Муоинаи тиббии нақшавӣ: соли чорум
Омодагӣ барои ташриф овардан ба назди табиб
- Тафтиш намоед, ки оё фарзанди Шумо ягон ҳуҷҷати нави тиббӣ дорад, ва дар мавриди будани он, барои нишон додан ба духтури оилавӣ/табиби кӯдакона ҳуҷҷатро бо худ гиред.
- Ҳамеша барои бозӣ кардан ё хондан дар вақти интизор шудани табиб, бо худ бозичаи дӯстдоштаи кӯдакатонро ё китоб гиред.
Мақсади муоинаи профилактикӣ
Мониторинги афзоишёбии кӯдак
Ҳамшираи тиб андозаҳои бадани кӯдаки Шуморо бо либоси таҳпӯшаш чен мекунад ва нишондодҳои ченкунии қаду вазнро ба ҷадвали афзоиши кӯдакон менависад.
Сӯҳбати муқаддимавӣ
Ташриф овардан ба назди табиби кӯдакона/духтури оилавӣ ҳамеша бо мулоқоти мувофиқ оғоз мешавад. Духтури оилавӣ/табиби кӯдакона тафтиш менамояд, ки кӯдаки Шумо пас аз ташрифи охирин чи қадар калон шудааст, хӯрокхӯрии ӯ чӣ хел аст, оё ӯ аз ҷиҳати ҷисмонӣ фаъол аст, оё хоби ӯ бароҳат аст, аз ҳама бештар чӣ хел бозӣ карданро дӯст медорад, дар муҳити оилавӣ чи гуна тағйиротҳо ҷой доштанд, оё кӯдак ба боғчаи кӯдакона меравад ва ғайра.
Муоинаи тиббӣ ва баҳодиҳии инкишофи кӯдак
- Духтури оилавӣ/табиби кӯдакона аллакай бо тартиби ба шумо шинос кӯдаки Шуморо муоинаи мунтазам мегузаронад. Вай пӯст, сар, даҳон, бинӣ, гардан ва ғадудҳои лимфатикии гарданро аз назар гузаронида, сипас садоҳои дил ва шушро гӯш карда шикамашро мепалмосад ва дар ҳолатҳои лозима қомати кӯдак ва узвҳои ҷинсии кӯдакро аз назар мегузаронад. Фишори хуни кӯдакатонро низ чен мекунад.
- Шумо нисбатан дақиқтар назорат кардани инкишофи кӯдаки худро омӯхтед, ва бинобар ҳамин ҳам Шумо метавонед нуқтаи назари худро оид ба инкишоф ва рафтори кӯдак ба духтури оилавӣ/табиби кӯдакона иброз намуда дар ҳолатҳои зарурӣ машварат гиред.
Муоинаи иловагӣ
- Азбаски фарзанди Шумо аллакай хуб сӯҳбат карда метавонад тезии биноиши ӯро дар ин синну сол муайян кардан мумкин аст, духтури оилавӣ/табиби кӯдакона ӯро ба назди табиби чашм равона мекунад. Ғайр аз ин кӯдак ба назди логопед/нутқшинос, барои санҷиши нутқ, ва дар мавриди зарурӣ ба назди духтури осебшинос/ортопед барои сари вақт муайян намудани бемориҳои нисбатан паҳншудаи устухону буғумҳо дар пойҳо ва сутунмӯҳра равон мекунад. Духтури оилавӣ/табиби кӯдакона ба назди табиби дандонпизишк рафтанро низ хотиррасон менамояд.
- Дар мавриди зарурият, бо дарназардошти баҳодиҳии ҳолати умумии кӯдак, духтури оилавӣ/табиби кӯдакона фарзанди Шуморо ба назди дигар мутахассисон ё кормандони тиб (ба шӯъбаи машваратдиҳӣ оид ба масъалаҳои инкишофи кӯдак) мефиристад.
- Духтури оилавӣ/табиби кӯдакона ба кӯдаки Шумо таҳлили умумии хун таъин мекунад.
Ваксинатсия
Дар ин синну сол ваксинатсияи нақшавӣ гузаронида намешавад, вале ҳолати ваксинатсияи кӯдак санҷида шуда, дар мавриди ҷой доштани ягон ваксинаи нагузаронидашуда, ваксинаи мазкур ворид карда мешавад.
Хулоса:
Дар охири муоина духтури оилавӣ/ табиби кӯдакона Шуморо аз натиҷаҳои муоинаи профилактикӣ хабардор намуда қадамҳои ояндаро пешниҳод менамояд. Шумо метавонед, ки барои дастгирии инкишофи ояндаи кӯдаки худ, баъзе маводҳои хаттӣ гиред. Ӯ Шуморо аз ташрифи профилактикии оянда хабардор мекунад.
Муоинаи профилактикӣ дар соли чоруми ҳаёт – боз як имконият барои баҳодиҳии муфассал оид ба афзоиш ва инкишофи кӯдак буда, вақте ба ҳисоб меравад, ки ҷиҳатҳои аз мадди назар дурмондаи афзоишро муайян намуда, бозмонии инкишоф бартараф ё сабук гардонида шавад. Имконияти мазкурро аз даст надиҳед!