Зардшавии навзодон
Зардшавӣ - ин зард шудани пуст ва сафеди чашм буда, пеш аз ҳама беморӣ набуда як аломат аст ва маънои онро надорад, ки кӯдаки зардшуда гирифтори бемории зардпарвин мебошад. Ранги зард аз ҳисоби билирубин пайдо мешавад, ки он ҳосилаи муқаррарии вайроншавии ҳуҷайраҳои сурхи кӯҳнаи хун мебошад ва пас аз "коркард" дар ҷигар он ҳамчун талха ҷудо шуда аз бадан тавассути наҷосат хориҷ карда мешавад. Ин раванди муқаррарӣ метавонад бо як қатор сабабҳо халалдор шавад. Баланд шудани сатҳи билирубин боиси пайдоиши зардшавии неонаталӣ дар кӯдакони навзод мегардад. Ба ғайр аз зардшавӣ, кӯдак баъзан хоболуд шуда дар ғизогирӣ мушкилот пайдо мешавад ва ранги пешоб тира мегардад.
Сабабҳои зардшавӣ
Зардшавии физиологии навзодон аз он сабаб ба амал меояд, ки ҷигари фаъолияташ номукаммал наметавонад билирубинро коркард ва хориҷ намояд. Одатан дар рӯзи дуюм ё сеюм мушоҳида мекунанд, ки рӯй ва сафеди чашмони кӯдак зард мешавад. Зардшавӣ аввал аз сар/рӯи тифли навзод пайдо мешавад ва агар он шиддатнок шавад, он гоҳ зардиро дар бадан ва инчунин дар дасту пойҳои кӯдак дидан мумкин аст. Агар танҳо рӯи кӯдак зард шавад, пас ин маънои онро дорад, ки нишондоди билирубин бешубҳа дар кӯдак нисбат ба оне, ки бадану пойҳояш зард мешавад, камтар мебошад.
Зардшавии синамакон аз сабаби мавҷудияти моддаҳои ингибиторӣ дар таркиби шири модар, ки муваққатан мубодилаи моддаҳо ва хориҷшавии билирубинро халалдор мекунанд, ба амал меояд.Он одатан пас аз чанд рӯзи таваллуд шудани кӯдак пайдо шуда ба кӯдак зарар намерасонад ва ногаҳон бартараф шуда баъзан он метавонад якчанд ҳафта давом кунад. Дар ин давра қатъ кардани синамаконӣ шарт нест ва тавсия дода намешавад!
Зардшавии дар натиҷаи номутобиқатии гурӯҳи хун байни модар ва кӯдак (бемории гемолитикии навзодон) бо дигар нишонаҳои лабораторӣ ҳамрадиф буда таъин намудани табобатро талаб мекунад.
Дар баъзе мавридҳо зардшавӣ метавонад дар натиҷаи сироятнокшавии тифли навзод, вайроншавии модарзодии мубодилаи моддаҳо ё нуқсонҳои роҳи талхарав ба вуҷуд ояд. Чунин мушкилотҳо хеле ҷиддӣ буда, хушбахтона, онҳо хеле кам ба амал меоянд. Зардшавии навзодон баъзан гепатити вирусӣ ҳисобида мешавад, ки аз ҳисоби таъсири вирусҳо ба вуҷуд меоянд, вале ин бемориҳо дар кӯдакони навзод хеле кам мушоҳида мешавад.
Оё зардшавӣ дар байни навзодон зуҳуроти муқаррарӣ аст?
Тақрибан дар 20% кӯдакони расида ва дар 50% - 80% кӯдакони норасид пас аз ду-се рӯзи таваллуд зардӣ пайдо мешавад. Аксари ин кӯдакон комилан солим буда, ба табобат ниёз надоранд ва зардшавӣ худ аз худ мегузарад.
Омилҳои хавфи зардшавӣ кадомҳоянд?
Таваллуди пеш аз мӯҳлат, осеби таваллудӣ (кефалогематома, хунрезиши назаррас дар бофтаҳои бадан - хунрезиш дар рӯй ё дигар қисмҳои бадан), зардшавии навзодӣ дар бародар ё хоҳари калонӣ омилҳои хавф ба ҳисоб мераванд. Инчунин дар кӯдаконе, ки ҳангоми таваллуд аз норасогии оксиген азият кашидаанд ё ягон сироят доштанд, хатари баланди зардшавӣ ҷой дорад.
Муайян намудани нишондоди билирубин
Муайян намудани миқдори билирубин бо истифода аз зардоба/хуни навзод ё тавассути пӯст анҷом дода мешавад. Чен кардан нишондоди билирубин тавассути пӯст, ҳарчанд дорои баъзе маҳдудиятҳо мебошад, вале як усули хеле амалӣ ва бедард буда дар кӯдаконе, ки табобати шуоӣ нагирифтаанд, натиҷаҳои боварибахш медиҳад. Бо афзоиши назарраси нишондодҳо ё пайдоиши аломатҳои дигар дар кӯдак, озмоишҳои лаборатории иловагӣ гузаронида мешаванд.
Агар зардшавӣ раванди физиологӣ бошад, чаро онро табобат кардан лозим аст?
Гарчанде ки зардшавии навзодон бештар ҳамчун раванди физиологӣ зоҳир мешавад, вале дар баъзе мавридҳо он бо суръати баланд афзоиш меёбад, ки онҳо барои кӯдакони навзод хатари ҷиддӣ доранд ва табобатро талаб мекунанд. Фототерапия метавонад нишондоди билирубинро назаррас паст намояд ва барои кӯдакони навзод бехатар аст. Агар нишондоди билирубин хеле баланд бошад ва бо дигар бемориҳо ҳамрадиф бошад, он гоҳ табобати зарурӣ таъин карда мешавад.
Пешгирӣ
Муҳимтарин тадбири пешгирикунандаи зардшавии кӯдакони навзод ин синамаконӣ аст! Шири модар на танҳо кӯдаки навзодро бо моеъ ва энергияи кофӣ таъмин мекунад, балки аз рӯи таркибаш «коркард»-и билирубинро дар ҷигар метезонад. Фалла (молозиво) ҳаракати рӯда (дефекатсия) ва колонизатсияи микробҳои фоидаоварро дар рӯдаи суръат бахшида пайдоиши зардшавиро низ бартараф мекунад.
Додани об ё глюкоза ба тифли навзоде, ки дар он камобшавии бадан дида намешавад, зардшавиро пешгирӣ намекунад ва раванди зардшавиро низ беҳтар намегардонад. Ҳеҷ гоҳ кӯдаки худро ба нури бевоситаи офтоб нагузоред. Нурҳои офтоб дар мавриди табобати зардшавӣ бесамар буда, метавонад барои пӯсти нозуки кӯдак зарарнок ва хатарнок бошад.
Пас аз ҷавобшавӣ аз таваллудхона бояд кӯдаки навзоди зардшуда зери назорат қарор дошта бошад?
Агар кӯдаки навзод ба гурӯҳи хатари пайдоиши зардӣ мансуб бошад ва нишондоди билирубин дар мавриди ҷавобшавӣ аз таваллудхона дар ҳудуди ғайримеъёрӣ қарор дошта бошад, он гоҳ назорати минбаъда талаб карда мешавад. Фаҳмед, ки агар зарурат пайдо шавад ба таваллудхона барои муоина омадан мумкин аст ё дар он гуна мавридҳо ба куҷо бояд муроҷиат намоед.
Агар Шумо дар кӯдаки худ зардшавии пӯстро мушоҳида намоед, махсусан агар ӯ кам сина макад, беҳолу нофаъол бошад ва пешобаш тирарангу наҷосаташ сафед ё беранг бошад, бояд Шумо кӯдаки худро ба табиби оилавӣ/педиатр нишон диҳед.