Муносибат бо кӯдакони синни томактабӣ: ғояҳо ва маслиҳатҳо
Оиди муносибат бо кӯдакони синни томактабӣ
Муносибати бомеҳр барои некӯаҳволии фарзанди шумо бисёр муҳим аст.
Ҳангоми муносибати ғамхорона кӯдаки синни томактабӣ худро ором ва дилпур ҳис мекунад. Ин эҳсос ҳаёти кӯдакро дар ҳолатҳои душвор, ба мисли пандемияи ҷаҳонӣ оромтар мекунад. Он инчунин ба ӯ боварӣ мебахшад, ки ҷаҳони атрофро таҳқиқ кунад ва омӯзад. Дар баробари ин, фарзанди шумо фикр кардан, фаҳмидан, муошират кардан, рафтор кардан, эҳсосот нишон доданро ёд мегирад ва инчунин малакаҳои иҷтимоиро инкишоф медиҳад.
Муносибати шумо бо кӯдаки синни томактабӣ: чиро бояд интизор шуд
Дар ин синну сол, фарзанди шумо малакаҳои нутқ, малакаҳои ҳалли мушкилот ва малакаҳои иҷтимоиро инкишоф медиҳад. Дар натиҷа, муносибати шумо метавонад тағир ёбад.
Вақте ки кӯдаки синни томактабии шумо қобилияти истифода ва фаҳмидани нутқро инкишоф медиҳад, шумо метавонед сӯҳбатҳои муфассалтаре дошта бошед. Ин як имкониятест, ки дар ҳақиқат фикру ҳиссиёти фарзандатонро фаҳмед. Ин як лаҳзаи муҳим дар ташаккули муносибатҳои шумо бо фарзандатон аст.
Мумкин аст, ки кӯдак дар бораи ҷаҳони атроф саволҳои зиёди «чӣ», «чаро», «куҷо», «кӣ» ва «чӣ гуна» дорад. Ва ҳоло ӯ метавонад шарҳҳои мураккабтарро фаҳмад.
Кӯдакони синни томактабӣ аллакай калимаҳоро барои ифодаи эҳсосот, аз қабили «хурсандӣ», «ғусса», «ғазаб» ё «ҳайрат» хубтар дарк мекунанд ва истифода мебаранд. Ва фарзанди шумо метавонад дарк кунад, ки одамони дигар низ ин ҳиссиётро эҳсос мекунанд. Ин малакаҳои эмотсионалии инкишофёбанда барои муносибатҳои ӯ бо шумо ва дигарон айни замон ва дар оянда муфиданд.
Ташаккули муносибатҳои мустаҳкам бо кӯдаки синни томактабӣ: маслиҳатҳо
- Вақте ки кӯдак бо шумо сӯҳбат мекунад, нишон диҳед ки шумо ба ӯ гӯш медиҳед. Аз коре, ки карда истодаед барканор шавед, бо чашм тамос гиред, ба чеҳра ва имову ишораҳои фарзандатон диққат диҳед ва ибораҳои «Дар ҳақиқат?», «Шавқовар» ё «Баъд чӣ шуд?»-ро истифода баред.
- Ба фарзандатон таваҷҷӯҳи мусбии кофӣ диҳед. Ин маънои онро дорад, ки ба шумо лозим меояд, ки вақт пайдо кунед, то бо фарзандатон чизи дӯстдоштаи ӯро анҷом диҳед - масалан, барои ҷамъоварии муаммоҳо ё Лего. Ҳатто агар шумо ба машғулиятҳои ӯ дар муддати кӯтоҳ (масалан, 15 дақиқа) ҳамроҳ шавед, ин ба кӯдак нишон медиҳад, ки шумо ба коре, ки ӯ машғул аст, шавқ доред ва аз вақтгузаронӣ бо ӯ лаззат мебаред.
- Вақте ки фарзандатон ба шумо саволҳои зиёд медиҳад, кӯшиш кунед, ки сабр кунед ва ӯро ташвиқ кунед, ки ба ҳама чиз таваҷҷӯҳ зоҳир кунад. Агар ӯ ба шумо саволе диҳад, ки ҷавобашро намедонед, шумо метавонед дар интернет якҷоя ҷавобро ҷустуҷӯ кунед ё аз дӯстон ё хешовандон пурсед.
- Агар кӯдаки синни томактабии шумо дар бораи мавзӯҳои душвор савол диҳад, бо забони содда ва ҷумлаҳои кӯтоҳ ҷавоб диҳед, то фарзанди шумо дар бораи чӣ гап заданатонро фаҳмад: “Бале, ҳозир дар вақти COVID-19 барои ҳама душвор аст, зеро ту наметавони бо дӯстони худ бозӣ кунӣ. Аммо гап дар он аст, ки мо мехоҳем, ки ҳама солим бошанд. Агар ту хоҳӣ, ки ба касе бозичаи нави худро нишон диҳӣ, пас биё инро тавассути видео иҷро кунем”.
- Якҷоя бозиҳои калима ё бозиҳои оддии рӯимизӣ ё кортро бозӣ кунед. Ин гуна бозиҳо, ки бо навбат ягон кор кардан ё гап задан лозим аст, ба фарзандатон кӯмак мекунанд, ки чӣ гуна бозӣ кардан ва бо одамон муомила карданро ёд гирад.
- Якҷоя китоб хонед. Хониши мунтазами якҷоя - имконияти беназир барои мустаҳкам кардани муносибатҳои шумост.
- Агар имконпазир бошад, бо тамоми оила наҳорӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ё шомро якҷоя хӯред. Вақт дар сари дастурхони оилавӣ ба таҳкими муносибатҳои оилавии шумо ва ҳисси мансубияти фарзандатон мусоидат мекунад.
- Кӯдаки синни томактабиро ташвиқ кунед, ки ба шумо дар корҳои хона ёрӣ расонад, масалан дар густурдани дастурхон ё ҷобаҷо кардани либосҳои ҷомашӯи карда. Ин ба фарзандатон нишон медиҳад, ки шумо ба ӯ дар иҷрои вазифаҳои масъулиятнок бовар мекунед. Иҷрои корҳои хона кӯмак мекунад, ки кӯдаки синни томактабии шумо худро «калонсол» ва масъулиятнок ҳис кунад.
Инчунин муҳим аст, ки дар бораи худ ғамхорӣ кунед. Ҳатто агар шумо дар як рӯз барои анҷом додани коре, ки ба шумо маъқул аст, ба мисли сайру гашт ё хондани маҷалла ҳамагӣ чанд дақиқа вақт пайдо кунед, он метавонад ба қобилияти шумо барои анҷом додани ҳамаи корҳо таъсири калон расонад. Худро эҳтиёт кардан барои некӯаҳволии шумо ва аз ин рӯ барои муносибати шумо бо кӯдак ва рушди ӯ муҳим аст.