Истифодабарии танаффус (тайм-аут) барои идораи рафтори кӯдак
Тайм-аут чист?
Тайм-аут ин ҳолатест, ки шумо машғулияти шавқовари кӯдакро қатъ мекунед ва ба муддати кӯтоҳ ба ӯ аҳамият намедиҳед.
Ҳангоме ки фарзанди шумо рафтори номуносиб мекунад, барои идора кардани рафтори кӯдак тайм-аутро истифода бурдан мумкин аст.
Тайм-аут дар мавриди ҷой доштани муносибатҳои гарму меҳрубононаи байни волидайну кӯдак ва дар якҷоягӣ бо дигар стратегияҳои идоракунии рафтор - масалан, дар якҷоягӣ бо пешгирии рафтори душвор (ҷалби диққат; бо ягон чиз банд кардани кӯдак) ва ташвиқи рафтори шоиста таъсири бештар дорад.
Тайм-аут чӣ гуна таъсир мерасонад
Ҳангоми оқилона истифода бурдани тайм-аут, он метавонад ба як воситаи пурқуввате табдил ёбад, ки ба кӯдакон чӣ гуна рафтор карданро меомӯзонад. Аммо, дуруст истифода бурдани он муҳим аст. Мақолаи мазкур барои истифодаи дурусти ин стратегия кӯмак мерасонад.
Ҳатто кӯдакони хурдсол метавонанд дарк намоянд, ки агар онҳо рафтори нодуруст кунанд, имконияти дар муддати кӯтоҳ аз даст додани дастрасӣ ба одамони дигар ва чизҳои ҷолиб вуҷуд дорад. Тайм-аут инчунин ба фарзанди шумо имкон медиҳад, то дар бораи ҳодисаи рӯйдода ва тағир додани рафтори худ дафъаи дигар ҳангоми ҷой доштани чунин ҳодиса, фикр кунад.
Илова бар ин, дар муқоиса бо дигар усулҳои тарбия, аз қабили ҷазои ҷисмонӣ, тайм-аут бо эҳтимоли камтар ба эҳсоси хашм, шарм ва тарсу ҳарос оварда мерасонад.
Вақте ки муносибат ва вақтгузаронии якҷояи умо бомеҳру муҳаббат бошанд ва интизориҳои шумо нисбати рафтор ба синну соли фарзандатон мувофиқанд, тайм-аут таъсири хуб мерасонад. Агар рафтори фарзандатон ё дигар ҳолатҳои ҳаёти шумо ба эҳсосоти умо нисбати ӯ таъсир расонад, бо духтур ё дигар мутахассис сӯҳбат кунед.
Вақт барои ором шудан ва тайм-аут
Ду намуди чунин стратегия вуҷуд дорад: вақт барои ором шудан ва тайм-аут.
Вақт барои ором шудан
Ин вақтест, ки шумо ягон вазъиятро қатъ мекунед, аммо кӯдакро ба ҷои дигар намефиристед. Масалан, агар шумо дар боғи истироҳатӣ бошед, метавонед ба фарзандатон гӯед, ки панҷ дақиқа дар зери дарахт нишаста ором шавад. Агар шумо дар хона бошед, метавонед аз фарзандатон хоҳиш кунед, ки дар як ҳуҷра бо шумо дар ягон курсӣ нишинад.
Агар фарзанди шумо дар ин ҳуҷра ором нишастан нахоҳад, метавонед дар як ҳуҷраи дигар тайм- аут пешниҳод кунед.
Тайм-аут
Дар вақти тайм-ау кӯдаки шумо, агар ӯ рафтори нодуруст кунад, ба ҷои пешакӣ барои тайм-аут пешбинишуда, масалан, ба ҳуҷраи холӣ ё долон меравад. Ҷой барои тайм-аут - одатан як ҳуҷраи бехатар ва дилгиркунанда ё ҷойе мебошад, ки бозичаву бозӣ надорад.
Шумо метавонед дарро кушода гузоред, аммо агар фарзандатон пеш аз иҷозат додан ба берун равад, метавонед то анҷоми мӯҳлати тайм-аут дарро пӯшед. Ин метавонад барои пешгирӣ кардани ҷанҷол ва хархаша байни Шумову фарзандатон кӯмак расонад.
Агар тайм-аут боиси сар задани рафтори хашмгинонаву бад – аз ҷониби Шумо ё фарзандатон гардад, пӯшидани дар метавонад қарори дуруст бошад. Дари кушода метавонад барои назорат кардан ба фарзандатон дар вақти тайм-аут имкон диҳад.
Дар хотир доред, ки тайм-аут на ҳамеша имкони аз вазъият баромадан аст. Баъзан рафтори густохона аз он сабаб рӯй медиҳад, ки фарзандатон худашро бад ҳис мекунад, дар оилаи Шумо ягон мушкилот вуҷуд дорад ё бо ягон сабаби дигар, аз ҷумла дар марҳилаи муайяни инкишофи кӯдакатон. Ҳангоми интихоб намудани стратегияи идоракунии рафтори фарзандатон инро дар хотир нигоҳ доред.
Чӣ тавр тайм-аутро дар оилаи худ ҷорӣ кардан мумкин аст?
Инак, якчанд ҷиҳатҳое, ки пеш аз оғози истифодаи стратегияи тайм-аут дар бораи он фикр кардан лозим аст.
Шумо кадом стратегияҳои нигоҳдории оромиро истифода мебаред?
Пеш аз ҳама, вақте ки шумо тайм-аутро истифода мебаред, ором будан муҳим аст. Агар шумо ҳис кунед, ки стресс доред, кӯшиш намоед якчанд нафаси чуқур кашед, то ин ки ҳам аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва ҳам рӯҳӣ бароҳат шавед.
Кӯдаки Шумо чандсола аст?
Тайм-аут барои кӯдакони 3-8 сола метавонад стратегияи муфид бошад. Кӯдакони то се сола одатан барои тайм-аут омода нестанд. Беҳтар аст, ки усулҳои дигареро, ки дар мақолаҳои дигар тавсиф шудаанд, истифода баред.
Вақте ки фарзанди шумо калонтар мешавад, метавонед ӯро ба тартиб додани қоидаҳои оилавӣ ҷалб намоед.
Оё ҳоло барои ин вақти мувофиқ аст?
Баъзан дар кӯдакон ҳангоми пайдо шудани тағйирот дар ҳаёташон - масалан, таваллуд шудани бародар ё хоҳар, ба ҷойи дигар кӯчидани оила ва ё рафтани кӯдак ба кӯдакистон ё мактаб, рафтори душвор ба вуҷуд меояд. Пандемияи ҷаҳонӣ дар оила стрессро ба вуҷуд оварда ҳам ба калонсолон ва ҳам кӯдакон таъсир мерасонад.
Дар чунин ҳолатҳо ба кӯдак барои ба тағйиротҳо мутобиқ шудан вақт дода, дар бораи усулҳои дигари ҳавасмандгардонии рафтори хуби ӯ фикр кардан лозим аст.
Шумо аз болои кадом рафтор кор кардан мехоҳед?
Оид ба рафтори кӯдаки худ фикр карда ба хулосае оед, ки кадом рафторҳои ӯро тағйир додан мехоҳед – масалан, оиди он, ки ӯ занозанӣ ё ҷанҷолу хархаша накунад. Дар назар дошта бошед, ки кор аз болои як амали муайян беҳтар аст, назар ба якбора кор кардан аз болои зуҳуротҳои гуногун. Вақте ки як рафтори муайян бартараф шуд, мумкин аст ба дигар рафтори ҳалталаб – масалан, ислоҳ кардани одати партофтани бозичаҳо гузаред.
Барои оромшавӣ ва тайм-аут чӣ қадар вақт бояд ҷудо карда шавад?
Самаранокии усул ба давомнокии он вобастагӣ надорад. Роҳнамои тавсияшаванда - барои ҳар як соли синни кӯдак як дақиқа буда, набояд аз панҷ дақиқа зиёд бошад - масалан, се дақиқа барои кӯдаки сесола ва панҷ дақиқа барои кӯдакони 5-8 сола. Шумо метавонед сониясанҷро барои назорат намудани вақт истифода баред.
Оё Шумо пеш аз фиристодани кӯдак ба тайм-аут огоҳӣ медиҳед?
Ин аз вазъият ва фарзанди шумо вобаста мебошад. Шумо метавонед ба фарзандатон имконият диҳед, ки пеш аз истифодаи тайм-аут рафтори худро тағйир диҳад. Ё шумо метавонед қарор диҳед, ки барои баъзе рафторҳо, ба монанди занозанӣ ё газидан, тайм-аути фаврӣ лозим аст.
Агар шумо пешакӣ огоҳ кунед, ки тайм-аут медиҳед, он гоҳ ҳатман дар мавриди тағйир наёфтани рафтори фарзандатон онро иҷро кунед. Дар акси ҳол, тайм-аут таъсир намекунад.
Шумо инро ба кӯдак чӣ гуна шарҳ медиҳед?
Агар шумо ин стратегияро қаблан истифода накарда бошед, ба шумо лозим меояд, то фаҳмонед, ки кадом рафтор боиси тайм-аут мегардад ва маҳз чӣ рӯй медиҳад. Беҳтарин вақт барои чунин сӯҳбат - вақте мебошад, ки шумо ҳарду ором ҳастед. Кӯдакони хурдсол инчунин ба ёдраскунӣ ва кӯмаки иловагӣ дар дарки робитаи байни рафтори онҳо ва тайм-аут ниёз доранд.
Барои кӯдакони хурдсол шумо метавонед ба воситаи бозичаи нарм, лӯхтак ё ҳатто калонсолони дигар чӣ ҳодиса рӯй доданашро фаҳмонед.