ҳуҷҷати тиббӣ ё натиҷаи ташхисҳоро барои табиби оилавӣ аз хотир набаровардаед.
- Бо худ бозичаи дӯстдошта, китобча ё зарфи обнӯшӣ бо оби нӯшокӣ бигиред.
Муоинаи профилактикӣ чорабиниҳои зеринро дарбар мегирад.
- Баҳодиҳӣ ба инкишофёбии кӯдак.
- Мониторинги инкишофи кӯдак: чен намудани дароз/қад, вазни бадан ва даври сар.
- Пурсишу посух ва машварати муқаддимавӣ: Ба табиб муҳим аст, ки бо Шумо оид ба ғизо, фаъолияти ҷисмонӣ, хоб, бозиҳо, таҳсил ва рафтани кӯдакатон ба муассисаи томактабии кӯдакона сухан ронад. Табиби оилавӣ/ҳамшираи тиб инчуни оид ба муҳимияти хондан барои кӯдак ва бозиҳои якҷоя, аз ҷумла бо дигар кӯдакони ҳамсоли ӯ нақл мекунад. Зарур аст, ки хатарҳои эҳтимолӣ ба саломатии кӯдак, муҳимияти ташкили шароити бехатар барои кӯдак дар вақти фаъолияти ӯ дар хона, кӯча ва наздикии обанборҳо (масалан истифодабарии каллапӯш, оринҷакҳо ва зонупӯшакҳо дар мавриди ҳаракат дар дучарха/роликҳо, истифодабарии дастпӯшакҳо дар мавриди оббозӣ намудан ва ғайра) сухан ронда шавад. Дар хотир бояд дошт, ки имконияти гирифтани тавсияҳои муҳим ва ислоҳи саривақтии камбудиҳо шарти зарурӣ барои инкишофу афзоиши муътадили фарзанди Шумо ба ҳисоб меравад.
- Муоинаи тиббӣ ва арзёбии инкишоф: табиб оилавӣ муоинаи тиббии муқаррарии фарзанди Шуморо гузаронида бо ӯ ҳамсӯҳбат мешавад ва рафтори ӯро назорат менамояд; ӯ ковокии даҳон, бинӣ ва гӯшҳоро муоина мекунад; фаъолияти дилу шушҳоро тадқиқ менамояд; шикамро мепалмосад ва ба қомати кӯдак баҳо медиҳад. Дар вақти муоина Шумо метавонед назорат намоед ва савол дода дар ҳолати мавҷудияти ягон саволҳои шубҳанок пурсон шавед. Ин пурсишу посух имкон медиҳад, ки инкишофи кӯдак муҳокима карда шавад ва ҷараёни афзоиши кӯдак ҳамаҷониба баҳо дода шавад.
- Дар мавриди ин гуна муоина инчунин гузаронидани санҷиши биноӣ ва шунавоиро низ мумкин аст.
- Сӯҳбат оид ба тарзи ҳаёти солим: мавзӯи муҳими муҳокима бо кормандони тиб пешгирии таъсири дудуи тамоку, зарари аз таъсири бармаҳали телефонҳои мобилӣ, планшетҳо ва телевизор дар мавриди истифодабарии онҳо зиёда аз 2 соат дар давоми шабонарӯз ва инчунин ташкили шароити бехатари фаъолияти ҳаётӣ дар кӯча, хона ва нақлиёт боқӣ мемонад. Ба ғайр аз ин, Шумо бартарии иштироки кӯдак дар истеъмоли ғизо бо аъзоёни оила, саволҳо оид ба гигенаи ковокии даҳону дандонҳо ва дигар масъалаҳо оид ба ташкили нигоҳубини кӯдак ва дастгирӣ аз ҷониби дигар наздикону аъзоёни оила муҳокима карда мешавад
Ваксинатсия
- Дар ин синну сол барои кӯдак ваксинатсияи ҳатмии нақшавӣ пешбинӣ карда нашудааст.
- Агар фарзанди Шумо дар ду соли аввали ҳаёт ваксинаҳои заруриро қабул накарда бошад, он гоҳ дар мавриди набудани ғайринишондодҳо ваксинаҳои гузарониданашударо ворид намудан зарур мебошад.
Хулоса
- Дар асоси ҳамаи иттилооти дар мавриди ташрифот бадастомада табиби оилавӣ дар бораи инкишоф, афзоиш ва ҳолати саломатии фарзанди Шумо хулосабарорӣ менамояд.
- Агар дар баъзе мавридҳо барои инкишофи фарзанди Шумо дастгирии мутахассисон зарур бошад, он гоҳ кӯдак ба назди дигар мутахассис ё ба маркази машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои инкишофи кӯдак равона карда мешавад.
- Табиб ба Шумо давраи пешбинишударо барои муоинаи тиббӣ хабар дода оид ба таъмини афзоишу инкишофи муваффақонаи фарзанди Шумо дар оянда тавсияҳо медиҳад ва мумкин аст, ки ҳамзамон маводҳои гуногуни иттилоотӣ-омӯзишии чопӣ пешниҳод карда шавад.
Суръати инкишофёбии фарзанди Шумо суст мешавад ва чун пештара диққати доимӣ ва назорату дастгирии мувофиқ зарур мебошад. Барои он, ки чизе ба саломатии фарзанди Шумо хатар надошта бошад, муоинаҳои нақшавиро қатъ накунед!