Шӯъбаи эҳёгарӣ ва табобати шиддатнок барои кӯдакони навзод (ШЭТИН): чиро интизор шудан мумкин аст

Дар шӯъбаҳои эҳёгарии кӯдакони навзод кормандони баландихтисоси соҳаи тиб ва инчунин таҷҳизоти махсус барои нигоҳубини кӯдакони норасид ва кӯдакони бемор фаъолият мекунанд. Ҳар як тифл дар зери назорати чиддии дояҳо ва гурӯҳи мутахассисон мебошад. Самти фаъолияти аксар таваллудхонаҳо ба аъзоёни оила нигаронида шуда кӯшиш мекунанд, ки волидонро ба нигоҳубини кӯдак ҷалб кунанд.
Body

Шӯъбаи эҳёгарӣ ва табобати шиддатнок барои кӯдакони навзод чӣ гуна шӯъба аст

Шӯъбаи эҳёгарӣ ва табобати шиддатноки кӯдакони навзод як шӯъбаи беморхона буда барои нигоҳубини кӯдакони навзоди норасид ва кӯдаконибемор хизмат мерасонад.

Дар ШЭТИН духтурони баландихтисос, ҳамшираҳои шафқат ва дигар мутахассисон кор мекунанд ва инчунин дар шуъбаи мазкур таҷҳизотҳо барои нигоҳубини кӯдакони норасид ва бемор мавҷуданд.

Шӯъбаи эҳёгарӣ ва табобати шиддатнок барои кӯдакони навзод чӣ гуна ба назар мерасад

Бори аввал ворид шудан  ба шӯъбаи эҳёгарии навзодон (ШЭТИН) метавонад барои Шумо осон набошад.  

Пеш аз ворид шудан ба шуъбаи мазкур дастҳои худро бо собуни тамизкунанда давоми якчанд дақиқа бишӯед. Кӯдакони дар ШЭТИН бистарибуда метавонанд сироятнок шаванд ва шустани дурусту ҳамаҷонибаи дастҳо хатари сироятпазириро паст мекунад.

Дар ШЭТИН бо хомӯш кардани чароғҳои барқӣ ва риоя кардан ба хомӯшӣ дар соатҳои оромӣ ташкил карда мешавад. Аксар вақт кӯдакони дар ШЭТИН бистарибуда нисбат ба садоҳои баланд ва равшании аз ҳад зиёд аксуламалҳои гуногун нишон медиҳанд.

Бештари кӯдакон дар катчаи кушодаи гармшуда ё кувези пӯшида (инкубатори махсус барои кӯдакони норасид) ҷой доранд. Дар дохили он ҳарорати муайян, намнокӣ ва сатҳи муътадили нишондоди оксиген нигоҳ дошта мешавад.

Вобаста аз он, ки кӯдакон ба кадом намуди ёрии тиббӣ эҳтиёҷ доранд, онҳо метавонанд ба таври иловагӣ ба дастгоҳҳои зерин пайваст карда шуда бошанд:

  • дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, ки барои нафаскашии кӯдакон ёрӣ мерасонад.
  • дастгоҳҳо барои ба дохили кӯдакон ворид кардани миқдори муайяни моеъ ва доруворӣ.
  • датчикҳо барои чен кардани зудии таппиши дил, нафаскашӣ ва миқдори оксиген дар хун.

Шӯъбаи эҳёгарии навзодон одатан ҷои оромест, ки ҳамшираҳои шафқат ва табибон кӯдаконро нигоҳубин мекунанд ва инчунин дар он ҷо кӯдакони бемор давран аз ҷониби дигар мутахассисон муоина мешаванд. Агар нишондодҳои нафаскашӣ ва зудии задани дил аз нишондоди муқаррарӣ берун шавад, он гоҳ датчикҳо кормандонро огоҳ мекунанд.

Оилаи Шумо ва шӯъбаи эҳёгарӣ ва табобати шиддатнок барои кӯдакони навзод

Дар таваллудхонаҳо кормандон кӯшиш мекунанд, ки фаъолияти табобатии  кӯдакони навзод дар шӯъбаҳои эҳёгарӣ (ШЭТИН) бо ҷалб намудани аъзоёни оила гузаронида шавад. Дар ҳар таваллудхона тартибот метавонад каме фарқ кунад, аммо дар беморхонае, ки кӯдаки Шумо бистарӣ аст, метавонанд қоидаҳои дохилӣ амал намоянд, ки онҳо таъминкунандаи ғамхорӣ нисбат ба оилаи Шумо, дар мавриди дар ШЭТИН будани кӯдаки Шумо мебошад. Шумо метавонед бо тартиботи дохилии ШЭТИН шинос шавед.

Нигоҳубин намудани кӯдакони навзод бо ҷалб намудани аъзоёни оила дар шӯъбаи эҳёгарии навзодон - ин "стандарти тиллоӣ"-и нигоҳубин мебошад. Бо эҳтироми тарафайн, қабули қарор дар бораи нигоҳубини кӯдак ва табобати ӯ дар якҷоягӣ бо табибон Шумо як даста (команда) мешавед.