Эҳсосот ва бозӣ: кӯдакони синни томактабӣ

Кӯдаки Шумо изҳор намудани эҳсосот ва идора намудани онро меомӯзад. Барои Шумо ва фарзандатон ин хабари хуш аст, зеро ки ӯ пас аз ин камтар хафа мешавад ва каме батоқат шуда, ҳамзамон ғаш намуданаш низ кам мегардад.
Body

Эҳсосот ва бозӣ барои кӯдакони синни томактабӣ

Кӯдакони синни томактабӣ ҳамеша ва махсусан дар мавриди бозӣ кардан эҳсосотро дарк менамоянд.

Бозӣ – ин усули ягонаи табиии омӯзиш ва инкишофи кӯдак мебошад. Бозӣ ба кӯдакони синни томактабӣ имкон медиҳад, ки ҳиссиёти худро иброз намуда идора намудани онро тамрин намоянд.

Аз кӯдакони синни томактабӣ чиро интизор шудан мумкин аст ва эҳсосоти онҳо дар ин маврид

Тақрибан дар синни 3-4 солагӣ кӯдаки Шумо эҳтимол малакаҳои зеринро амалӣ карда тавонад:

  • истифода бурдани калимаҳо, барои тавсифи ҳиссиёти асосӣ ба монанди ғамгинӣ, хурсандӣ, хашм ва изтироб;
  • ҳамдардӣ ва дарк намудан дар мавриди иҷро кардани ягон амали нодуруст, ки эҳтимол лозим меояд, ки Шумо низ дар ин бора якчанд маротиба ӯро хотиррасон намоед;
  • зоҳир намудани саховатмандӣ ва нишон додан, ки ғояи мубодила кардан бо якдигар аз чӣ иборат аст, вале интизор нашавед, ки ӯ ҳамеша чизеро бо дигарон мубодила мекунад.

Дар синни 4-5 солагӣ кӯдаки Шумо эҳтимол малакаҳои зеринро амалӣ карда тавонад:

  • Истифода бурдани калимаҳо, барои тавсифи ҳиссиётҳои нисбатан мураккаб, аз ҷумла ғамгинӣ, хашмгинӣ ва изтироб.
  • Пинҳон намудани ҳақиқат, дар бораи чизе, ки ӯ дар мавриди иҷроиши он гуноҳ, изтироб ва тарсро эҳсос менамояд. Ҳатто ӯ амалро иҷро намуда, метавонад гӯяд, ки «Ман инро накардам».
  • Хуб идора намудани эҳсосоти вазнин, аз ҷумла хашм, ғамгинӣ ва дилозрудагӣ, вале дар мавриди он кам ғаш мекунад.
  • Дилбастагии зиёд нисбат ба Шумо – масалан кӯдаки Шумо метавонад пеш аз рафтани Шумо ба сафар ба ҷои ношинос, ба меҳмонӣ дар рӯзи таваллуд ба изтироб ояд.

Аз синни 5 солагӣ кӯдаки Шумо эҳтимол макалакаҳои зеринро амалӣ карда тавонад:

  • истифода бурдани калимаҳо, барои тавсифи ҳиссиётҳои нисбатан мураккаб, аз ҷумла дилозорӣ, гуноҳ ва кина;
  • ҳиссиёти худро нисбат ба дигарон хубтар дарк намуда дар асоси онҳо амал менамояд – масалан кӯдаки Шумо метавонад нисбат ба дӯстону наздикон меҳрубон шуда бештар мехоҳад ба онҳо ёрӣ расонад;
  • кӯшиши зиёд менамояд, ки ба ҳолати ногувор наафтад;
  • дар мавриди интизор шудани чизе тоқатпазир мешавад.

Бозиҳо барои барангехтани эҳсосоти кӯдакони синни томактабӣ

Бозӣ кардан бо Шумо ва дигар кӯдакон ба кӯдакони синни томактабӣ кӯмак менамоямд, ки онҳо ҳиссиёти худро омӯзанд ва дарк намоянд. Якчанд маслиҳат барои бозиҳои муштарак:

  • Бозиҳоеро фикр карда бароред, ки дар мавриди машғул шудан ба онҳо аз ифлос шудан масалан бо қум, лой ё ранг хавотир намешавед. Ин барои кӯдакон як роҳи хуби баён кардани эҳсосот ба монанди шодӣ ё ғамгинӣ аст.
  • Барои фарзандатон бозиҳоеро фикр карда бароед, ки тасаввурот ё эҷодкории Шуморо талаб мекунанд. Фарзандатон метавонад эҳсосоти худро бо кӯмаки лӯхтакҳо ё бозичаҳо изҳор намояд ё либосҳоро барои либосивазкуниву бозиҳои тақлидкорона истфода барад. Масалан, кӯдаки синни томактабии Шумо метавонад худро шахси меҳрубон ва хавотиршуда ба монанди духтур ё муаллим вонамуд кунад.
  • Бо кӯдакатон ба кӯча бароед, то фарзанди Шумо дар боғи истироҳатӣ ё майдони кушоде, ки дар он ҷо имконияти давидан, ғелидан ва ҳаракат кардан ҳаст, бозӣ кунад. Ин ба кӯдак кӯмак менамояд, ки эҳсосот ва энергияро хориҷ кунад.
  • Фарзандатонро ташвиқ кунед, ки барои изҳор намудани хоҳиши худ расм кашад. Дар ҳолати хафа ё ғамгин шудан, расмкашӣ метавонад фарзандатонро ором ва хурсанд намояд.  
  • Вақте ки кӯдакатон мехоҳад дар зери садои  мусиқӣ ҷастухез кунад ва рақсад ӯро дастгирӣ намоед ва ё бо истифода аз асбобҳои оддӣ мусиқӣ навозед.
  • Ҳикояҳоеро хонед, ки дар онҳо қаҳрамонҳо вазъият ва эҳсосоти бо ҳиссиёти фарзанди Шумо монандро аз сар мегузаронанд. Ин ба фарзанди Шумо кӯмак мекунад, ки эҳсосоти барои ӯ нав, ба монанди андӯҳгин шудан аз марги ҳайвоноти хонагӣ ё ташвиш кашидан дар мавриди мактабравиро дарк намояд.
  • Ба фарзандатон имконият диҳед, ки бо кӯдакони синну соли гуногун бозӣ кунад. Ҳангоми бозӣ бо кӯдакони дигар фарзанди Шумо метавонад эътироф намудан, идора кардан ва вокуниш нишон додан нисбат ба эҳсосотро омӯзад.

Агар кӯдаки Шумо дар ягон маврид худро масъул ҳис кунад, эҳтимол, барои ӯ изҳор намудани эҳсосот осонтар аст. Ба кӯдак иҷозат додан муфид аст, ки кадом намуди бозӣ ва чӣ гуна бозиро иҷро кардан мехоҳад.

Ҳама кӯдакон бо суръатҳои гуногун инкишоф меёбанд. Агар Шумо дар бораи ягон ҷиҳати инкишофёбии кӯдаки худ хавотир бошед, бо ӯ сӯҳбат намуда аз ҳамшираи тибби назораткунанда, табиби оилавӣ/педиатр ё мураббия машварат гиред.