Шумо падар шудед: чӣ гуна бояд ба нақши нав мутобиқ шавед
Нав падар шудагон: муошират бо навзод
Гарчанде ки падарони нав дар аввал ошуфта мебошанд, онҳо комилан омодаанд, ки масъулияти волидайнро ба дӯш гиранд. Падарон на камтар аз модарон эҳтиёҷоти кӯдаконро дарк мекунанд ва ба онҳо посух медиҳанд, инчунин онҳо дар нигоҳубини кӯдакони калонтар низ хубанд.
Вақте ки Шумо кӯдакро нигоҳубин мекунед, Шумо онро тавре мекунед, ки танҳо падар карда метавонад. Муносибатҳои Шумо ба тарбия эҳтимолан аз бархӯрдҳои ҳамсаратон фарқ мекунанд. Бо мутобиқ шудан ба услубҳои гуногуни волидайн, кӯдак малакаҳои иҷтимоиро азхуд мекунад.
Инҳоянд чанд маслиҳат оид ба сохтани муносибат бо фарзандатон.
Ба ҳама чиз кӯшиш кунед
Либоспӯшӣ, дар даст хобонидан, бозӣ кардан, оббозӣ кардан ва иваз кардани уребча – ин ҳама роҳи олии наздик шудан ба кӯдаки худ мебошад. Малакаҳои волидайн қисман аз таҷриба вобаста мебошанд: ҳар қадар таҷрибаи амалӣ ба даст оред, ҳамон қадар беҳтар ва бовариноктар дар нақши худ хоҳед буд.
Даст накашед / Таслим нашавед
Дар вақтҳое, ки нигоҳубин кардани кӯдак душвор аст, ба хоҳиши баргардонидани кӯдак ба модар муқобилат кунед. Агар Шумо ҳама чизро худатон иҷро кунед, эътимоди Шумо зиёд мешавад ва маҳорати Шумо беҳтар мешавад.
Бо фарзанди худ вақтро танҳо гузаронед
Ин барои эҷоди пайванди қавӣ бо кӯдак хеле муҳим аст. Ва модараш ба Шумо миннатдорӣ хоҳад кард, ки ба ӯ танаффус додед.
Муҳаббат зоҳир кунед
Вақте ки Шумо ба фарзандатон муҳаббати худро нишон медиҳед ва ба сигналҳои ӯ ҷавоб медиҳед, дар майнаи ӯ гормони окситоцин хориҷ мешавад. Он ба кӯдак кӯмак мекунад, ки худро хуб ҳис кунад ва робитаи байни ҳуҷайраҳои асабро барқарор кунад ва рушди майнаро ҳавасманд кунад.
Шумо метавонед ифодаи чеҳраи навзодро нусхабардорӣ кунед: абрӯ занед, забонатонро берун кунед, садоҳои шабеҳро эҷод кунед ва ба ӯ табассум кунед. Ҳамаи ин барои мустаҳкам кардани алоқа ва муҳаббати Шумо кӯмак мекунад.
Бо кӯдак сӯҳбат кунед
Ҳангоме ки Шумо кӯдакро нигоҳубин мекунед, он чизеро, ки мекунед, бо овози баланд гӯед. Масалан: «Биё, либос пӯшем — ин ҷо куртаи мо». Ва агар Шумо онро нарм ва бо овози сурудхонӣ бигӯед, кӯдак хурсанд мешавад ва худро бехатар ҳис мекунад.
Суханронӣ барои кӯдакон ғизои ақл аст. Сӯҳбатҳо аз лаҳзаи таваллуд малакаҳои забон ва муоширати онҳоро инкишоф медиҳанд. Фоиданок будани сӯҳбат аз он вобаста нест, ки навзодон маънои гуфтаҳоро мефаҳманд ё не.
Барои бозӣ вақт пайдо кунед
Бозӣ бо кӯдаки навзод на дар бораи бозичаҳо, балки дар бораи муносибати байни Шумо ва кӯдак аст. Инҳоянд баъзе идеяҳо:
- Ҳар рӯз кӯдакчаро ба шикам хобонед. Ин ба рушди мушакҳо ва майнаи кӯдак мусоидат мекунад. Агар ба кӯдаки Шумо ин маъқул набошад, кӯшиш кунед, ки онро дар муддати кӯтоҳ иҷро кунед. (Дар хотир доред, ки кӯдак бояд дар пушт хоб кунад, на дар шикам).
- Барои инкишоф додани малакаҳои забон ва хотира, сурудҳо, шеърчаҳо ва афсонаҳо истифода баред. Аз он чизе, ки Шумо дар кӯдакӣ шунидаед, оғоз кунед.
- Рустшавакон бозӣ кунед. Ин бозии оддӣ муносибати Шуморо мустаҳкам мекунад ва инчунин барои рушди нутқ, тафаккур, малакаҳои моторӣ, рушди иҷтимоӣ ва эмотсионалии кӯдак замина мегузорад.
Кӯдаконе, ки падаронашон дар ҳаёти онҳо фаъолона иштирок мекунанд, малакаҳои беҳтари иҷтимоӣ ва нишондиҳандаҳои баланди таҳсилро нишон медиҳанд. Ҳеҷ гоҳ дер нест, ки ба ҳаёти кӯдаки худ ҳамроҳ шавед!
Нигоҳ доштани муносибат
Аксари ҷуфтҳо пас аз таваллуди кӯдак дар муносибатҳои худ тағиротро мушоҳида мекунанд. Дар аввал ҳарду волидайн хурсандии бузургро эҳсос мекунанд ва аксар вақт боз ҳам наздиктар мешаванд. Бо вуҷуди ин, пас аз тақрибан як моҳ, хастагӣ, шиддат, аз ҳад зиёд мондашавӣ аз нигоҳубини кӯдак ва корҳои хона оғоз мешавад.
Баъзан падар ва модар дар бораи ҳаёти оилавӣ ва тарбияи фарзанд тасаввуроти гуногун доранд.
Беҳтарин роҳи мубориза бо ин тағирот ва ғамхорӣ кардан оиди муносибатҳои Шумо ин сӯҳбат бо шарики худ аст. Мақолаҳоро дар бораи чӣ гуна бартараф кардани стресс ва ба худ истироҳат доданро хонед.
Тақрибан 15% занон ва 10% мардон аз депрессияи баъди таваллуд азият мекашанд. Дар бораи депрессияи пас аз таваллуд дар занон ва мардон бештар маълумот гиред. Агар Шумо фикр кунед, ки Шумо ё шарики Шумо депрессияи баъди таваллуд доред, ҳарчи зудтар ба духтур муроҷиат кунед.
Дарккунии тағирот дар муносибатҳои ҷинсии Шумо
Бо пайдоиши кӯдак дар муносибатҳои ҷинсии Шумо бо шарик, тағирот низ метавонад ба амал ояд. Ҳардуи Шумо шояд дубора наздик шудан мехоҳед. Аммо баъзан алоқаи ҷинсӣ бо сабаби хастагӣ, тағйироти физиологӣ пас аз таваллуд, тағирёбии эҳсоси ҷинсии шарик ё депрессияи баъди таваллуд имконнопазир аст.
Аксар вақт, муносибатҳои ҷинсӣ ба ҳолати муқаррарӣ бармегарданд. Инҳоянд чанд маслиҳатҳое, ки метавонанд дар ин кор кӯмак кунанд:
- Сабр кунед. Ҳардуи Шумо аз тағйироти ҷиддӣ гузашта истодаед. Муҳим аст, ки шарики худро итминон диҳед ва кӯшиш кунед, ки эҳсосоти ӯро фаҳмед. Одатан, ба ҷуфти ҳамсарон тавсия дода мешавад, ки аз алоқаи ҷинсӣ худдорӣ кунанд, то гузаштан аз муоинаи гинеколог баъди таваллуд, тақрибан пас аз шаш ҳафта. Бо вуҷуди ин, ҳама одамон гуногунанд ва баъзе занҳо метавонанд муддати тӯлонӣ интизор шаванд.
- Роҳҳои дигари зоҳир кардани эҳсосоти худро пайдо кунед. Кӯшиш кунед, ки муҳаббатро тавассути бӯсаҳо ва оғӯшҳо нишон диҳед, дасти ҳамдигарро бештар доред. Ба ҳамдигар маҳс кунед ё якҷоя оббозӣ кунед. Ҳатто як дастрасонии кӯтоҳе, вақте ки Шумо дар ошхона аз назди якдигар мегузаред ё аз мошин ашё мегиред, ба Шумо хотиррасон мекунад, ки шарики Шумо ба Шумо то чӣ андоза наздик аст.
- Вазифаҳоро тақсим кунед. Вақте ки Шумо ба кӯдак нигоҳубин мекунед ё корҳои иловагии хонаро ба ӯҳда мегиред, шарики Шумо барои барқароршавӣ вақти бештар дорад.
Дар бораи ин масъалаҳо сӯҳбат кардан душвор буда метавонад. Дар ин ҳолат, Шумо метавонед якҷоя ба мутахассис муроҷиат намоед.
Тарбияи фарзандон ҳамчун кори муштарак
Вақте ки ҳарду волидон ҳамчун як даста амал мекунанд, онҳо арзишҳои умумиро мубодила мекунанд, якҷоя қарор қабул мекунанд, ба мушкилот созанда муносибат мекунанд ва муноқишаҳоро оромона ҳал мекунанд.
Муносибати ҳамоҳанг ба тарбияи фарзандон як қатор бартариҳоро дорад:
- Вақте ки Шумо ва шарики Шумо дарду шодии тарбияи фарзандонро шодишарик мешавед, Шумо қавитар мегардед ва барои қабули қарорҳои душвор омода мешавед.
- Кӯдакон бо мушоҳидаи муоширати Шумо бо ҳамдигар, рафтор карданро ёд мегиранд. Бо мубориза бо душвориҳо, мушкилот ва низоъҳо ба таври созанда ва ҳамкорӣ, Шумо намунаи хуби ибрат нишон медиҳед.
- Вақте ки кӯдак мебинад ва ҳис мекунад, ки Шумо ҳамдигарро хуб мефаҳмед ва мувофиқат мекунед, худро бехатар ҳис мекунад. Чунин кӯдакон ҳатто камтар гиря мекунанд.
Дар аввал, чизи аз ҳама муҳим ин аст, ки мусбӣ бошед ва якдигарро дастгирӣ кунед, вақте ки Шумо волидайн буданро меомӯзед. Инҳоянд чанд маслиҳат:
- Гӯш кунед, ки шарики Шумо ба чӣ шавқу рағбат дорад ва аз чӣ дар ташвиш аст. Модарон аксар вақт мегӯянд, ки онҳо имкони мубодилаи ҳам хуб ва ҳам бадро бо шахсе, ки ба онҳо бепарво нест, қадр мекунанд.
- Тайёр бошед ба кӯмак ҳангоми зарурат, то ба шарики худ танаффус диҳед.
- Дар ҳузури кӯдакон якдигарро дастгирӣ кунед ва ҳангоми набудани онҳо ихтилофотро муҳокима кунед.
- Маслиҳати номатлубро дар худ нигоҳ доред: баъзан шахс мехоҳад бо гуфтани чизе ба шунавандаи бодиққат стрессро рафъ кунад.
- Барои муҳокима кардани роҳҳои ҳалли мушкилот вақт ҷудо кунед - беҳтарин вақт, вақте ки Шумо ором ҳастед ва стресс надоред.
Барои маълумоти бештар, маводҳоро дар бораи аҳамияти кори дастаҷамъона, дастгирии мутақобила, идоракунии муноқишаҳо ва ҳалли муштараки мушкилот хонед.
Тақсимоти вазифаҳо дар байни волидон
Волидайн бояд вазифаҳоеро, ки дар оила ва берун аз хона иҷро мекунанд, муҳокима кунанд. Масалан, агар падар мехоҳад, ки дар ҳаёти фарзандонаш фаъолона иштирок кунад, ҷадвали пурраи вақти корӣ барои ӯ мувофиқ нест. Ба ҳамин тарик, агар кор барояш муҳим бошад ва бе кор бадбахт бошад, модар низ тамоми рӯз дар хона буда наметавонад.
Инҳоянд чанд нуқта барои муҳокима:
- Чӣ бояд кард? Рӯйхати корҳои оилавиро тартиб диҳед, ки нигоҳубини кӯдак, харид, ҷомашӯӣ, пухтупаз, шустани зарфҳо ва пул кор карданро дар бар мегирад. Ин нуқтаи ибтидоӣ барои банақшагирии ӯҳдадориҳо хоҳад буд.
- Ҳар яки Шумо чанд вақт кор кардан мехоҳед ё лозим аст? Ба фактхо нигаред — аз чумла, кӣ бештар даромад мегирад. Ҳамчунин муҳокима кунед, ки ҳар яки Шумо дар бораи дар хона будан бо фарзандатон чи ҳис мекунед.
- Ба Шумо чанд пул лозим аст? Буҷаи оилавӣ тартиб диҳед, то равшантар шавад, ки агар Шумо хоҳед, ки яке ё ҳардуи Шумо соатҳои кории худро кӯтоҳ карда, вақти бештарро дар хона гузаронед.
- Кори ки ҷадвали тағирпазир дорад? Мумкин аст, ки як корфармо нисбат ба дигараш ба кормандони оиладор содиқтар аст. Ин омил метавонад ҳангоми баргаштан ба кор муҳим бошад.
- Чӣ Шуморо хушбахт мекунад? Муҳим нест, ки ҳар яки Шумо дар оила кадом вазифаҳоро иҷро мекунад, ба шарте ки ҳардуи Шумоён худро хушбахт ва қаноатманд ҳис кунед.
Дар бораи мувозинати кор ва оила барои падарон ва чӣ гуна оилаҳои мустаҳкам сохта мешаванд, бештар маълумот гиред.