Падарони ҷавон: 10 маслиҳат барои оғози муваффақонаи иҷрои нақши падар

Кӯдаки Шумо аз давраи таваллуд омода аст бо Шумо тамоси наздик дошта бошад. Шумо метавонед тавассути ламс, гуфтугӯ, бозӣ ва иштирок дар нигоҳубини ҳаррӯзаи кӯдаки худ муошират кунед. Шумо метавонед нисбат ба ҳамсари худ ва муносибат бо ӯ ғамхорона амал намуда кайфияти хуб нишон диҳед, дастгириву омодагӣ ба сӯҳбатро нишон диҳед ва дар хонаи худ фазои наздикиву ғамхоронаро фароҳам оред. Инчунин муҳим аст, ки ба худ ғамхорӣ кунед. 10 маслиҳати зерини мо ба Шумо дар шурӯъ намудани иҷрои нақши падар кӯмак мерасонанд.
Body
Зиндагонӣ пас аз падар шудан

Таваллуди кӯдак - яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои ҳаёти мард аст.

Агар Шумо эҳсосоти шадидеро аз сар гузаронед, ки аксар вақт ҳангоми таваллуди кӯдак ба вуҷуд меояд, Шумо шояд аз ин савол ба ташвиш оед, ки ба ичрои вазифаи падаронаи худ аз кучо шурӯъ намоед. Шояд ҳатто ба назари Шумо чунин менамояд, ки модари кӯдак аллакай ҳама чизро зери назорати худ қарор додааст ва маълум нест, ки ба Шумо чӣ кор кардан лозим аст.

Аввалан, донистан муҳим аст, ки Шумо қобилиятҳои олиҷаноби модарзод доред, ки бо фарзанди худ робита барпо намоед, муошират ва ғамхорӣ кунед. Кӯдакон барои муошират бо ҳарду волидайн омода таваллуд мешаванд. Падарон ба ҳаёти фарзандонашон таъсири бузург мерасонанд ва ин таъсир аз таваллуди кӯдак оғоз меёбад. Нигоҳубини кӯдак инчунин некӯаҳволии эмотсионалии шуморо беҳтар мегардонад.

Ба ҳадди имкон, Шумо метавонед вақти кории худро тавре ба нақша гиред ва ташкил кунед, то тавонед барои ғамхорӣ ба фарзандатон вақт ҷудо кунед ва дар нигоҳубини фарзандатон бо ҳамсаратон шарикӣ кунед. Ин як роҳи олӣ барои оғози "карьераи" падар аст ва дар оянда, вақте ки Шумо ҳоло барои сохтани муносибатҳо бо фарзандатон сарф мекунед, боз ҳам муфидтар хоҳад буд.

Дар ҳақиқат падар шудан барои фарзанди худ осон нест. Тамошо кардани видеонаворҳое муфид хоҳад буд, ки дар он падарони дигар дар бораи чӣ гуна бо кӯдак робита  кардан, бардоштани кӯдак ва ба нигоҳубини ӯ кӯмак расонидан сӯҳбат мекунанд. Агар имконпазир бошад, дар курсҳо барои падару модарон, сӯҳбатҳо бо кормандони тиб иштирок кунед - ҳамаи ин раванди иҷроиши вазифаи падарии Шуморо осон мегардонад.

Падарони ҷавон: аз чӣ бояд оғоз кард
1. Ба раванд аз аввал диққат диҳед

Кӯдаки Шумо аз таваллуд омода аст, ки бо Шумо муошират кунад. Иштирок дар нигоҳубини ҳаррӯзаи ӯ - иваз кардани либос, хобонидан, бозӣ кардан ва оббозӣ кунонидан - беҳтарин роҳи рушди малака ва эътимод ба худ аст. Бо иҷрои чунин амалҳои ҳаррӯза Шумо бо кӯдак вақтро зиёд мегузаронед, ки ин яке аз заминаҳои барпо намудани муносибатҳоятон мебошад. Волидон метавонанд аз ибтидо масъулияти нигоҳубини якҷояи кӯдакро ба нақша гиранд.

2. «Ишораҳо»-и аз ҷониби кӯдак додашударо омӯзед

Бо рафтор ва забони бадани худ, кӯдакон дар бораи он чизе, ки ба онҳо лозим аст, бо воситаи ишора нишон медиҳанд. Ба ишораҳои кӯдаки худ диққат дода бо мурури замон Шумо муайян намудани эҳтиёҷоти ӯро меомӯзед.

3. Тавассути ламс алоқа барқарор намоед

Тавассути робитаи ҷисмонӣ кӯдак худро бехатар ҳис мекунад ва эътимоди ӯ нисбат ба Шумо мустаҳкам мешавад. Чунин тамос бо кӯдак ба рушди майнаи ӯ низ мусоидат мекунад. Кӯдаки худро ҳарчи бештар ба рӯи дастонатон гиред. Вақте ки Шумо ӯро ба синаатон пахш мекунед, ӯ тапиши дили Шуморо мешунавад. Исбот карда шудааст, ки алоқаи “пӯст ба пӯст”-и падар ва кӯдак, махсусан кӯдаки навзод, барои саломатии ӯ муфид аст.

4. Бо кӯдаки худ ҳарчи бештар гуфтугӯ кунед

Вақте ки Шумо кӯдаки худро дар оғӯш мегиред, бо ӯ гуфтугӯ кунед. Ҳар як калимае, ки кӯдаки Шумо мешунавад, ба инкишофи нутқ ва омӯзиши ӯ мусоидат карда, инчунин муносибати шуморо мустаҳкам мекунад. Ҳамин гуна таъсир ҳангоми ба кӯдак нақл кардани ҳикоя, хондан ё суруд сароидан ба амал меояд.

5. Кӯмак барои синамаконӣ

Шири сина беҳтарин ғизо барои кӯдаки Шумо мебошад. Дар мавриде, ки модар барои шир додани кӯдаки худ омодагӣ мегирад, дастгирии Шумо барои ӯ бениҳоят муҳим аст. Масалан, ҳангоми ғизо додан, Шумо метавонед ба ӯ як пиёла об, болишти иловагӣ ё чизи дигар диҳед.

6. Вақти худро танҳо бо кӯдак гузаронед

Ин вақтест, ки танҳо Шумо кӯдакро нигоҳубин мекунед. Агар Шумо тамоми диққати худро танҳо ба кӯдак бахшида тавонед, Шумо бо ӯ робитаи воқеӣ эҳсос хоҳед кард. Ин ба ҳардуи шумо имконияти хубе медиҳад, ки бо ҳам наздик шавед. Барои ин ягон амали мураккабро анҷом додан лозим нест: Шумо метавонед бо ӯ фақат гуфтугӯ кунед.

7. Маълумоти лозимаро гиред

Новобаста аз он ки ин фарзанди аввалини шумост ё не, ҳамеша чизе барои омӯхтан вуҷуд дорад. Шумо метавонед маълумотеро, ки ба Шумо лозим аст дар интернет, тавассути сӯҳбат бо падарони дигар ё ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои волидайн пайдо кунед. Яке аз усулҳои самараноки амалӣ - ин сарф кардани вақти зиёд барои нигоҳубини кӯдаки худ аст.

8. Муносибати худро пайгирӣ кунед

Таваллуди кӯдак метавонад ба муносибати Шумо бо ҳамсаратон фишори иловагӣ расонад. Дар вақти мутобиқшавӣ ба нақши волидайн, кӯшиш кунед, ки кайфияти мусбӣ дошта бошед ва ҳамдигарро дастгирӣ кунед. Бо пурсидани аҳволи ҳамсаратон, Шумо равшан нишон медиҳед, ки нисбати ӯ бефарқ нестед. Дар масъалаҳои тарбияи кӯдак, муҳим аст, ки ҳама гуна саволҳоро муҳокима кунед ва дар бораи интизориҳои худ ба ҳамдигар гӯед. Тақсим кардани масъулиятҳои нигоҳубини кӯдак ва нигоҳубини хона ба коҳиш додани стресс ва якбора зиёдшавии сарборӣ мусоидат мекунад.

9. Ба худ нигоҳоҳубин кунед

Агар Шумо худро хуб ҳис кунед, Шумо метавонед беҳтар ба фарзандатон нигоҳубин карда ҳамсаратонро дастгирӣ намоед. Барои пурқувват мондан, тарзи ҳаёти солимро пеш бурдан, ба қадри имкон хоб рафтан ва истироҳат кардан лозим аст. Барои худ ва ниёзҳои шахсии худ вақт ҷудо кунед.