Пешоби беихтиёронаи шабона
Сабабҳои пешоби беихтиёронаи шабона
Пешоби беихтиёронаи шабона дар ҳолате пайдо мешавад агар кӯдакон ҳангоми хоҳиши пешоб кардан шаб бедор намешаванд. Кӯдакон қасдан бистари худро тар намекунанд.
Якчанд сабабҳо вуҷуд доранд, ки сабабгори пешоби беихтиёрии шабонаи кӯдакон мегарданд.
Базе кӯдакон аз сабаби хоби беҳад ҷуқур бистари хобро тар мекунанд, дар баъзеҳо пешоб шабона бисертар ҷудо мешавад, баъзе кӯдакон масонаҳои хурд доранд ва эҳтимолан онҳо бистари худро тар мекунанд.
Пешоби беихтиёрии шабона аксар вақт ба мерос мегузарад. Агар Шумо дар кӯдакиатон бештар бистари худро тар мекардед, фарзандони Шумо низ эҳтимолан бистари худро тар мекунанд, лекин ин маънои онро надорад, ки Шумо гунаҳкоред, ки фарзанди Шумо бистари худро тар мекунад.
Баъзан тар карани бистар метавонад сабабгори рӯҳафтодагӣ ва ташвиши Шумо бошад , аз ин рӯ Шумо бояд донед, ки усулҳои табобати пешоби беихтиёрии кӯдакон вуҷуд дорад, ки метвонанд ба фарзандатон кӯмак кунанд.
Аломатҳои пешоби беихтиёронаи шабона
Пешоби беихтиёрӣ шабона рух медиҳад. Баъзе кӯдакон бистари худро ҳар шаб тар мекунанд. Баъзеҳо танҳо якчанд бор дар як ҳафта, як бор дар як ҳафта ё ки як бор дар давоми як моҳ тар мекунанд.
Пешоби беихтиёрии рӯзона – ин ҳолати пешоби беихтиёрии рӯзона, ҳангоме, ки кӯдак бедор аст рух медиҳад. Дар муқоиса бо пешоби беихтиёрии шабона камтар аст. Пешоби беихтиёрии рӯзона аксари вақт дар ҳолати стресс ва ё бемор шудан рух медиҳад. Агар кӯдаки Шумо пешоби беихтиёронаи рӯзона дорад бо духтури худ сӯҳбат кунед.
Кадом ҳангом оид ба пешоби беихтиёронаи шабона ба духтур муроҷиат кардан лозим аст
Агар Шумо оид ба пешоби беихтиёронаи шабонаи кӯдакатон дар хавотир бошед ё ин ки агар ин ҳолат ба кӯдаки Шумо ва аҳли оила мушкилӣ меорад, Шумо метавонед ба духтур барои тавсия оид ба табобат ва роҳнамоии оянда муроҷиат кунед.
Масалан, Шумо метавонед ба духтур дар ҳолате, ки фарзандатон аллакай 7 сола аст ва то ҳол бистари худро тар мекунад, муроҷиат намоед ва:
- Шумо дар ташвиш ҳастед, ки кӯдаки Шумо чӣ тавр дар лагери тобистона бо дӯстонаш шабро мегузаронад.
- пешоби беихтиёрии шабона фарзанди Шуморо ба ташвиш овардааст.
Дар ҳолати такроран пайдо шудани пешоби беихтиёронаи кӯдак пас аз шабҳое, ки бистари ӯ “хушк” буд ҳатман ба духтур муроҷиат кунед, азбаски ин метавонад аломати аввали ҳолати вазнин, ба монанди сироят, диабети қанд, ё ки натиҷаи стресси эҳсосотӣ вобаста ба таваллуд шудани додар ва ё хоҳар бошад.
Табобати ҳолати пешоби беихтиёронаи шабона
Аз хоб бедоршавӣ ва хестан:
Аз хоб бедор кардан – ҳангоме, ки кӯдакатон ҳоло хоб аст ва Шумо ӯро аз кат мехезонед ва ба ҳоҷатхона берои пешоб кардан равон месозед. Бедор шудан – ҳангоме, ки Шумо кӯдакатонро бедор мекунед ва пасон барои пешоб кардан ба ҳоҷатхона мебаред. Шумо метавонед ин ҳолатро пеш аз хоб ё ки шабона ҳангоми вақти муайян иҷро кунед.
Бедор кардан ва бедоршавӣ метавонанд барои пешгирии пешоби беихтиёриро ба мӯҳлати кӯтоҳ кӯмак расонанд, лекин одатан ин ҳолатро тамоман қатъ намудан номумкин аст. Ин ҳалли масъала ба мӯҳлати кӯтоҳ аст.
Хӯрдани нушокиҳо:
Барои кӯдаки Шумо барои нигоҳ доштани мувозинати обӣ, бисер муҳим аст, ки дар давоми рӯз обро бинӯшад, ҳатто агар ӯ бистарашро тар мекунад.
Агар кӯдаки Шумо рӯзона оби зиедро истеъмол кунад, шояд пеш аз хоб ӯ метавонад, ки обро камтар нӯшад. Истифодаи зиёди нӯшокиҳо пеш аз хоб метавонад талаботи кӯдакатонро барои пешоб кардан зиёд намуда ба тар кардани бистар меорад. Агар кӯдаки Шумо пеш аз хоб талабот ба нӯшидан дорад, ин аломати кам нӯшидан дар давоми рӯз мебошад.
Барои кӯдаки Шумо беҳтар аст, ки аз нӯшокиҳои гуногуни кофеиндор парҳез намуд ғ барои мисол колаҳо, чой, қаҳва ва ё шоколади гарм. Нушокиҳои мазкур ҳаҷми пешоби кӯдаки Шуморо зиёд менамояд.
Соати зангдор (будильник) барои пешоби беихтиёронаи шабона:
Соати зангдор дастгоҳест, ки садо мебарорад ва кӯдаки Шуморо ҳангоми пешоб дар бистар бедор мекунад.
Соати зангдор фарзанди Шуморо водор мекунад, ки ҳангоми тар кардани бистари худ бедор шавад. Онҳо ба фарзандатон кӯмак мекунанд, ки кадом ҳангом пур шудани масонаашонро дарк карданро ёд гирад, нигоҳ доштани онро ёд гиранд ва ё бедор шуда ба ҳоҷатхона рафтанро ёд гирад. Мақсад дар он аст, ки вақте ки соат занг мезанад, кӯдаки Шумо пеш аз пурра холӣ кардани масонааш бедор мешавад.
Агар Шумо тасмим гиред, ки соати зандорро истифода баред, ҳафтаи аввал дар утоқи кӯдаки худ бихобед, ва дар ин ҳолат Шумо метавонед ба ӯ барои зуд хестан ва ба ҳоҷатхона рафтан кӯмак расонед. Шумо инчунин метавонед ӯро тасаллӣ диҳед, агар вай аз садои соат хафа ё ки ошуфта бошад.
Духтури Шумо метавонад ба Шумо гӯяд, ки то кадом дараҷа соати зангдор барои кӯдак ва оилаи Шумо мувофиқ аст.