Вақтгузаронӣ бо падар: чӣ гуна онро беҳамто кардан мумкин аст
Вақтгузаронӣ бо падар: онро муфид мегузаронем
Машғул шудан бо кӯдакон ва пайдо кардани вақт ва имконият барои ин метавонад душвор бошад, зеро падарон кор мекунанд.
Инҳоянд чанд роҳҳои осони ҷолибтар кардани вақтгузаронӣ бо падар:
- Бо фарзандонатон сӯҳбат кунед. Ба онҳо ҳикояҳо нақл кунед, шӯхӣ кунед. Сӯҳбат шуморо аз ҷиҳати эмотсионалӣ наздиктар мекунад.
- Бо фарзандонатон ҳамроҳ хонед. Мутолиа бо кӯдакон – як роҳи хуби вақтгузаронии якҷоя аст. Ғайр аз ин, мутолиа ва нақли афсона ба рушди нутқ, саводнокӣ ва инкишофи зеҳнӣ мусоидат мекунад.
- Фаҳмонед. Ба фарзандатон олами атрофро нишон диҳед – экскаватор дар сохтмон, парранда дар ҳавлӣ. Агар фарзанди шумо ба чизе шавқ дошта бошад, ба ӯ дар ин бора нақл кунед.
- Чаро сӯҳбат кардан муҳим аст? Лаҳзаҳое, ки шумо ба кӯдакон таваҷҷӯҳ мекунед, бебаҳоанд. Вақте ки шумо аз фаъолияти худ фориғ шуда пурра ба муошират бо кӯдак саргарм мешавед, худбаҳодиҳии ӯро зиёд мекунед ва рушди ӯро бармеангезед.
- Намунаи хуб барои пайравӣ бошед. Фарзанди шумо тавассути муошират бо шумо муошират карданро бо дигарон меомӯзад. Ҳар як волидайн бояд баъзан "не" гӯяд, аммо ҳатто ин лаҳзаҳо метавонанд тарбиятбахш бошанд, вақте ки шумо ба кадом рафтори дилхоҳ ноил шуданро ба фарзандатон аниқ мефаҳмонед. Вақте ки бо ӯ ба созиш меоед, кӯдакро таъриф кунед, рафтори боодоб нишон диҳед. Ҳамаи ин намунаи хуб барои пайравӣ кардан аст.
- Имкониятҳои ҷолибро барои омӯзиш эҷод кунед. Боварӣ ҳосил кунед, ки бозиҳо ба қобилиятҳои фарзандатон мувофиқанд, яъне на он қадар душвор ва на хеле содда. Масалан, шумо метавонед ба кӯдак гӯед, ки ин порчаи муаммо/пазл дар куҷо ҷойгир карда мешавад, аммо муамморо ба ҷои ӯ ҳал накунед.
- То ҳадди имкон ба фарзандатон иҷозати интихоб диҳед. Масалан, ба ҷои гуфтани "Футболка пӯш" шумо метавонед гӯед: "Футболкаи сурх пӯшидан мехоҳӣ ё сабз?" Интихоб як алтернативаи хуб ба ҷои дастур аст. Он мустақилият ва ҳисси масъулиятро инкишоф менамояд ва инчунин ба кӯдак эҳсос медиҳад, ки ӯ дар қабули қарорҳо иштирок мекунад.
- Ҳангоми хондан ё шарҳ додани чизе ҳисси ҳаҷвгӯиро истифода баред. Бо кӯдакон дилхушӣ кунед. Шухӣ ва бозӣ барои инкишофи кӯдакон таъсири хуб мерасонад.
Барои муошират бо фарзандатон ба шумо омӯзиши махсус лозим нест. Шумо аздусар бо ӯ бисёр корҳои муфид иҷро мекунед. Албатта, на ҳар як дақиқае, ки бо кӯдакон гузаронида мешавад, самаранок хоҳад буд, аммо агар шумо аҳамияти муоширати олиро дарк кунед, шумо метавонед онро зуд-зуд иҷро кунед.
Навозиш ва тамоси ҷисмонӣ аз ҷониби падар ба баланд шудани худбаҳодиҳӣ ва кам шудани мушкилоти иҷтимоӣ ва эмотсионалӣ дар кӯдакон мусоидат мекунад.
«Ғелғелакон»
Ҳам кӯдакон ва ҳам калонсолон бозии "ғелғелакон"-ро дӯст медоранд ва он метавонад "минтақаи масъулият" -и падар шавад.
Ин гӯштигирии бардурӯғ ба кӯдакон имконият медиҳад, ки қувваи худро сарф кунанд ва инчунин қобилияти ҷисмонии худро ба таври бехатар санҷанд. Дар рафти бозӣ кӯдакон бе зӯроварӣ истифода бурдани қувваро ёд мегиранд. Ҳангоми «гӯштӣ» бо падар, кӯдак идора кардани эҳсосот, аз қабили хашм ва ҳаяҷон, инчунин хоҳиши ғолиб шуданро меомӯзад. Гайр аз ин, дар бозӣ кӯдак аз нуқтаи назари ичтимоӣ дарси муҳим меомӯзад, масалан, «одилона, аз рӯи виҷдон» чист.
Инҳоянд чанд маслиҳат оиди чӣ гуна ба даст овардани самараи бештар аз бозии “ғелғелакон” бо кӯдак:
- Барои чунин фаъолият вақти мувофиқро интихоб кунед. Пас аз бозӣ бо падар, ба кӯдаки саргарми бозӣ пеш аз хоб рафтан, хӯрок хӯрдан ё пӯшидани либос вақт лозим аст, то ором шавад. Бозиҳоро ҳамон тавр ба нақша гиред, ки то барои ором шудан вақти кофӣ бошад.
- Қоидаҳоро муқаррар кунед. Масалан, агар яке аз бозингарон гӯяд, ки ӯ дигар бозӣ кардан намехоҳад ё ягон ҷояш дард дорад, бояд танаффус кард.
- Ҳангоми зарбаи тасодуфӣ ё бархӯрд, бозӣ карданро бас кунед, боварӣ ҳосил кунед, ки кӯдак мефаҳмад, ки ин қасдан набуд, ва вақте ки ӯ ором мешавад, бозиро идома диҳед.
- Кӯдаконро ташвиқ кунед, ки пас аз мағлубият таслим нашаванд.
- Ва дар хотир доред: ҳамчун бозингари пурқувваттарин ва калонсол, шумо баъзан маҷбур мешавед, ки таслим шавед ва бой диҳед, то бозингари дуюм низ "ғолиб шавад".