Муносибатҳои хуб дар оила: чӣ гуна онҳоро фароҳам меоранд

Муносибатҳои хуби оилавӣ ба кӯдак ҳисси амният ва муҳаббат мебахшад. Барои барқарор намудани муносибатҳои солими оилавӣ ба ҳамдигар вақт ҷудо кунед, муошират кунед, якҷоя корҳои хонаро анҷом диҳед ва ҳамдигарро қадр кунед.
Body

Чаро муносибатҳои оилавӣ ин қадар муҳиманд

Муносибатҳои солими оилавӣ танҳо аз он сабаб хуб мебошад, ки ба одамон узви оилаи ғамхор ва меҳрубон будан ҳаловатбахш аст.

Дар баробари ин некуаҳволии оилавӣ бо сабабҳои дигар низ муҳим аст, аз ҷумла:

  • кӯдакон худро бехатар ва маҳбуб эҳсос менамоянд, ки ин ба инкишофи равонии онҳо ба таври мусбӣ таъсир мерасонад.
  • дар муҳити хуби оилавӣ бартараф кардани мушкилоти ғизоӣ, хоб,  таълим ва рафтории кӯдакон осонтар аст;
  • инчунин пайдо намудани роҳҳои ҳалли мушкилот ва низоъҳо;
  • бо мурури мутақилияти бештар пайдо кардани  кӯдакон, Шумо ва онҳо ақидаҳои гуногунро эҳтиром карданро меомӯзед;
  • кӯдакон малакаҳоеро меомӯзанд, ки барои сохтани муносибатҳои солими худ заруранд. 

Аз ҳамин сабаб Шумо бояд муносибатҳои солимро бо кӯдакон ва дигар аъзоёни оила инкишоф дода роҳҳои беҳтар кардани онҳоро ҷустуҷӯ намоед.

Ҳамчун волидайн Шумо натанҳо ҳама кори аз дастатон меомадаро барои фарзандонатон мекунед, балки эҳтимолан Шумо нигоҳубини кӯдакро бо кор, дӯстон, корҳои хона ва ғайра омезиш медиҳед. Дар баробари ин, ҳатто волидайни серкортарин барои фароҳам овардани фазои мусоид дар оила имкониятҳои зиёде доранд. Муносибатҳои хуби оилавӣ - хусусияти муҳими оилаҳои мустаҳкам мебошанд. Калиди оилаи мустаҳкам муҳаббат, эҳсоси амният, муошират ва якдилӣ буда, инчунин мавҷудияти қоидаву анъанаҳои муайян мебошад.

Истироҳати муштарак ва муносибатҳои оилавӣ

Шумо метавонед бо тамоми аъзоёни оила дар ҳама ҷо хуб вақт гузаронед. Муҳим он аст, ки онро бо манфиатҳои максималӣ иҷро намоед. Якчанд маслиҳатҳои зарурӣ:

  • Барои сӯҳбат кардан ва хандидан фосилаи муштараки вақтро истифода баред. Хӯроки шоми оилавӣ ё савори мошин шудан имконияти хубест барои аз ҳамдигар пурсидани чӣ гуна гузаштани рӯзи Шумо мебошад.
  • Барои мустаҳкам намудани муносибатҳои шахсӣ имконияти муошират намудан бо ҳамаи аъзоёни оила дар алоҳидагиро пайдо намоед. Масалан, пеш аз хоб бо ҳар як кӯдак панҷ дақиқа сӯҳбати самимӣ анҷом диҳед.
  • Барои муоишират бо дӯстдоштаатон вақт пайдо кунед. Ба кӯдакон фаҳмонед, ки барои муносибат намудани ӯ ва Шумо хеле муҳим аст, ки барои худ вақт ҷудо кунед.
  • Бо ҳамаи аъзоёни оилаи худ мунтазам ягон кори шавқовар анҷом диҳед. Дар рӯзҳои истироҳат анъанаи тӯббозӣ карданро бо ҳамаи аъзоёни оила ба роҳ монед ё як шаби ҳар ҳафта бозиҳои рӯимизӣ баргузор намоед.
  • Якҷоя фикр кунед, ки чӣ гуна ҳодисаҳои махсус, аз ҷумла рӯзи таваллудро ҷашн гиред. Ҳатто кӯдакони хурдсол метавонанд дар тарҳрезӣ иштирок намоянд.

Муоширати мусбат ва муносибатҳои оилавӣ

Муоширати мусбат маънои онро дорад, ки Шумо ҳамеша вақт доред, то ҳамдигарро бебаҳогузорӣ ва бо рӯирост изҳор кардани фикру эҳсосоти худ гӯш кунед. Вақте ки муоширати мусбат дар оила қабул карда мешавад, ҳар як аъзои оила эҳсос мекунад, ки дигарон онҳоро мефаҳманд, эҳтиром менамоянд ва қадр мекунанд. Он танҳо муносибатро мустаҳкам мегардонад.

Шумо метавонед ғояҳои зеринро истифода баред:

  • Вақте ки фарзандатон ё ҳамсари Шумо сӯҳбат кардан мехоҳад, кори худро як тараф гузошта ӯро бодиққат гӯш кунед. Ба ӯ вақт диҳед, то фикр ё эҳсосоти худро баён кунад.
  • Барои сӯҳбат дар мавридҳои душвор, аз ҷумла эътироф кардани хатогиҳо, инчунин ҳама гуна эҳсосот, аз ҷумла хашм, шодӣ, ноумедӣ, тарс ва изтироб кушода бошед. 
  • Ба сӯҳбатҳои тадриҷӣ омода бошед. Кӯдакони хурдсол аксар вақт дӯст медоранд, ки дигарон ҳангоми оббозӣ кардан ё хоб рафтан дар бораи он чизе, ки онҳоро ба ҳаяҷон меорад, сӯҳбат кунанд.
  • Фарзандони худ ва шахси дӯстдоштаи худро ситоиш кунед. Масалан: «Ин хеле хуб аст, вақте ки аз ту партофтани партов талаб карда намешавад ва худат онро бурда мепартоӣ.  Ташаккур!".
  • Муҳаббат, қадрдонӣ ва дастгириро тавассути сухан ва муҳаббат изҳор намоед. Ибораи "Ман туро дӯст медорам", ки ба кӯдак гуфта мешавад маънои бениҳоят зиёд дорад.

Муоширати мусбати ғайришифоҳӣ

На ҳама муошират шифоҳӣ ба амал меояд, аз ин рӯ муҳим аст, ки ба эҳсосоте, ки фарзандон ва ҳамсари Шумо ба тарзи ғайришифоҳӣ изҳор мекунанд, диққат диҳед. Инчунин муҳим аст, ки дар бораи паёмҳои ғайришифоҳие, ки Шумо мефиристед, дар хотир доред. Ба оғӯш гирифтан, бӯса кардан ва тамоси чашмӣ - нишонаи он аст, ки Шумо мехоҳед ба кӯдаки худ наздиктар шавед. Вале вақте, ки Шумо ягон корро якҷоя бо оҳанги хашмгин ё чеҳраи хира ба анҷом мерасонед, ин амал нишон медиҳад, ки Шумо ин амалро ба зӯрӣ анҷом медиҳед.

Муносибатҳои оилавӣ ва фаъолияти ҳамоҳангшуда

Вақте ки оила муттаҳид аст, ҳама дастгириро ҳис мекунанд ва имкон доранд дар иҷрои ягон амал саҳм гузоранд. Вақте ки ҳама нақшҳои худро донад, дар даста кор кардан осонтар мешавад: пас ҳама дорои интизориҳои муайян ва дарки ҳудуди фаъолият мебошад. 

Шумо метавонед бо усулҳои зерин кори дастаҷамъиро ҳавасманд намоед:

  • Ҳар кас бояд дар хона ба иҷрои ягон кор ӯҳдадор бошад. Ҳатто кӯдакони хеле хурдсол эҳсоси узви ҷомеа буданро дӯст медоранд - аққалан, дар баъзе мавридҳо.
  • Бигзор кӯдакон дар қабули қарорҳо дар бораи чорабиниҳои оилавиву идҳо ва тартиб додани қоидаҳо иштирок кунанд. Бигзор ҳама, аз ҷумла наврасон, фикри худро гӯянд. Шумо метавонед ин корро дар ҷамъомадҳои оилавӣ ба роҳ монед.
  • Бигзор кӯдакон барои худашон мустақилона қарор қабул кунанд. Чӣ тавр қабул кардани қарор аз маҳорату синну сол ва инчунин аз ҳудудҳои муқарарнамудаи Шумо вобаста мебошад. Масалан, кӯдаки панҷсола метавонад худаш тасмим бигирад, ки барои ба боғча рафтан кадом либосро пӯшад, вале ӯ танҳо аз дарс мустақилона ба хона рафтан наметавонад.
  • Қоидаҳои оилавиеро тартиб диҳед, то ба таври возеҳ нишон диҳанд, ки ҳама бояд бо ҳамдигар чӣ гуна муносибат ва ғамхорӣ кунанд. Масалан: "Дар оила мо бо ҳамдигар бо эҳтиром сӯҳбат мекунем." Ба шарофати чунин қоидаҳо ҳама бо ҳамдигар муомилаи хуб пайдо мекунанд ва зиндагии оилавӣ оромтар мешавад.
  • Масъалаҳоро якҷоя ҳал кунед. Хамдигарро гуш кунед, оромона фикр кунед, вариантхои гуногунро муҳокима кунед, ба фикри дигарон эҳтиром гузоред, роҳҳои ҳалли конструктивӣ ва созишро ҷустуҷӯ намоед.

Қобилияти қадр кардани якдигар ва муносибатҳои оилавӣ

Қобилияти қадр кардани ҳамдигар - асоси муносибатҳои хуби оилавӣ мебошад. Баъзе усулҳои нишондиҳандаи он, ки Шумо оилаи худро қадр мекунед:

  • Аз ҳаёти ҳамдигар бохабар бошед. Барои якҷоя ба мусобиқаҳо, намоишҳои бадеӣ ва дигар чорабиниҳо рафтан вақт ҷудо кунед.
  • Ҳангоми муҳокима намудани рӯйдодҳои рӯз, ҳамаро ба раванди сӯҳбат ҷалб кунед. Масалан: "Амина, имрӯз барои ту чӣ аз ҳама муҳим буд?".
  • Ҳикояҳо ва лаҳзаҳои хотирмони оилавиро мубодила кунед. Ҳамин тавр, кӯдакон метавонанд чизҳоеро, ки ба онҳо назаррас нестанд, ёд гиранд ё он чизеро, ки фаромӯш кардаанд, ба ёд оранд. Масалан, дастовардҳои варзишии модарро дар ҷавониаш ва ё чӣ гуна ёрӣ расонидани хоҳари калониро дар мавриди таваллуд шудани кӯдаки хурдӣ нақл кунед.
  • Фарқият, истеъдод ва қобилиятҳои худро дарк карда ҷиҳатҳои нерӯманди якдигарро истифода баред.