Ҳалли ҷанҷолҳои бародарон ва хоҳарон
Ҷанҷолҳои бародарон ва хоҳарон: кай бояд дахолат кард
Баъзан муваққатан аз ҷанҷолҳои бародарону хоҳарон канорагирӣ кардан муфид аст, зеро ин ба кӯдакон имконият медиҳад, ки муноқишаро мустақилона ҳал кунанд. Аммо муҳим он аст, ки бидонед, кай бояд дахолат кунед, то ин ки ба чанҷол хотима бахшед.
Вақте ки ихтилофот хусусияти ҷисмонӣ мегирад ё ба доду фарёд, суханҳои қабеҳ ва ё таҳқир мубаддал мегардад, Шумо бояд пеш аз осеб дидани касе ҷанҷолро хотима диҳед.
Таваҷҷӯҳи аз ҳад зиёд метавонад муборизаро шадидтар кунад. Сабаб дар он аст, ки кӯдакон ҳама гуна таваҷҷӯҳро дӯст медоранд, ҳатто ба рафтори бад. Агар шумо ба кӯдакон ҳангоми ҷанг диққат додан хоҳед, кӯшиш кунед, ки аз фурсат истифода бурда, ба онҳо дар омӯхтани роҳҳои пешгирии ҷанҷол ва бо роҳи осоишта ҳал кардани мушкилоти оянда кӯмак кунед.
Анҷом додани ҷанҷоли бародарону хоҳарон: қадамҳо
Ҳангоми сар адани ҷанҷол чӣ бояд кард:
- Ҷанҷолро пеш аз сар кардани гиря манъ кунед. Барои ин шояд ҷисман дахолат карда кӯдаконро аз ҳам ҷудо карда ба тарафҳои гуногуни хона равон кардан лозим шавад, то ин онҳо ором шаванд.
- Ором бошед. Ин метавонад ғайриимкон ба назар расад, аммо мақсад аз он ибрат нест, ки вазъиятро баъдтар кунед. Кӯшиш намоед, ки қувватонаро сарфа карда, фикру мулоҳизаатонро оид ба рафторе, ки Шумо мехостед дастгирӣ намоед, пешниҳод кунед.
- Ба кӯдакон бигӯед, ки баъдтар дар ин бора сӯҳбат хоҳед кард. Кӯдакон аксар вақт хеле ғамгин мешаванд, то дарҳол он чизеро, ки Шумо мегӯед, бифаҳманд. Пеш аз он ки Шумо дар бораи ин мушкилот сӯҳбат кунед, интизор шавед, ки эҳсосоташон паст шавад. Бо кӯдакони калонсол , ин метавонад ҳатто рӯзи дигар рӯй диҳад.
- Вақте, ки ҷанҷол ҳангоми рондани мошин сар занад, ҳамеша боз истед. Ҳангоми ба қафо нигоҳ кардан, барои гуфтугу ва ҷудо кардани онҳо ҳангоми ҷанҷол, Шумо таваҷҷуҳатонро аз роҳ дур мекунед.
Ҳалли созандаи ҷанҷоли байни бародарон ва хоҳарон: тавсияҳо
Ин тавсияҳо ба Шумо кӯмак мекунанд, ки ҳангоми сар задани ҷанҷол байни бародарону хоҳарон, ором бошед.
- Нисбат ба ҳамаи фарзандонатон одилона муносибат кунед. Дар хотир доред, ки муносибати одилона – ин на ҳама вақт нисбат ба ҳама якхела муносибат кардан аст. Масалан дар як вақт ором кардани кӯдаки шашсола ва дусола ғайриимкон аст.
- Аз муқоисаҳои манфӣ канорагирӣ кунед. Кӯдак метавонед хафа шавад ё худро озурда ҳис кунад, агар ба ӯ чунин суханҳоро бигӯед: “Ту бояд инро хубтар медонистӣ, чунки ту калонтар ҳастӣ” ё “ту ҷанҷолро бархезондӣ”.
- Сабаби задухурдро муайян намоед. Ин ба Шумо барои ҳал кардани ба анҷом расондани амали муайян, кӯмак мекунад. Масалан агар кӯдак аз бародар ё хоҳараш бозичаро кашида гирад, Шумо бояд дар ин ҳолат дахолат кунед. Агар Шумо ин корро накунед, кӯдак фикр мекунад, ки мубориза роҳи ба даст овардани чизи мехостааш мебошад. Мушоҳида кардан аз пайи кӯдакон барои фаҳмидани сабаби ҷанҷол ва дарёфт кардани роҳи ҳалли он мебошад.
- Барои аниқ кардани интизориҳо оид ба рафтор, қоидаҳои оилавиро истифода баред. Шумо метавонед ба фарзандатонатон дар бораи қоидаҳои дахлдори оилавӣ хотиррасон намоед ва онҳоро қатъиян риоя намоед.
- Нақша тартиб диҳед. Ин маънои онро дорад, ки Шумо бояд дар бораи он фикр кунед, ки чӣ гуна аз уҳдаи ҳал кардани нофаҳмиҳои на он қадар зиед ва ҷанҷоли калон баромада метавонед. Масалан, Шумо метавонед ба кӯдакон кӯмак кунед, ки ҳамроҳ нофаҳмиҳои ночизро ҳал кунанд, лекин танҳо Шумо метавонед ба кӯдакон кӯмак намоед, ки натиҷаи задухурдеро, ки бо зӯроварии ҷисмонӣ ё ҷанҷоле, ки пас аз ба созиш омадани ҳалли мушкилӣ боз ба миён омадааст, ҳал кунед.
Ҳалли мушкилот пас аз ҷанги бародарону хоҳарон: Қадамҳо
Он чизе ки Шумо пас аз задухурд/ҷанҷол ба анҷом мерасонед, метавонад ба кӯдакон барои дар оянда ёд гирифтани ҳал кардани мушкилиашон кӯмак мекунад. Барои ба даст овардани натиҷаҳои беҳтарин, мунтазир бошед, ки ғазаби онҳо паст шавад ва кӯдакон барои мулоҳиза кардан боз омода шаванд.
- Ба кӯдакон нақл кунед, ки Шумо бо чӣ машғул шуданро дар нақша доред. Масалан: “Ман қарор кардам, ки ягон нафари Шумо набояд компютерро истифода баред, то ин ки мо роҳи хотима додани ҷанҷолро наёбем.Шумо фаҳмидед? Оё Шумо омодаед бо ҳалли мушкилӣ айни замон машғул шавед?
- Аз ҳар дуи кӯдак хохиш кунед, то ин ки бигуянд, ки аз нуқтаи назари онҳо мушкилӣ дар чист? Онҳоро ташфиқ кунед, ки ҳолатро натанҳо аз нуқаи назари худ, балки аз нуқтаи назари дигар одам баҳогузорӣ намоянд.Шумо метавонед бигӯед, ки ду одам метавонанд чун пештара розӣ нашаванд, ҳатто агар ҳар ду тараф ҳам сабабҳои асоснок дошта бошанд.
- Аз ҳар ду кӯдак хоҳиш кунед, ки бигӯянд, ки онҳо чӣ мехоҳанд. Шумо метавонед ба онҳо барои дар бораи интизориҳояшон мулоҳиза кардан кӯмак кунед. Масалан, “Рустам, оё ин аз руи адолат аст, ки доим компютер дар дасти ту аст?”.
- Якҷоя ҳуҷуми ақлонӣ гузаронед. Ба кӯдакон имкон диҳед, ки ғояҳои худро дар бораи чӣ гуна ҳал кардани мушкилӣ баён кунанд, онҳоро ташфиқ кунед ва ғояҳояшонро мазаммат накунед. Якчанд – ақидаҳои худро илова кунеду, онҳоро навишта гиред.
- Ақидаҳоро баҳогузорӣ кунед. Аввал аз кӯдакон хоҳиш намоед, ки фикр кунанд, кадом ақидаҳо кор намекунанд. Сипас роҳи ҳалли онро бо бартариҳои бештару норасоии камтарин ҷустуҷу кунед. Маслан, “Ба фикри Шумо ин метавонад кор кунад?”, “Ин чӣ хубӣ дорад (ё бадӣ)?”
- Агар роҳи ҳаллро фавран ёфта натавонед, баъдтар ба он баргардед. Шумо метавонед аз кӯдакон хоҳиш намоед, ки муттаҳид шаванд ва якҷоя аз болои андешаҳои худ кор кунанд ё ин ки аз дигар одамоне, ки чунин мушкилӣ доштанд, маслиҳат пурсанд. Шумо инчунин метавонед ғояҳоро (андешаҳоро) дар китоб ё дар веб –сомонаҳои волидайнӣ ҷустуҷу намоед.
- Ҳамин, ки бо усули он розӣ шудед, ин роҳи ҳалро татбиқ намоед ва бубинед, ки он чӣ тавр кор мекунад. Агар ягон беҳбудӣ нашавад, аз аввал оғоз намоед.
Аз уҳдаи эҳсосоти худ баромадан
Ғамгиншавии Шумо ҳангоми ба миён омадани задухурд байни кӯдакон, ҳолати муқаррарист. Инчунин ҳангоми он, ки як мушкилӣ Шуморо нисбати дигараш бештар ба ташвиш меорад ва баъзан Шумо зудтар ғамгин мешавед, ин ҳам ҳолати муқаррарист.
Нигоҳ доштани оромӣ метавонад воқеан кӯмак кунад. Агар он бехатар бошад ва ба Шумо фавран дахолат кардан лозим набошад, Шумо метавонед истед, то 10 ҳисоб кунед ва пас амал кунед.
Ин 10 сонияи иловагӣ одатан барои худро ба даст гирифтан ва ором шудан кифоя аст. Агар ин кор накунад, Шумо метавонед аз калонсолони дигар хоҳиш кунед, ки ҳангоми истироҳат муддате ба корҳои Шумо машғул шавад.
Ғояҳои иловагиро дар мақолаҳои мо дар бораи стресс, паст кардани стресс ва машғулияҳои нафаскашӣ барои ором шудан дарёфт кардан мумкин аст.
Ҳангоми ҷанҷоли бародару хоҳарон кай ба кумак муроҷиат кардан лозим аст
Агар фарзандони Шумо нисбат ба якдигар хеле хашмгин ё хусуматомез муносибат кунанд, вақти он расидааст, ки барои кӯмак муроҷиат намоед.
Ин задухӯрдҳо барои кӯдакон хеле ногувор буда, дар оянда боиси мушкилоти муносибатҳо мешаванд. Аз ин рӯ, агар Шуморо рафтори фарзандонатон ҳангоми ба созиш наомадан ба ташвиш оварад, беҳтар аст бо мутахассис сӯҳбат кунед. Аз машварат бо терапевти фарзандатон оғоз кунед.
Баъзан задухӯрдҳои кӯдакон бо сабаби ҳолати норасоии таваҷҷуҳ ва гиперактивӣ рух медиҳанд, ки бо ин сабаб ба кӯдакон идора намудани рафторашон душвор мегардад. Агар Шумо дар бораи рафтори кӯдакон дар ташвиш бошед, хуб мешуд агар бо мутахассиси касбӣ сӯҳбат мекардед.
Агар Шумо худро бо сабаби задухурд руҳафтодагӣ ё шиддатнокӣ эҳсос намоед, Шумо метавонед аз аъзоёни оила, дӯстон ва дигар волидон дастгирӣ пурсед.