Таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизо
Таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизо
Таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизо - аксуламал ба ғизоест, ки Шумо истеъмол мекунед. Сабаби пайдоиши аксуламали мазкур метавонад ғизоро дуруст ҳазм карда наметавонистани организми Шумо бошад. Ё ин метавонад аз он сабаб пайдо шавад, ки организми Шумо аз таъсири маводҳои кимиёвии таркиби ғизо ба ангезиш меояд.
Таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизо - бо аллергияи ғизоӣ ҳаммаъно нест. Аллергияи ғизоӣ дар мавриде рӯй медиҳад, ки системаи масунӣ ба ғизои хӯрдаатон вокуниш нишон медиҳад. Таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизо ба системаи иммунии Шумо таъсир намерасонад. Аллергияҳои ғизоӣ дар муқоиса бо таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизо бештар шадидтар буда аломатҳои бештар доранд.
Аломатҳои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизо
Ба аломатҳои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизо мансуб мебошанд:
- дамиши шикам
- дарунравӣ
- дарди шикам
- дарди сар
- захмҳо дар ковокии даҳон
Аломатҳои таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизо аксар вақт танҳо якчанд рӯз пас аз хӯрдани хӯроке, ки Шумо нисбат ба он таҳаммулнопазирӣ доред, пайдо мешаванд.
Агар Шумо фикр кунед, ки фарзанди Шумо нисбат ба ягон ғизо таҳаммулнопазирӣ дорад ё Шумо надонед, ки чаро дар кӯдаки Шумо чунин нишонаҳо пайдо мешаванд, беҳтар аст, ки бо табиби оилавӣ/кӯдакона машварат кунед.
Таҳаммулнопазирии паҳншуда нисбат ба ғизо
Таҳаммулнопазирии маъмултарин нисбат ба маводҳои ғизоии зерин дида мешаванд:
- лактоза, ки қанди таркиби маҳсулоти ширӣ мебошад
- гандум
- иловаҳои ғизоӣ, аз ҷумла тақвиятдиҳандаҳои мазза ба монанди глутамати натрий
- фруктоза (қанди таркиби меваҳо)
Ташхисгузории таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизо
Парҳези бартарафкунӣ яке аз усулҳои маъмултарини санҷиши таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизо мебошад. Бо истифода аз усули мазкур Шумо ғизоҳои шубҳанокеро, ки боиси таҳаммулнозарӣ дар организми кӯдаки Шумо мегарданд бартараф мекунед. Ин ғизоҳо якто-якто ва дар як муддати муайян, одатан якчанд ҳафта аз таркиби ғизои ҳаррӯзаи кӯдак гирифта мешаванд. Сипас, Шумо ғизоҳои мазкурро дубора ба кӯдак мехӯронед ва муайян мекунед, ки кадом хӯрок боиси таҳаммулнопазирӣ мегардад.
Ташхиси таҳаммулпазирӣ нисбат ба лактоза баъзан душвор буда метавонад, зеро нишонаҳои он метавонанд ба аллергияҳои ғизо монанд бошанд.
Дар ҳолати таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизо чӣ бояд кард
Агар табиби оилавӣ/кӯдаконаи Шумо ба кӯдаки Шумо таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизоро ташхис гузорад, ӯ метавонанд ба кӯдак тавсия диҳад, ки истеъмоли ғизоҳои номусоидро камтар кунад ё пурра даст кашад.
Таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизо чӣ қадар давом мекунад?
Бо мурури замон эҳтимолияти пурра аз байн рафтани таҳаммулпазирӣ нисбат ба ғизо дар кӯдакон маълум нест. То чӣ андоза давом кардани таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизо аз хӯроки номусоид ва сабаби пайдоиши аксуламал дар организми кӯдак вобаста аст.
Агар Шумо фикр кунед, ки фарзандатон дигар аз таҳаммулпазирӣ нисбат ба ғизо азият намекашад, пас беҳтар аст, ки бо табиби кӯдакона ё диетологи оилавии худ машварат кунед. Онҳо метавонанд тавсия диҳанд, ки барои санҷиши аз байн рафтани таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизо Шумо бодиққат ба парҳези кӯдаки худ ғизоҳои гуногунро ворид кунед.