Муоинаи нақшавӣ дар 5 моҳагӣ
Арзёбии афзоиш, инкишоф, саломатии фарзанди Шумо ва қабули ваксинаҳои зарурӣ усулҳоест, ки ба нигоҳдории саломатӣ, инкишофи дурусти кӯдак нигаронида шудааст. Бо тибиби оилавии худ таъин кунед!
Body
Эҳтимол фарзанди Шумо аллакай аз пушт ба шикам ва баръакс ба ҳарду самт чарх зад ва ҳангоми муошират бо Шумо садоҳои гуногун мебарорад (ғиҷиррос мезанад, садои овозро тағйир медиҳад).
Омодагӣ ба ташриф
Бозичаи дӯстдоштаи фарзандатон ва руйхати саволҳоятонро барои табиб ҳамроҳи худ гиред.
Муоинаи тиббии профилактикӣ фаъолиятҳои зеринро дар бар мегирад:
- Мониторинги афзоиш. Андозагирии муқаррарӣ гузаронида мешавад: Вазни бадан, дарозии он ва атрофи сар .
- Мусоҳибаи пешакӣ ва машварат: ғизо ҳоло ҳам яке аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат бо табиби оилавӣ ва / ё ҳамшираи оилавӣ мебошад. Тавсия дода мешавад, ки фарзандатон танҳо ширри модарро истеъмол намояд. Ғизо ва инкишофи кӯдак якҷоя бо табиб дар асоси зиёдшавии қад, вазн ва рафтори кӯдак арзёбӣ карда мешавад.
- Шумо тавсияҳоро оид ба кай ва чӣ тавр оғоз намудан ворид кардани хӯроки иловагӣ, кадом намуд ва дар кадом миқдор мегиред.
- Муоинаи тиббӣ ва арзёбии рушд: Духтур муоинаи муқаррарии кӯдакро мегузаронад. Ӯ тафтиш мекунад, ки кӯдак чӣ гуна дар ҳолати ба тахтапушт хобида ва дар шикам худро нигоҳ медорад; оё ӯ мустақилона аз пушт ба шикам ғелиданро сар кардааст, чӣ гуна сар, бадан, пойҳояшро дар ҳолатҳои гуногун нигоҳ медорад ва инчунин вақте, ки мешинад, ҳатто агар кӯдак ҳанӯз бе такя нишаста натавонад.
- Табиби оилавӣ мушоҳида хоҳад кард, ки кӯдак ба модараш ва одамони мешинохтааш чӣ тавр нигоҳ мекунад, ба духтур (шахси бегона) чӣ гуна менигарад, бо бозича чӣ тавр бозӣ мекунад ва оё онро ба даҳони худ мекашад.
- Ҳангоми ташхис Шумо метавонед ҳамаи масъалаҳои муҳим ва ҷолибро вобаста ба нигоҳубин ва инкишофи фарзандатон муҳокима кунед.
Ваксинатсия
- Фарзанди Шумо то ин синну сол аллакай ваксинаҳои муқаррарии омехтаро, ки дорои ҷузъҳои зидди гепатити В, сулфакабутак, кузоз, сирояти гемофилӣ, полиолиемелит ва сирояти ротавирусро тавассути тазриқи дохилимушакӣ дар сатҳи пешпаҳлуии қисми мобайнии рон дар синни 2, 3, 4 моҳагӣ гирифтааст ва инчунин ваксинатсия муқобили сирояти пневмокок гузаронида шудааст.
- Агар фарзанди Шумо бо баъзе сабабҳо яке аз ваксинаеро, ки мебоист, дар ташрифи қаблӣ мегирифт, қабул накард, имкони гирифтани онро дорад.
Хулоса
- Дар охири ташриф табиби оилавӣ дар бораи саломатӣ ва вазъи инкишофи фарзанди Шумо хулоса медиҳад.
- Ба Шумо маслиҳат оид ба ғизо ва нигоҳубин, усулҳои ҳавасманд кардани кӯдак барои рушди минбаъда ва эҳтимолан маълумот дар шакли чопӣ дода мешавад.
- Аз руйи зарурат кӯдакро ба муоинаи машварати иловагӣ ба назди мутахассисони дигар равон менамоянд.
- Ба Шумо инчунин сана ва вақти ташрифи навбатии таъин карда мешавад.
Ҳангоми муоинаи тиббии нақшавӣ фарзанди Шумо дастгирии заруриро барои инкишофи муваффақ мегирад. Ин имкониятро аз даст надиҳед!