Бехатарӣ дар Интернет: кӯдакони синни 3-5 сола
Чаро бехатарии интернетӣ муҳим аст
Ба кӯдакони синни томактабӣ ба Интернет ворид шуда тамошо кардани видео ё бозӣ кардан маъқул аст. Онҳо метавонанд ин корро тавассути телефонҳои мобилӣ, планшет, телевизор ва дигар дастгоҳҳо анҷом диҳанд.
Гарчанде ки барои кӯдакони синни томактабӣ хатарҳо ба бехатарии интернетӣ вуҷуд доранд, вале онҳо чун кӯдакони синни калонтар дорои хатари баланд нестанд, зеро онҳо имкони истифодаи мустақилонаи интернетро надоранд.
Агар як қатор чораҳои амалӣ андешида шаванд, Шумо метавонед фарзанди худро аз контент ва фаъолиятҳои хатарнок ё номуносиб муҳофизат намоед. Кӯдаки Шумо метавонад аз Интернет пурра истифода барад, ки фазои омӯзиш, тадқиқот, эҷодкорӣ ва муошират бо оилаву дӯстонаш фароҳам меорад.
Хатарҳо дар Интернет барои кӯдакони синни томактабӣ
Се намуди асосии таҳдидҳои бехатарии интернетӣ ба кӯдакон вуҷуд доранд:
- Хатарҳои ба контент алоқаманд: ин хатарҳо контентҳоеро дарбар мегиранд, ки боиси худро ғамгин ё нороҳат ҳис кардани кӯдакон мегарданд. Масалан, саҳнаҳои зӯроварӣ, муносибати бераҳмона нисбати ҳайвонот ё мавзӯъҳое, ки барои кӯдакони калонтар пешбинӣ шудаанд.
- Хатарҳои бо тамос алоқаманд: ин хатарҳоеро дарбар мегирад, ки дар мавриди он кӯдакон бо одамони ношинос дар тамос мешаванд. Масалан, кӯдак метавонад афзоракҳоро барои муошират истифода барад ва бо одамони ношинос сӯҳбат кунад.
- Хатарҳои ба рафтор алоқаманд: ин хатарҳо амалҳоеро дарбар мегиранд, ки метавонанд ба дигарон зарар расонанд. Масалан, кӯдак метавонад бозиеро, ки дӯст, бародар ё хоҳар сохтааст, нобуд созад. Хатарҳои дигари рафторӣ ин хариди тасодуфии дохили афзорак мебошад.
Чӣ тавр кӯдаки худро дар Интернет муҳофизат кардан лозим аст: маслиҳатҳо
Шумо дар пешгирӣ намудани хатари таҳдидҳои интернетӣ ба фарзандатон нақши калидӣ мебозед. Шумо бисёр амалҳоро иҷро карда метавонед, ки барои пешгирӣ кардани хатари дар Интернет буда, ба кӯдаки синни томактабии Шумо кӯмак мерасонанд.
Якчанд маслиҳат оид ба бехатарии интернетӣ:
- Якҷоя бо фарзанди худ аз дастгоҳҳои рақамӣ ва интернет истифода баред ё боварӣ ҳосил кунед, ки Шумо дар наздикии ӯ ҳастед ва аз чӣ кор кардани фарзандатон огоҳ мебошед. Ҳамин тавр, агар ӯ аз чизҳои дидааш ғамгин шавад ё ба изтироб ояд, Шумо метавонед зуд вокуниш нишон диҳед.
- Ҷадвали истифодаи воситаҳои алоқаро тартиб диҳед. Дар ҷадвал Шумо метавонед як қатор чизҳо, аз ҷумла минтақаҳои бегаджетӣ дар хона, қоидаҳои бехатарии интернетӣ, ки ифшои маълумоти шахсиро манъ мекунанд ва инчунин барномаҳо, бозиҳо ва афзоракҳое, ки истифодаи онҳо ба фарзанди Шумо иҷозат дода шудааст, муайян кунед.
- Аз системаҳои ҷустуҷӯии барои кӯдакон мутобиқгардонидашуда, ба монанди Kiddle ё провайдерҳои контентӣ, аз ҷумла ABC Kids, CBeebies, YouTube Kids ё KIDOZ истифода баред.
- Бисанҷед, ки бозиҳо, вебсайтҳо ва барномаҳои телевизионӣ барои фарзанди Шумо мувофиқ мебошанд.
- Боварӣ ҳосил кунед, ки бародарону хоҳарони калонтар ҳангоми истифода аз Интернет бо фарзандони хурдсол қоидаҳои бехтарии интернетии Шуморо иоя мекунанд. Чунин қоидаҳо метавонанд иҷозати дидани танҳо барномаҳои ба синну сол мувофиқро дарбар гиранд.
- Барои барномаҳо ё вебсайтҳои дӯстдоштаи фарзандатон ҷузвдони нишонадор созед, то кӯдак онҳоро ба осонӣ пайдо кунад. Шумо метавонед дар ҳама дастгоҳҳое, ки фарзандатон истифода мебарад, ҷузвдонҳо ва нишонаҳо созед.
- Танзими махфиятро санҷед, назорати волидайниро истифода баред ва хариди дохили афзоракро нофаъол намоед.
Вақте ки фарзанди Шумо ба воя расида эътимоди бештар пайдо мекунад ва мустақилона интернетро истифода мебарад, ба Шумо лозим меояд, ки стратегияҳои худро аз нав дида бароед. Дар мақолаи мо оиди бехатарии интернетӣ барои кӯдакони 6-8 сола низ маслиҳатҳои дахлдор дода шудаанд.
Таълими рафтори бехатар ва масъулиятнок дар Интернет
Шумо метавонед ба фарзандатон кӯмак расонед, ки истифодаи воситаҳои алоқаи рақамӣ ва Интернетро бехатару бомасъулият омӯхта аз он ҳаловат барад. Агар Шумо ба фарзандатон мустақилона чӣ гуна назорат кардани хатарҳои амниятии вобаста ба Интернет ва чи гуна рафтор кардани ӯро дар ҳолатҳои изтиробовар омӯзонед, ин дар баланд бардоштани устуворӣ нисбат ба хатарҳои рақамӣ кӯмак мерасонад. Ин қобилияти мубориза бурдан бо ҳама гуна хатарҳое мебошад, ки дар Интернет дучор мешаванд, ва ба онҳо аксуламали мусбат додан аст.
Шумо метавонед ба ин ноил шавед, агар:
- бо фарзанди худ якҷоя ба Интернет ворид шавед
- намунаи ибрат бошед
- ба фарзандатон таълим диҳед, ки кадом контент хуб ва кадомаш бад аст
Бо фарзанди худ якҷоя ба Интернет ворид шавед
Фарзанди Шумо аз истифодаи Интернет бештар манфиат мегирад, агар Шумо якҷоя видео тамошо кунед ё бо ӯ бозӣ кунед. Шумо метавонед:
- тамошои вебсайтҳои хурсандибахш ё шавқоварро пешниҳод намоед;
- хоҳиш кунед, ки чӣ гуна дар афзорак бозӣ карданро ё бозии худро ба Шумо нишон диҳад;
- дар бораи видеонаворҳое, ки ӯ тамошо мекунад, сӯҳбат кунед.
Агар Шумо фикр кунед, ки афзорак ё видеонавор номувофиқ аст, метавонед гӯед: “Ин барои калонсолон аст. Биё ягон чизи дигарро мекобем.". Сипас ба фарзандатон кӯмак кунед, ки чизи мувофиқи синну солашро пайдо кунад.
Намунаи ибрат бошед
Фарзанди Шумо аз Шумо таълим мегирад. Ин маънои онро дорад, ки Шумо метавонед намунаи истифодаи бехатар ва оқилонаи Интернетро бо истифода аз воситаҳои рақамӣ тавре эҷод кунед, ки мехоҳед фарзанди Шумо ҳозир ва дар оянда онҳоро истифода барад. Масалан, Шумо метавонед дар хонаи хоб дастгоҳҳои ба Интернет пайвастшударо истифода набаред.
Инчунин омӯхтани тарзи истифодабарии Интернет аз ҷониби бобою бибӣ ва дигар одамоне, ки дар ҳаёти фарзанди Шумо ҳастанд муфид мебошад, кӯшиш кунед, ки ҳама як равишро истифода баранд.
Ба фарзандатон дар бораи контенти хуб ва бад нақл кунед
Шумо метавонед ба фарзандатон фаҳмонед, ки дар Интернет контентҳои хуб ва бад, аз ҷумла баъзе чизҳои бардурӯғ вуҷуд доранд. Кӯдаки худро ташвиқ кунед, ки агар ӯ ягон чизи ғамгинкунанда, тарсонанда ё ташвишоварро бинад, дар бораи онҳо бо Шумо сӯҳбат кунад. Масалан, Шумо метавонед гӯед: "Баъзе видеонаворҳо дар интернет метавонанд ғамгинкунанда ё даҳшатовар бошанд. Агар чизе туро ғамгин кунад ё тарсонад, ба ман хабар деҳ”.
Ба фарзандатон дар бораи харидҳои дохили афзоракҳо маълумот диҳед
Дар бисёр бозиҳову афзоракҳо имконияти харид кардан вуҷуд дорад, аз ҷумла хариди либосҳо, қиёфаҳо ва сатҳҳои нав. Шумо метавонед дар ин бора ба фарзандатон хабар диҳед. Шумо метавонед гӯед: "Одамон барои пул кор кардан аз интернет истифода мебаранд ва мо бояд эҳтиёт бошем, ки пули худро ба онҳо хато надиҳем. Агар дар экран ягон чиз пайдо шавад, онро пахш накун. Омада ба ман хабар деҳ».
Агар қоидаҳои Шумо аз қоидаҳои дигар оилаҳо фарқ кунанд, ягон ҷои воҳима нест. Агар Шумо дар бораи онҳо хуб фикр карда бошед ва аз корашон қаноатманд бошед, Шумо ба фарзандатон кӯмак мерасонед, ки ба таври бехатар аз Интернет истифода барад.