Муоинаи нақшавӣ: дар думоҳагӣ

Мақсади муоинаи нақшавӣ дар ин синну сол санҷидани афзоиш, инкишоф ва саломатии фарзандатон, гирифтани ваксинаҳои мунтазами зарурӣ ва тавсияҳои дигар барои рушди бомуваффақияти кӯдак мебошад.
Body

Шумо падару модари ботаҷрибатар шудаед. Вақте, ки Шумо фарзандатонро ба даст мегиред, меҷунбонед, ба оғӯш мегиред, бо ӯ суҳбат мекунед ё ин ки суруд мехонед, фарзандатон аллакай ба Шумо мефаҳмонад, ки ин амалҳо ба ӯ маъқул аст. Эҳтимол вай аллакай ба қисмҳои баданаш диққат доданро сар мекунад - шояд Шумо ҳатто пай бурдаед, ки ӯ ба дастонаш чӣ гуна менигарад.

Барои омода шудан ба муоинаи нақшавӣ,  Шумо бояд бо худ гиред:

  • Парпечи захиравӣ ё болопӯш.
  • Тамоми ҳуҷҷатгузории тиббӣ, натиҷаи ташхис, агар бошад.
  • Рӯйхати мавзӯъҳои асосие, ки Шумо мехоҳед бо табиби оилавии худ оиди саломатӣ ва инкишофи фарзандатон муҳокима кунед. 

Муоинаи тиббии профилактикӣ ва арзёбии инкишоф

  • Мониторинги афзоиш: антропометрияи кӯдак як марҳилаи ҳатмӣ дар ҳар як муоинаи нақшавӣ мебошад - натиҷаҳои андозагирии дарозӣ ва гирду атрофи сар ба ҷадвалҳои афзоиш ворид карда мешаванд. 
  • Мусоҳибаи аввал ва машварат: Табиби оилавӣ тафтиш мекунад, ки фарзанди Шумо то чӣ андоза калон шудааст ва бо Шумо дар бораи ғизои ӯ сӯҳбат хоҳад кард. Аз Шумо мепурсанд:  чанд маротиба ба фарзандатон ғизо медиҳед, чӣ гуна тавозуни байни ғизо ва хобро нигоҳ медоред. Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи саволҳои марбут ба ғизо ва рафтори кӯдакро саҳеҳ кунед. Ҳангоми муоина бори дигар оиди аҳамияти махсуси синамаконӣ барои фарзандатон дар 6 моҳи аввали ҳаёт хотиррасон мекунанд.
  • Муайян кардани реҷаи ҳаррӯза махсусан муҳим аст, зеро вақте, ки дар пайдарпайии рӯйдодҳо як қонуният ва пешгӯӣ бошад кӯдак тез меомӯзад ва худро ором ҳис мекунад, инчунин он ба кӯдак кӯмак мекунад то ки фаҳмад, Шумо аз ӯ чиро интизоред. Ба руйдодҳо дохил мешаванд: мунтазам додани ғизо, сайругашт дар ҳавои тоза дар як вақти муайян ҳамроҳи волидайн, оббозидаронӣ, хондани китоб ва хобондан. Корманди тиб ба Шумо дар бораи хатари дуди тамоку барои кӯдак суҳбат мегузаронад, тавсия медиҳад, ки кӯдакро бо шишаи хӯрокхуриаш, махсусан бо омехтаи шир ё нӯшокии ширин ба бистар нагузорад, ба Шумо дар бораи таъсири бехатар нури офтоб ва чӣ гуна фароҳам овардани муҳити бехатар барои кӯдакатон дар хона, дар кӯча ва мошин мефаҳмонад.
  • Муоинаи тиббӣ ва арзёбии инкишоф: табиби оилавӣ муоинаи муқаррарии кӯдакро мегузаронад.
  • Таваҷҷӯҳи махсус ба он равона карда мешавад, ки чӣ тавр кӯдак диққатро ба худаш ҷалб мекунад, оё вай алоқаро бо чашм нигоҳ медорад, ҳангоми муроҷиат ба ӯ табассум мекунад ва инчунин рефлексҳо санҷида мешаванд. Табиби оилавӣ инчунин мушоҳида мекунад, ки чӣ гуна кӯдак мавқеи баданашро нигоҳ медорад, оё вай сарашро беҳтар нигоҳ медорад, муштҳояшро мекушояд; то чӣ андоза ӯ ба рӯйдодҳои гирду атроф таваҷҷуҳ мекунад.
  • Табиби оилавӣ мушоҳида мекунад, ки Шумо ба эҳтиёҷоти кӯдак чӣ гуна аксуамал мекунед.

Аз ин фурсат истифода бурда, дар бораи саломатӣ ва рушди фарзандатон маълумоти бештар гиред.

Ваксинатсия

  • Табиби оилавии Шумо муайян мекунад, ки оё фарзанди Шумо тамоми ваксинаҳои заруриро аз вақти таваллуд қабул кардааст ё не.
  • Ба Шумо маълумот дода мешавад, ки чаро дар ин синну сол гирифтани ваксинаҳои муайян муҳим аст. Дар сурати мавҷуд набудани зиддиятҳо, ба фарзанди Шумо иммунизатсияи нақшавии барои синну солаш ҳатмӣ гузаронида мешавад, яъне ваксинаи дуюми гепатити В -ро дар таркиби ваксинаи омехта бар зидди дифтерия, гулӯла, кузоз, гемофилҳои зуком (Penta1), ваксинаи полиомиелит (OPV 1) бар зидди сироятҳои ротавирусӣ (Rota 1), инчунин ваксинаи сирояти пневмококкӣ (VPK1) .
  • Як ваксина ба дохили мушак ба сатҳи пеширонии болои қисм мобайнии як рон, ваксинаи дигар ба дигар рон гузаронда мешавад. Ваксинаҳо бар зидди  полиомиелит (OPV1) ва бар зидди сирояти ротавирус (Rota1) дар шакли қатраҳо ворид карда мешаванд.
  • Ба Шумо маълумот дар бораи таъсири манфии сабук, ки метавонад пас аз ваксинагузарони ба амал ояд ва дар ин ҳолат чӣ кор бояд кард маълумот дода мешавад. Инчунин тавсияҳо оид ба мушоҳида ва нигоҳубини кӯдак пас аз ваксина пешниҳод мегардад: ҷои тазриқро мушоҳида кунед ва ҳангоми сурх шудан бо духтур маслиҳат кунед; дар давоми рӯзҳои аввали пас аз ваксина аксуламал ба ваксина дар шакли баланд шудани ҳарорат имконпазир аст, кӯдак метавонад табъаш хира шавад ва гиря кунад, дар ин сурат парасетамолро бо миқдори таъинкардаи духтури оилавӣ барои сабук кардани ҳолати кӯдак додан мумкин аст .

Хулоса

  • Дар охири ташриф духтури оилавӣ дар бораи саломатӣ ва вазъи инкишофи фарзанди Шумо хулоса медиҳад.
  • Ба Шумо маслиҳат оид ба ғизо ва нигоҳубин, усулҳои ҳавасманд кардани кӯдак барои рушди минбаъда ва эҳтимолан маълумот дар шакли чопӣ дода мешавад.
  • Аз руйи зарурат (бо нишондодҳои тиббӣ), тартиби дигари ташхис (таҳлили хун, ташхиси пешоб, муоинаи ултрасадо дар пои рон ва ғайра), машваратҳои мутахассисони махсус, ба монанди невролог, офталмолог, отоларинголог, ҷарроҳ, ортопед таъин карда мешавад.
  • Ба Шумо инчунин сана ва вақти ташрифи навбатии профилактикӣ таъин карда мешавад.

Пас аз ташриф

  • Иттилоот ва тавсияҳои наверо, ки Шумо ҳангоми ташрифи табиб мегиред, навишта гиред.
  • Дар хотир доред, ки муоинаи нақшавии саломатӣ як имкони санҷидани вазъи саломатӣ ва инкишофи кӯдак, имконияти гирифтани тавсияҳо оид ба ҳама масъалаҳои дастгирии минбаъдаи инкишофи ӯ мебошад. Ин фурсатро аз даст надиҳед!