Чӣ гуна ба кӯдак қазои ҳоҷатро омӯзондан лозим аст: дастурамал
Омӯзиши ба ҳоҷатхона рафтан: чӣ гуна фаҳмидан мумкин аст, ки кӯдак ба ҳоҷатхона рафтан мехоҳад
Шумо мушоҳида карда метавонед, ки кӯдаки Шумо дар синни тақрибан дусолагӣ ба омӯхтани ҳоҷатхонаравӣ тайёр мешавад. Баъзе кӯдакон аломатҳои омодагии худро дар 18 моҳагӣ нишон медиҳанд ва баъзеҳо метавонанд дар ин маврид аз дусола боло бошанд.
Кӯдаки Шумо тайёр аст, агар:
- дилпурона қадам мезанад ва дар муддати кӯтоҳ нишаста метавонад.
- вай аллакай мустақилтар мешавад, дар мавриде сухан оид ба иҷрои вазифаҳо меравад, аз ҷумла бештар «не» мегӯяд.
- ба вай тамошои ба ҳоҷатхона рафтани дигарон шавқ мешавад - ин метавонад боиси нороҳатии Шумо гардад, аммо ин роҳи хуби шинос кардани кӯдак бо ягон чизи нав мебошад.
- уребчаҳо дар давоми ду соат хушк боқӣ мемонанд ва ин нишон медиҳад, ки ӯ пешобро дар масона нигоҳ дошта метавонад (дар навзодон ё кӯдакони хурдсол он беихтиёрона холӣ карда мешавад).
- дар мавриде, ки дар уребчааш пешоб ё наҷосат хориҷ мекунад, вай метавонад ба Шумо бо калимаҳо ё имову ишораҳо хабар диҳад - агар ӯ ба Шумо пеш аз руй додани ин ҳолат, хабар диҳад, ӯ барои омӯхатни ҳоҷатхонаравӣ тайёр аст.
- ба ӯ пӯшидани уребча маъқул нест - ӯ ҳангоми тар ё ифлос будани уребча метавонад кӯшиш кунад, ки онро кашад.
- вай ба таври мунтазам наҷосат хориҷ мекунад ва шакли он нарму шаклдор аст.
- пӯшидан ва кашидани таҳпӯшашро ёд мегирад.
- ӯ медонад, ки чӣ тавр дастурҳои оддиро риоя кунад, масалан: «тӯбро ба падарат деҳ».
- мефаҳмад, ки ҳар чиз дар хона ҷойи худро дорад.
На ҳамаи нишонаҳои мазкур бояд дар кӯдаки Шумо ҳангоми омода буданаш барои мустақилона ба ҳоҷатхона рафтанаш, мушоҳида карда шаванд. Дар мавриди ба намунаи умумии рафтори ӯ диққат додан, Шумо мефаҳмед, ки метавонед ба ӯ ҳоҷатхонаравиро омӯзонед.
Агар Шумо хоҳед, ки ба кӯдаки худ омӯзонидани қазои ҳоҷатро шурӯъ кунед, мо дастурамали омӯзонидани қазои ҳоҷатро дар намуди расмҳо омода кардем. Шумо ҳатто метавонед онро чоп кунед ва дар ҷойи мувофиқ овезон кунед.
Тайёр кардан ба омӯзиши қазои ҳоҷат
Аввалан бояд муайян намоед, ки ба ӯ дар унитаз нишастан ё дар зарфи ахлоткунӣ (горшок) нишастанро меомӯзонед.
Зарфи ахлоткунӣ (горшок) баъзе бартариҳо дорад - он интиқолшавандаву шинос буда, барои баъзе кӯдакон ба мисли ҳоҷатхона тарсовар нест. Бифаҳмед, ки ба фарзандатон чӣ маъқул аст ва мувофиқи он амал кунед. Баъзе волидайн фарзандони худро ташвиқ мекунанд, ки ҳам аз ҳоҷатхона ва ҳам аз зарфи ахлоткунӣ (горшок) истифода баранд.
Дуюм, боварӣ ҳосил кунед, ки ба Шумо чӣ аз ҳама муҳим аст. Масалан, агар фарзанди Шумо аз унитаз истифода бурда бошад, ба Шумо таҳмоне лозим мешавад, ки кӯдакатон дар болои он истода тавонад ва ҳатман курсии хурдтаре дошта бошед, ки дар болои курсии унитаз бехатар ҷойгир карда шавад, зеро кӯдакон дар аввал аз афтодан ба унитаз метарсанд.
Сеюм, беҳтарин вақт барои банақшагирии омӯзонидани қазои ҳоҷат он вақт аст, ки ҳаёти оилавии Шумо чандон тағйир наёбад: ба таътил рафтан, ба кӯдакистон рафтан, таваллуди кӯдаки дигар ё кӯчидан. Беҳтар аст, ки омӯзиши қазои ҳоҷат хеле пештар ё пас аз гузаштани чунин тағйиротҳо оғоз шавад.
Агар Шумо ва фарзандатон реҷаи ҳаррӯзаи мунтазам дошта бошед, омӯхтани қазои ҳоҷат махсусан муваффақона хоҳад шуд. Сипас фаъолияти нав бо истифода аз ҳоҷатхона ё зарфи ахлоткунӣ (горшок) ба реҷаи муқаррарии ҳаррӯзаи Шумо дохил карда мешавад.
Ячанд маслиҳат оид ба чӣ гуна омода шудан:
- Ба фарзандатон чанд калимаро дар бораи рафтан ба ҳоҷатхона омӯзонед, ба монанди «пешоб кардан», «ахлот кардан» ва «мехоҳам ба ҳоҷатхона равам».
- Вақте ки Шумо уребчаи кӯдаки худро иваз мекунед, онро ба зарфи ахлотгирӣ (горшок) гузоред - ин роҳи осони ба кӯдакатон фаҳмонидани барои чӣ лозим будани зарфи ахлотгирӣ (горшок) мебошад.
- Ба фарзандатон барои дарк намудани эҳсосоти нав бигузоред, ки дар кӯшиши дар зарфи ахлотгирӣ ё курсичаи хурди унитаз нишастанро кунад.
- Дар як рӯз як ё ду маротиба, вақте ки Шумо дар хона ҳастед, кӯдаки худро ба таҳпӯшҳои муқаррарӣ гузоред. Ин ба ӯ кӯмак мекунад, ки фаҳмад, ки "тар" будан чист.
- Боварӣ ҳосил кунед, ки ғизои кӯдаки Шумо аз клечатка зиёд бошад ва ӯ моеъи зиёд менӯшад, то ки дар ӯ қабзият пайдо нашавад. Қабзият метавонад омӯзонидани ҳоҷатхонаравиро душвор созад.
Омӯзонидани қазои ҳоҷат кардан раванди зуд амалишаванда нест, ва он метавонад рӯзҳо, ҳафтаҳо ё моҳҳоро дарбар гирад. Муҳим он аст, ки - ба ғазаб наоед, ба кӯдак фишор наоред ва ба ӯ имконият диҳед, ки бо суръати омӯзиши худ ёд гирад. Кӯдаки Шумо бо мурури замон ба ин одат мекунад. Ва агар ӯ ҳоло ба омӯхтани қазои ҳоҷат таваҷҷӯҳ зоҳир накунад, интизор шуда, пас аз муддате дубора кӯшиш кунед.
Оғози ба ҳочатхона рафтан
Омӯзонидани қазои ҳоҷат ба кӯдак дар он рӯзе хуб аст, ки агар Шумо дар давоми рӯз ба берун набароед. Ҳангоми омадани вақти омӯзонидани қазои ҳоҷат, тавсияҳои мо кӯмак хоҳад кард.
Вақт
- Кӯдаки худро дар мавридҳое, ки ӯ аксар вақт ба хоҳиши хориҷ кардани наҷосатро дорад, аз ҷумла 30 дақиқа пас аз хӯрокхӯрӣ ё пас аз оббозӣ, ба зарфи ахлоткунӣ (горшок) шинонед. Ин барои ҳама кӯдакон натиҷабахш нест - омӯзиши воқеии ҳоҷатхона рафтан вақте оғоз мешавад, ки фарзанди Шумо дарк мекунад, ки вай ахлот ё пешоб мекунад ва ба омӯхтани тарзи назорат кардани ин раванд таваҷҷӯҳ дорад.
- Ба аломатҳое, ки фарзанди Шумо ба ҳоҷатхона рафтан мехоҳад, диққат диҳед. Ин сигналҳо мансуб мебошанд: тағйирёбии ҳолат, бодшиканӣ (дамиш), инчунин вақте ки кӯдак ором мешавад ё танҳо ба хонаи дигар меравад.
- Агар кӯдаки Шумо пас аз 5 дақиқаи ба болои унитаз ё зарфи ахлоткунӣ (горшок) шинонидатанон қазои ҳоҷат накунад, ӯро аз болои он гиред. Кӯдакро маҷбур накунед, ки муддати тӯлонӣ дар ҳоҷатхона нишинад, зеро ба назари ӯ ин метавонад як намуди ҷазо намояд.
Ҳавасмандкунӣ ва хотиррасон намудани кӯдак
- Кӯдаки худро барои ҳама кӯшишҳояш (ҳатто вақте ки ба назар чунин менамояд, ки ҳама чиз оҳиста пеш меравад) ва махсусан агар ӯ дар коре муваффақ шавад, таъриф кунед. Бигӯед: «Офарин, ки ту ба зарфи ахлоткунӣ (горшок) нишастӣ». Ин ба вай имкон медиҳад, ки ӯ муваффақ будани худро фаҳмад. Оҳиста-оҳиста бо омӯхтани ҳар як қисми навбатии ин раванд ӯро ҳарчи камтар таъриф кунед.
- Дар давоми рӯз (вале наонқадар зиёд) аз фарзанди худ пурсед, ки оё ӯ ба ҳоҷатхона рафтан мехоҳад. Кифоя аст, ки пас аз хӯрокхӯрӣ, 15-20 дақиқа пас аз нӯшидан, пас аз хоб, пеш аз хоби бегоҳирӯзӣ хотиррасон кунед - беҳтар аст, ки агар фарзанди Шумо фишорро ҳис накунад.
- Агар фарзанди Шумо дар вақти зарурӣ ба ҳоҷатхона наравад, руафтода нашавед ва ба ӯ низ инро нишон надиҳед.
Таҳпӯш ва либос
- Истифодабарии уребчаро қатъ кунед (ба истиснои хоби шабона ва рӯзона). Ҳама вақт таҳпӯшҳои муқаррарӣ ё таҳпӯшҳои махсусро барои омӯзонидани нишастан дар зарфи ахлоткунӣ (горшок) истифода баред. Бигзор кӯдак таҳпӯшҳоро барои худаш интихоб кунад ва ин амал барои ӯ ин метавонад як машғулияти ҷолиб бошад.
- Ба фарзандатон либосҳоеро пӯшонед, ки кашиданашон осон аст, масалан шими чандирдор, на комбинезон. Дар ҳавои гарм, вақте ки Шумо дар хона ҳастед, кӯдаки худро танҳо бо либоси таҳпӯш гузоред.
Беҳдошт
- То он даме, ки кӯдакатон пок кардани қафояшро ёд мегирад, ин амалро Шумо анҷом диҳед. Дар хотир доред, ки бо коғази тозаи ташноб аз пеш ба қафо махсусан дар духтарон пок кунед.
- Ба писаратон омузонед, ки баъд аз пешоб карданаш ҷунбиш кунад ва узвҳои ҷинсиашро бо коғаз пок кунад, то аз қатраҳо халос шавад. Дар оғози раванди омӯзонидани қазои ҳоҷат, баъзан метавонад гузоштани тӯби тенниси руимизӣ дар дохили зарфи ахлоткунӣ муфид бошад, то ки писаратон онро ҳадаф қарор дода пешоб кунад. Ё ба ӯ нишаста пешоб карданро ёд диҳед, зеро кӯдак наонқадар ифлос мешавад ва барои саломатиаш низ фоида дорад.
- Ба фарзандатон омӯзонед, ки пас аз ба ҳоҷатхона рафтан фавран дастҳояшро бо собун бишӯяд. Ин метавонад як кори шавқовар бошад, ки ба фарзанди Шумо маъқул шавад ва як қисми реҷаи ҳаррӯзаи ӯ гардад.
Кӯдакон аз 3-4 солагӣ бо уребчаҳои хушк бедор мешаванд. Аз ҳар панҷ кӯдак як нафар дар байни кӯдакони панҷсола ва аз даҳ кӯдак як нафар дар байни кӯдакони 10-сола маҷбуранд шабона аз уребча истифода баранд. Тар кардани бистар, ки дар байни кӯдакони синни мактабӣ хеле зиёд аст, лекин ин хуб нест.
Чӣ бояд кард, агар Шумо ҳангоми омӯзонидани қазои ҳоҷат аз хона бароед.
Вақте ки Шумо ба омӯзонидани ҳоҷатхона рафтан шурӯъ мекунед, барои чанд рӯз дар хона мондан хубтар аст, аммо дар баъзе мавридҳо ба Шумо лозим меояд, ки аз хона берун бароед.
Ба куҷое, ки равед, пешакӣ фаҳмед, ки ҳоҷатхонаи бароҳаттарин дар куҷост. Агар Шумо ба маркази савдои маҳаллӣ меравед, дарҳол ҳангоми расидан ба онҷо аз фарзандатон пурсед, ки ба оё ба ҳоҷатхона рафтан мехоҳад. Ин ба вай кӯмак мекунад, ки дар ҷойи нав худро бароҳат ҳис намояд.
Агар Шумо аз хона берун бароед, ҳатман бо худ таҳпӯшу либоси иловагӣ бигиред, зеро дар баъзе мавридҳо корҳо мувофиқи нақша пеш намераванд. Бо худ халтаҳо барои либосҳои тар ё ифлос бигиред.
Агар фарзанди Шумо ба боғчаи кӯдакона ё назди дӯстону хешовандонаш равад, ба ҳама нақл кунед, ки фарзанди Шумо ба ҳоҷатхона рафтанро ёд мегирад. Чуноне, ки Шумо дар хона амал мекунед, калонсолон ба ӯ дар истифодаи ҳоҷатхона ё зарфи ахлоткунӣ (горшок) кӯмак мекунанд.
Ҳолатҳо ва ҳодисаҳои ногувор ҳангоми омӯзонидани ҳоҷатхона рафтан
Барои омӯхтани пешоб ва ахлот кардан дар ҳоҷатхона вақт лозим аст. Ҳолатҳои ногувор ва ногаҳонӣ - як қисми раванди омӯзиш мебошанд.
Агар фарзанди Шумо аз вазъияти барояш ногувор ранҷад, ӯро таскин диҳед ва бигӯед, ки ин ягон чизи бад рух надодааст ва ӯ ҳеҷ ташвиш накашад.
Якчанд маслиҳат барои пешгирӣ кардани ҳодисаҳои ногувор:
- Агар фарзанди Шумо гӯяд, ки ҳоло ба ҳоҷатхона рафтан мехоҳад, шитоб кунед, шояд ҳамин тавр ҳам бошад!
- Агар Шумо донед, ки фарзандатон муддати тӯлонӣ ахлот ва ё пешоб накардааст,ба ӯ хотиррасон кунед, ки ба ҳоҷатхона равад. Кӯдаки Шумо шояд он қадар ба коре ҷалб шуда бошад, ки ӯ аз хотир мебарорад, ки ба ҳоҷатхона рафтан лозим аст.
- Ҳангоми бозии тӯлонӣ, пеш аз берун баромадан ва ё сайругашт кардан аз ҳоҷатхона истифода пурсед, ки ӯ оё хоҳиши ба ҳоҷатхона рафтанро дорад. Агар ӯ нахоҳад, мушкилӣ надорад.
- Кӯшиш кунед, ки зарфи ахлоткунӣ (горшок) ё унитаз ҳамеша дастрас ва истифодааш осон бошад.
- Ба фарзандатон омӯзонед, ки пеш аз хоб рафтан ба ҳоҷатхона равад.
Дар мавриди омӯзонидани қазои ҳоҷат, вақти нисбатан зиёдтарро, нисбат ба оне, ки Шумо интизор будед, гирад, кӯшиш кунед, ки оромиро аз даст надищед. Аз он чизе, ки фарзанди Шумо аллакай ба он ноил мегардад хурсанд шавед, зеро дер ё зуд ӯ дар ҳама самт муваффақ хоҳад шуд. Фишор овардани аз ҳад зиёд ё стресс боиси пайдоиши эҳсосоти манфӣ гардида бо эҳтимоли зиёд боиси он мегардад, ки фарзанди Шумо аз рафтан ба ҳоҷатхона гурезад.
Масъалаҳо оид ба саломатӣ
Ҳангоми омӯзонидани қазои ҳоҷат ба аломатҳои зерин диққати махсус диҳед:
- кӯдак зуд-зуд ё камтар ба ахлоткунӣ ва пешобкунӣ меравад;
- барои кӯдак "ахлоткунӣ" душвор аст;
- наҷосати вай суст ё хеле мулоим аст;
- дар наҷосат ё пешобаш хун дорад (баъзан пешоб хира менамояд);
- кӯдак ҳангоми ба ҳоҷатхона рафтан аз дард шикоят мекунад.
Агар Шумо аз он хавотир бошед, ки омӯзонидани ҳоҷатхона рафтан ба фарзандатон чӣ гуна мегузарад, бо педиатр/табиби оилавии худ муроҷиат кунед.