Рафтори кӯдаки синни томактабӣ: Чӣ бояд кард
Рафтори кӯдак дар синни томактабӣ
Кӯдакони синни томактабӣ олами атрофро фаъолона меомӯзанд. Бачаҳо хеле кунҷкованд ва бисёр саволҳои «кӣ», «чӣ», «чаро» ва «барои чӣ» медиҳанд. Дар ин давра, вақте ки Шумо якҷоя коре мекунед, ба Шумо лозим меояд, ки ба кӯдак бештар вақт ва диққат диҳед. Масалан, ҳангоми сайругашт кардан фарзанди Шумо метавонад муддати тӯлонӣ дар як ҷой истода ҳашаротро омӯзад ва аз Шумо дар бораи сохтор, ғизо ва муҳити зисти онҳо саволҳо диҳад.
Барои дарк намудани ҷаҳон кӯшиш карда кӯдакони синни томактабӣ аксар вақт парешон мешаванд ва ба назар чунин менамояд, ки фарзанди Шумо Шуморо гӯш намекунад. Вай воқеан фикр мекунад ва кӯшиш мекунад, ки маълумотеро, ки Шумо ба ӯ додаед, бифаҳмад.
Дар хотир доред, ки мустақилият барои кӯдаки синни томактабӣ хеле муҳим аст. Ба вай лозим аст, ки ҳама корро санҷида онҳоро мустақилона иҷро намояд то ки худро шахси баркамол ҳис намуда нисбат ба қувваҳо ва тавоноиҳои шахсии худ боварӣ ҳосил намояд. Баъзан кӯдак барои азхудкунии донишҳои нав ба кӯмак ва дастгирии Шумо ниёз дорад. Кӯшиш кунед, ки амалҳои мустақилонаи ӯро ташвиқ карда, ба ӯ имконият диҳед, ки малакаҳои навро амалӣ намояд.
Дар давраи томактабӣ кӯдак худтанзимкуниро фаъолона инкишоф медиҳад, ки ба ӯ ин амал дар барқарор намудани дӯстӣ бо ҳамсолон ва бозиҳои муштарак кӯмак мекунад. Кӯдаки Шумо метавонад дар як гурӯҳи кӯдакистон муваффақона муошират кунад, меъёрҳо ва қоидаҳои муайянро риоя кунад. Набояд фаромӯш кард, ки мубориза бурдан ба эҳсосоти қавӣ ва идора кардани рафтори худ дар мавриди ҳодисаҳои ношинос ва мураккаб ба кӯдаки синни томактабии ташаккулёбанда душвор мебошад ва рафтори худро дар ҳолатҳои душвор ё ношинос барои ӯ идора кунад. Ба фарзандатон кӯмак расонед, ки эҳсосоти худро баён кунад ва ӯро дар вазъиятҳои душвор дастгирӣ кунед.
Манфиатҳои рафтан ба муассисаҳои томактабӣ
Кӯдакони синни томактабӣ метавонанд бо майли том ба боғчаи кӯдакона раванд. Барои одат намудан ба қоидаҳо ва реҷаи ҳаррӯза дар муассисаи томактабӣ барои баъзе кӯдакон вақт лозим аст.
Ба кӯдакистон рафтан ба кӯдак имкон медиҳад, ки малакаҳои иҷтимоиро инкишоф диҳанд ва амал кунанд. Кӯдакон бо ҳамсолони худ муносибатҳои дӯстона барқарор намуда онро нигоҳ медоранд, мустақилона дар ҳолатҳои муноқиша роҳҳои ҳалли онро меёбанд ва манзалат пайдо мекунанд.
Бо шарофати иштирок намудан дар лаҳзаҳои реҷавӣ ба кӯдак азхуд намудани малакаҳои худхизматрасонӣ — хӯрок хурдан, иваз кардани либос ва мустақилона хоб рафтан осонтар мешавад.
Мушкилот дар рафтори кӯдаки синни томактабӣ
Ташвиш
Ташвиш, изтироб ва тарс - зуҳуроти муқаррарии эҳсоси равонии мо дар баробари шодӣ, лаззат бурдан ва мафтун шудан мебошанд. Пайдо шудани тарс дар кӯдак дар синни томактабӣ марҳилаи табиии ташаккули шахсияти ӯ ҳисобида мешавад. Дар ин синну сол кӯдакон метавонанд аз торикӣ, танҳо мондан, ба духтур муроҷиат кардан ва ғайра тарсанд.
Агар ба кӯдак тарзи дурусти муносибат кардан омӯхта шуда сабабҳои пайдоиши тарс фаҳмида шавад, аксар вақт тарс бенишона аз байн меравад. Аз бисёр ҷиҳат зуҳуроти тарс аз хусусияти хислати кӯдак ва услуби тарбияи оилавӣ вобаста аст. Дар бисёр мавридҳо худи волидон кӯдакро метарсонанд: "Агар ту хоб накунӣ - Аҷузкампир туро гирифта мебарад". Шумо метавонед беихтиёрона дар кӯдаки худ тарсу ҳаросро ба вуҷуд оваред ва ҳамеша ӯро аз хатар огоҳ кунед: "Роҳ нарав - меафтӣ", "Даст нарасон - худат месузонӣ". Шояд ба кӯдак ҳанӯз маълум нест, ки чӣ хатар ӯро таҳдид мекунад, аммо ӯ аллакай изтиробро эҳсос мекунад ва аксуламали тарс дорад. Агар дар кӯдаки Шумо изтироб зиёд шавад ё ба тарси сахт дучор шуда бошад (газидани саг, дар лифт маҳкам шудан) барои кӯмак пурсидан ба мутахассис муроҷиат намоед.
Писхандзанӣ
Аксар вақт сабаби пайдоиши тарс дар кӯдакон дар давраи томактабӣ ин муносибат бо ҳамсолон мебошад. Агар кӯдакро ба коллективи бачагон қабул накунанду хафа кунанд, пас ӯ ба боғчаи кӯдакона рафтан намехоҳад, то мавриди таҳқир ва писхандзанӣ қарор нагирад. Барои ҳалли ин вазъият Шумо бояд бо мураббии кӯдакистон ё равоншинос сӯҳбат кунед. Дар хотир дошта бошед, ки агар ба аҳволи фарзанди Шумо дар муассисаҳои томактабӣ ханданд, ӯ ба муҳаббат ва дастгирии зиёди Шумо ниёз дорад.
Ихтилофҳо
Ҷангу ҷанҷол дар байни кӯдакони синни томактабӣ хеле маъмул аст. Омилҳои зерин метавонанд, сабаби муноқишаҳо бошанд: табъи кӯдак, синну сол, сатҳи инкишофи муошират ва малакаҳои иҷтимоии ӯ. Шумо метавонед ин малакаҳоро тавассути бозӣ кардан бо фарзандатон инкишоф диҳед. Масалан дар раванди бозӣ Шумо метавонед вазъиятҳои асосии муноқишаи воқеиро тақлид кунед ва роҳҳои ҳал намудани онҳоро якҷоя бозӣ намоед.
Одатҳо
Бисёре аз кӯдакон одатҳои муайяни "бад", ба монанди хоидани нохунҳо ё кофтани бинӣ ва ғайра доранд, ки метавонанд одатҳои мазкур Шуморо ба ташвиш оранд. Чун қоида, чунин зуҳурот ҳангоми ба воя расидани кӯдак нест мешаванд. Агар Шумо бинед, ки чунин амалҳои кӯдак зиёд шуда истодаанд ва Шумо мустақилона мубориза бурда наметавонед, ба мутахассис муроҷиат кунед.
Дурӯғҳои кӯдакона
Дар давраи томактабӣ Шумо метавонед кӯдаки худро бо дурӯғҳои тасодуфӣ дастгир кунед. Қобилияти фиреб додан ё фиреб кардан - далели марҳилаи нави рушди кӯдаки Шумо мебошад. Шумо метавонед таҳлил кунед, ки дар кадом ҳолатҳо фарзандатон Шуморо фиреб медиҳад. Шояд сабаби ин рафтор тарсидани ӯ аз Шумо бошад. Ба ҷои барои дурӯғҳои хурд ҷазо додан, беҳтар аст, ки ба кӯдак қадр кардан ва иброз намудани ҳақиқатро таълим диҳед.
Шармгинӣ
Барои кӯдаки синни томактабӣ шармгинӣ рафтори муқаррарӣ аст. Агар фарзанди Шумо шармгин бошад ё барои мутобиқ шудан ба вазъияти нав вақт ба ӯ лозим бошад, кӯшиш кунед, ки ӯро дастгирӣ намоед. Шумо метавонед кӯдакро пешакӣ барои таҷрибаи нав омода созед ва дар бораи он ҳодисаҳое, ки рӯй медиҳанд, сӯҳбат кунед. Масалан: «Пагоҳ мо ба духтури дандон меравем. Дар он ҷо курсии калоне мебошад, ки ту бояд дар он нишаста даҳонатро кушода дандонҳоятонро ба духтур нишон диҳӣ. Ман бо ту хоҳам буд". Кӯдаки худро барои рафтори ҷасуронаи иҷтимоӣ, ба монанди посух додан ба дигарон, ба дигарон нигоҳ кардан ё дуртар бозӣ кардан аз Шумо ҳавасманд намоед.
Ғашкунӣ
Агар фарзанди Шумо одати ғашкунӣ дошта бошад, бояд дар хотир дошта бошед, ки ӯ то ҳол усулҳои қобили қабули баёни эҳсосоти худро меомӯзад. Агар сабабҳои рафтори бади кӯдак ба Шумо маълум бошад ва барои ислоҳи он кор карда истода бошед, пас Шумо хоҳед дид, ки пас аз чорсолагии кӯдак ғашкуниҳо хеле камтар мешаванд.
Агар кӯдаки Шумо дӯстони хаёлӣ дошта бошад, хавотир нашавед. Тахайюли кӯдакон усулҳои ифода намудани эҳсосот ва аз худ кардани малакаҳои иҷтимоиро пайдо мекунад.
Барои рафтори хуб нишон додани кӯдаки синни томактабӣ чи гуна ёрӣ расонидан зарур аст: маслиҳатҳо
Хотиррасон карданро истифода намоед
Ба кӯдаки синни томактабӣ чизеро дар хотир доштан ё ба чизе таваҷҷӯҳ кардан, хусусан вақте ки сухан дар бораи қоидаҳои муайяни рафтор меравад, душвор мебошад. Ба Шумо лозим аст, ки ба фарзандатон якчанд маротиба амалҳои муайянро хотиррасон кунед. Масалан, вақте ки Шумо аз боғи истироҳатӣ баромаданӣ ҳастед, кӯшиш кунед, ки бигӯед: "Мо ба зудӣ ба хона меравем". Баъд аз ин дар мавриди наздик омадани вақти рафтанатон боз ёдрас намоед: "Боз ба як аттраксион савор шав - ва мо меравем."
Эҳсосоти худро мубодила намоед
Агар кӯдаки синни томактабии Шумо дарк намояд, ки кадом рафтори ӯ ба Шумо таъсир мерасонад, эҳтимол ӯ бо Шумо ҳамфикрӣ намояд. Дар мавриди муошират бо кӯдак зуҳуротеро истифода намоед, ки дар он нишондиҳандаи ҳиссиёти Шумо низ бошанд. Шумо метавонед ба ӯ бигӯед: “Ман аз он нороҳат ҳастам, ки инҷо хеле пурғавғо мебошад ва ман бо телефон сӯҳбат карда наметавонам”. Дар мавриде, ки Шумо ба истифода бурдани ҷумлаҳо бо калимаи “ман” оғоз менамоед, он гоҳ ба кӯдак имконият медиҳед, ки рафтори худро ба хотири Шумо дигаргун намояд.
Муҳити атрофро тағйир диҳед
Дар бисёр мавридҳо Шумо метавонед бо тағйир додани муҳити атроф, рафторҳои мушкилро пешгирӣ ё камтар намоед. Масалан, агар кӯдаки синни томактабии Шумо аз сабаби худсарона гирифта бозӣ кардани бозичаҳояш аз тарафи кӯдаки хурдсолатон асабонӣ шавад, Шумо метавонед, ҷойи оромро, ки дар он кӯдаки калониат бозӣ карда метавонад, ёбед.
Интизоми кӯдакони синни томактабӣ ва назорати рафтори кӯдак
Интизом ба кӯдаки Шумо ёрӣ мерасонад, ки дар доираи қоидаҳои иҷтимоӣ ва меъёрӣ амал намояд.
Ташкил ва риоя намудани тартиби рӯз ба кӯдак кӯмак мерасонад, то ки қоидаҳои муайянро иҷро намояд.
Қоидаҳои оилавӣ – ҷанбаи калидии интизом барои кӯдакон дар ҳама сину сол мебошад. Онҳо рафтори кӯдакро ба самти мусбат, яъне мутлақо ба самти рафтори дилхоҳи Шумо равона менамояд. Кӯдакони синни томактабӣ метавонанд бисёр вақт қоидаҳоро фаромӯш ё рад намоянд ва бинобар ҳамин ҳам онҳоро дастгирӣ намудан ва хотиррасон кардан талаб карда мешавад.
Оқибат – усули мувофиқи равона намудани рафтори кӯдак аст, зеро ки ба кӯдак нишон медиҳад, ки кадом амалро бояд иҷро нанамояд. Ҳавасмандгардонӣ дар мавриди нишон додани рафтори хуб дар кӯдак ҳисси дар оянда худро мувофиқ нишон доданро бедор менамояд.
Ҷазоҳои ҷисмонӣ ба кӯдакон чи гуна рафтор намуданро намеомӯзонад, вале метавонад боиси зарарёбӣ шуда маҷбур мекунанд, ки онҳо аз Шумо тарсанд.
Муоширати гарму пур аз муҳаббат ин ҳавасманд намудани ӯ нисбат ба рафтори хубаш мебошад – ҳамаи ин ба инкишоф додани интизом мусоидат мекунанд.
Таъсири рафтори кӯдаки синни томактабӣ ба эҳсосоти Шумо
Дар мавриде, ки кӯдакатон рафтори бад мекунад, Шумо метавонед асабӣ шуда стресс бигиред.
Ба худ ғамхорӣ намоед: ғизогирии дуруст, миқдори кофии хоб ва фаъолияти ҷисмонӣ метавонанд ба Шумо кӯмак расонанд. Инчунин мумкин аст, ки дар бораи эҳсосоти худ ба шахсоне, ки нисбаташон боварӣ доред, яъне ҳамсаратон ё равоншинос нақл намоед.
Агар рафтори кӯдаки Шумо Шуморо ба ташвиш орад ё Шумо намедонед дар ин маврид чӣ кор кунед, ба мутахассис муроҷиат намоед.