Гулӯзиндонак
Дифтерия тавассути тамоси мустақим бо шахси сироятшуда ё бо роҳи ҳавоӣ-қатрагӣ аз шахси сироятшуда тавассути сулфа ва атса мегузарад. Давраи инкубатсионӣ (аз лаҳзаи сироят шудан то нишонаҳои аввалини беморӣ) одатан 2-5 рӯзро ташкил медиҳад (аз 1 то 10 рӯз).
Аломатҳои беморӣ
Бактерия боиси илтиҳоби луобпардаи бинӣ, гулӯ ва бодомакҳои гулӯ, инчунин каме баланд шудани ҳарорати бадан мегардад. Дар давоми 2-3 рӯз дар бодомакҳо, коми нарм ва ҳалқ пардаҳои кабудчатоб-сафеди (плёнка) андозаашон гуногун пайдо мешаванд. Чунин тағйиротҳо дар садопардаҳо ҳангоми сулфа низ ба вуҷуд омада, ба ғайр аз табларзаи баланд гирифтани овоз (овози хирросӣ) ба амал меояд. Қабатҳои пардаҳо ба бофта сахт часпида, роҳҳои нафасро танг мекунанд ва барои нафаскашӣ хатар эҷод мекунанд. Токсин, ки ин бактерия хориҷ мекунад, ҷаббида мешавад ва тавассути хун ба қисмҳои гуногуни бадан паҳн мешавад, ки метавонад боиси асоратҳои зиёд гардад.
Асоратҳо
Асорати маъмултарине, ки аз таъсири токсинҳои дифтерия ба вуҷуд меояд, илтиҳоби мушакҳои дил ва асабҳо мебошад. Асоратҳои дил аз суръати ғайримуқаррарии тапиши дил ва заъфи дил иборат мебошанд. Аз сабаби осеб дидани системаи асаб, метавонад азҳушравӣ ва ҳатто кома ба амал ояд. Асабҳои зарардида метавонанд муваққатан вазифаи худро гум карда, дар натиҷа фалаҷ пайдо шавад: мушакҳои коми нарм, мушакҳои чашм, мушакҳои дасту пой, диафрагма ва ғ. Чунин асоратҳо марговар шуда метавонанд – тақрибан 20% кӯдакони то 5 сола аз дифтерия мефавтанд.
Табобати гулӯзиндонак
Табобати дифтерия аз таъин намудани антибиотикҳо дар миқдори мувофиқ, антитоксинҳо ва муолиҷаи умумии симптоматикӣ иборат аст.
Пешгирии гулӯзиндонак
Кӯдакон аз бемории дифтерия тавассути ваксинатсия муҳофизат карда мешаванд. Ваксинаи зидди дифтерия дар ваксинаи пентавалента дар як сӯзандору якҷоя бо ваксинаҳои зидди кузоз, сулфакабутак, гепатити В, бактерияҳои гемофилии навъи b дар синни 2 моҳа, 3 моҳа, 4 моҳа гузаронида мешавад. Дар синни 16 - 23 моҳа ваксинаи АКДС (сулфакабутак + гулӯзиндонак + кузоз) гузаронида мешавад. Дар синни 6 солагӣ ваксинаи АДС (дар як сӯзандору ваксинаи дифтерия ва кузоз), тибқи Ҷадвали миллии эмгузаронӣ гузаронида мешавад.
Бо шарофати ваксинатсияи бомуваффақияти кӯдакон, дар бисёр кишварҳо ҳолатҳои ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо сироят то ҳол дар баъзе қисматҳои ҷаҳон вуҷуд дорад ва метавонад аз он ҷойҳо ворид шавад, аз ин рӯ Шумо бояд кӯдаки худро муҳофизат кунед.