Муоинаи нақшавӣ дар 9 моҳагӣ

Илова ба муоинаи мунтазам оид ба афзоиш ва саломатии фарзандатон, арзёбии ҳамаҷонибаи инкишофи кӯдак гузаронида мешавад. Ташрифи навбатии худро ба табиби оилавии ба нақша гиред!
Body

Фарзанди Шумо пешравии назарраси инкишоф ба даст овардааст ва малакаҳои зиёдеро аз худ кардааст. Ӯ метавонад мустақилона шинад, бозичаҳои гуногунро омӯзад, бо ангуштҳояш хӯрок хӯрад, инчунин ӯ дар ин синну сол амалҳои калонсолонро ҳангоми бозӣ тақлид карданро дӯст медорад, истифода бурдани ашёҳои гуногунро аз рӯйи таъиноташ ёд гирифтааст. Шумо муаллими асосии фарзандатон ҳастед ва барои ӯ намунаи ибрат будан муҳим аст.

Омодагӣ ба ташриф

  • Бо худ бозичаи дӯстдошта ё китобчаи расмдор, оби нӯшокӣ ва рӯйхати саволҳои пешакӣ тартибдодаеро, ки мехоҳед ба духтури оилавӣ диҳед, бо худ гиред.

Муоинаи тибби профилактикӣ чорабиниҳои зеринро дар бар мегирад:

  • Табиби оилавӣ ё ҳамшираи шафқат бо Шумо дар бораи инкишофи фарзандатон сӯҳбат мекунад, то пешрафти фарзандатонро дар инкишофи нутқ, қобилияти ҷисмонӣ ва малакаҳои маърифатӣ арзёбӣ кунад. Ин барои муайян кардани истеъдодҳои махсуси фарзандатон, инчунин самтҳои инкишофе, ки ба дастгирии иловагӣ ниёз доранд, кӯмак мерасонад.
  • Мониторинги инкишоф: ченкунии муқаррарии вазни бадан, дарозии он ва атрофи сар, сабт намудани  натиҷаҳои он дар ҷадвали афзоиш.
  • Мусоҳибаи пешакӣ ва машварат: ғизо ҳоло ҳам мавзӯи асосӣ боқӣ мемонад – чӣ гуна ғизоро хӯрондан мумкин аст, аз чӣ парҳез кардан лозим аст, чӣ тавр зуз-зуд бояд ғизо дод. Шумо инчунин метавонед рафтори кӯдак ва воситаҳои ҳавасмандкунии рафтори дилхоҳро муҳокима кунед: фаҳмондани оне, ки чӣ хуб асту, чӣ бад, сарҳадро муқаррар намудан, нишон додани оқибат, гӯш додан ба кӯдак ва таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба ӯ, таъриф кардани кӯдак, идора намудани рафтори бади кӯдак ва ғ. Муҳим он аст, ки ҳамаи аъзои оила қоидаҳои умумиро бояд риоя кунанд. Эҳтимол дар ин давра муҳокима намудани тарси аз ҳамҷудошавӣ низ бомаврид бошад. Ба Шумо инчунин дар бораи дуруст риоя намудани гигиенаи даҳонро мефаҳмонанд.
  • Муоинаи тиббӣ ва арзёбии инкишоф: табиб муоинаи муқаррарии кӯдакро мегузаронад, бо Шумо дар бораи саволу масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи ӯ муҳокима мекунад, шояд пешниҳод карда шавад, ки, ки Шумо бояд саволнома пур намоед, Метавонед оиди малакаҳои кӯдак, ки оид ба азхудкунии он аз ҷониби фарзандатон шубҳа доред, ҳамроҳ онҳоро арзёбӣ кунед.
  • Пеш бурдани тарзи ҳаёти солим: чун пештара мавзӯҳои муҳим, пешгирии таъсири дуди тамоку, зарар аз таъсири бармаҳали телефон, планшет, телевизор, ғайри қобили қабул будани хобондани кӯдак бо шишаи моеъи ширӣ ё нӯшокии ширин, инчунин фароҳам овардани шароити бехатару мусоид дар кӯча, хона ва мошин мебошанд. 
  • Баррасии дигар масъалаҳое, ки ба тарзу усулҳои нигоҳубини кӯдак ва инчунин дар ин ҷода дастгирии шахсони наздики оила вобаста аст.

Ваксинатсия

Дар ин синну сол ваксинакунонии нақшавӣ дар назар дошта нашудааст. Агар фарзанди Шумо бо баъзе сабабҳо яке аз ваксинаеро, ки мебоист, дар ташрифи қаблӣ мегирифт, қабул накард, имкони гирифтани онро дорад.

Хулоса

  • Дар асоси муоина, мушоҳидаи рафтори кӯдак ва натиҷаҳо, ки ҳангоми арзёбӣ ба даст омаданд, табиби оилавӣ дар бораи саломатӣ ва вазъи инкишофи фарзанди Шумо хулоса медиҳад.
  •  Аз руйи зарурат кӯдакро ба муоинаи машварати иловагӣ ба назди мутахассисони дигар равон менамоянд.
  • Ба Шумо инчунин метавонанд маводи чопии иттилоотӣ оид ба ҳама гуна саволҳои пайдомешуда пешниҳод кунанд, инчунин сана ва вақти ташрифи навбатии шумо муайян карда мешавад.

Дар хотир доред – Шумо муаллими асосии фарзандатон мебошед ва барои иҷрои ин нақш ба Шумо дастгирӣ ва кӯмаки касбӣ лозим аст. Аз хотир набароред, ки Шумо бояд барои фарзандатон намунаи ибрат бошед.