Дарди шикам
Дарди шикам
Дар кӯдакон, дарди шикам аксар вақт дар натиҷаи дамиши шикам ва ҳазм нашудани ғизо пайдо мешавад, ягонтои аз ин сабабҳо ҷиддӣ нестанд.
Аммо, дарди шикам инчунин метавонад аломати як қатор сироятҳо, ба монанди заҳролудшавӣ аз ғизо, гастроэнтерит, илтиҳоби шуш ё сироятҳои роҳҳои пешоб бошад.
Нороҳатӣ ё дамиши шикам метавонад сабаби пайдоиши ҳисси "шапаракҳо" дар шикам бошад.
Дарди шадиди шикам метавонад дар натиҷаи ҳолатҳои ҷиддитар ё ҳолатҳое, ки амалиётҳои ҷарроҳиро талаб мекунанд, ба мисли аппендитсит ё инвагинатсия, яъне вақте ки қисми рӯда аз дарун ё болои худ "медарояд", пайдо шавад.
Дарди такрории шикам метавонад аз сабаби қабзият, таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ғизо ё илтиҳоби рӯдаҳо ба амал ояд.
Баъзан дарди меъдаро дарди вазоифии шикам меноманд ва истилоҳи мазкур маънои онро дорад, ки меъдаи кӯдаки Шумо ба ангезандаҳои муқаррарӣ нисбатан ҳассос аст.
Аломатҳое, ки бо дарди шикам алоқаманданд
Аломатҳое, ки бо дарди шикам ҳамрадифанд, вобаста ба оне, ки кадом омил боиси дард мешавад, фарқ мекунанд.
Масалан, агар дарди шикам бо набудани иштиҳо, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравӣ ҳамрадиф бошад, ин метавонад гастроэнтерит ё заҳролудшавӣ аз ғизо бошад.
Хала ва дарди умумӣ метавонад бо гази барзиёд ва дамиши шикам алоқаманд бошад.
Дарди шиками доимӣ, метавонад аз сабаби қабзият ё сирояти роҳҳои пешоб пайдо шавад. Кӯдакони гирифтори сирояти роҳҳои пешоб низ ҳангоми пешоб кардан дардро эҳсос мекунанд, аз меъёр зиёд пешоб хориҷ мекунанд ва дар онҳо табларзаву қайкунӣ пайдо шуда онҳо асабонӣ буда метавонанд.
Дарди шикам инчунин метавонад бо илтиҳоби шуш ё сирояти вирусӣ алоқаманд бошад. Дар ин ҳолат, эҳтимол дар кӯдаки Шумо ҳароратбаландӣ, сулфа ва дарди гулӯ низ ҷой дошта метавонад.
Агар кӯдаки Шумо аз дарди шикам бедор шавад ё дард дар як минтақаи шикам, ғайр аз минтақаи ноф ҷойгир шуда бошад, ин аломати ягон мушкилоти ҷиддӣ мебошад. Масалан, ҳангоми аппендитсит, дард одатан шадид аст ва аксар вақт аз маркази шикам оғоз шуда сипас ба қисми поёниву рости шикам мегузарад. Дарди шикам инчунин метавонад бо ҳарорати баланд, набудани иштиҳо ва қайкунӣ ҳамрадиф бошад.
Дар мавриди ҳама намудҳои дарди шикам, хатари беоб шудани организми кӯдаки Шумо вуҷуд дорад. Шумо метавонед пайдоиши нишонаҳои беобӣ, аз ҷумла чашмони фурӯрафта, сустҳолӣ, камшавии вазн ва аз меъёр кам пешоб хориҷ кардани фарзандатонро мушоҳида намоед. Агар Шумо ин аломатҳоро дар кӯдаки худ мушоҳида кунед, фавран ба ӯ моеъ нӯшонед.
Дар мавриди ҷой доштани дарди шикам оё кӯдакро ба духтури оилавӣ/педиатр нишон додан зарур аст?
Ба табиби духтури оилавӣ/педиатр муроҷиат намоед, агар:
- кӯдак аз дарди шадиди шикам шикоят кунад ё аз дарди шикам аз хоб бедор шавад
- дарди шиками кӯдак рафъ нашавад ва ё такроран пайдо шавад ва боз гузарад
- кӯдак худро бад ҳис кунад ё илова ба дарди шикам ҳарорати баданаш баланд шавад
- кӯдак шикоят кунад, ки дард ҳангоми ҳаракат зиёд мешавад
- кӯдак дарунравӣ ё қайкунӣ дорад ва он қатъ нашавад
- кӯдак хароб шавад ё дардеро ҳис кунад, ки ба сатҳи фаъолияти вай таъсир мерасонад
- Шумо фикр кунед, ки фарзандатон ягон чизи заҳролудро фурӯ бурдааст
Кӯдакро фавран ба шӯъбаи ёрии таъҷилӣ баред, агар:
- хун ё маводи сабзи равшан қай кунад
- дар наҷосаташ хун дида шавад
Табобати дарди шикам
Барои рафъ намудани дард ба кӯдак доруи парасетамолро бо миқдори тавсияшуда додан мумкин аст.
Инчунин боварӣ ҳосил намудан муҳим аст, ки фарзанди Шумо ба таври кофӣ моеъ истеъмол менамояд ва истироҳат мекунад. Кӯшиш кунед, ки кӯдаки худро бо бозиҳо ё сӯҳбатҳои ором аз дард парешон созед ё усулҳои гуногуни истироҳатро истифода баред.