Ба кӯдак либоспӯширо меомӯзем

Пӯшидани либос — ин малакаи муҳимест, ки бояд ба кӯдак омӯзонида шавад. Шояд ин осон набошад. Ба якчанд қадами алоҳида тақсим намудани раванди либоспӯшӣ муфидтар аст. Агар дар аввал ба кӯдак қадами охирини ин раванд омӯзонида шавад, шояд ин амал натиҷаи хуб дошта бошад. Дар хотир доред, ки кӯдак беназир буда малакаҳои ӯ бо суръати гуногун инкишоф меёбад.
Body

Барои чи ба кӯдак либоспӯширо омӯхтан лозим аст

Либос пӯшида тавонистан бовариро нисбат ба худ мустаҳкам намуда дар кӯдаки Шумо ҳисси мустақилият пайдо мешавад ва инчунин ба ӯ ҳисси қаноатмандиро аз дастрасӣ ба ягон чиз медиҳад. Дар мавриди омӯхтани либоспӯшии мустақилона Шумо дигар ба ӯ кӯмак намекунед ва ин маънои камтар шудани боз як ғамхорӣ мебошад.

Ғайр аз ин либос пӯшида тавонистан кӯмак мерасонад, ки дигар малакаҳо низ дар кӯдаки Шумо инкишоф ёбад, масалан инҳо:

  • моторикаи хурд, вақте, ки кӯдак тугмагузаронро меомузад;
  • малакаҳои ҳаракат, вақте, ки ӯ дар мавриди пӯшидани шим бо як пой меистад;
  • малакаҳои когнитивӣ, вақте, ки кӯдак дар хотир мегирад, ки сараввал чи гуна либосҳоро бояд пӯшад ва инчунин ӯ босабр шуда барои иҷро намудани вазифаҳои дар пеш истода кӯшиш менамояд;
  • номбар карда тавонистани намудҳои либос, ранги он ва андозаҳои он;
  • дарк намудани вақт ва фазо, вақте, ки ӯ дар ҳолатҳои муайян ва дар мувофиқа бо шароитҳои боду ҳаво либоспӯширо меомӯзад.

Омӯзонидани либоспӯширо аз чи сар кардан мумкин аст

Бештар кӯдакони хурдсол мефаҳманд, ки либосҳои зуд кашидашавандаро ба мисли ҷӯроб, пойафзол ва сарпӯш аввал кашидан хуб аст. Баъзан онҳо кӯшиш мекунанд, ки либосҳои номбаршударо дубора пӯшанд. Шумо метавонед либосҳоеро, ки кӯдакатон мекашад номгузорӣ намуда қисми бадани либоспӯшидаро номбар кунед.

Агар Шумо барои интихоби либос ба кӯдакатон маҳдудият ҷорӣ намоед ва номбар кардани либос гап занед, Шумо метавонед диққати кӯдаки ба воя расидаи худро дар раванди либоспӯшӣ ҷалб намоед.  

Дар мавриди ҳал намудани масъалаи оғоз намудани омӯзиши либоспӯшӣ ба таври муосир Шумо ба кӯдак либосҳои оддие, ки ӯ мустақилона истифода бурда метавонад диҳед. Инҳо буда метавонанд:

  • шимҳои озоди резиндор;
  • либосҳои дорои банд ё тугмаҳои калон ва сӯрохиҳои калони тугмагузаронӣ;
  • джемперҳо, либосҳо ва либосҳои таҳпӯши дорои расмҳо, ки барои фарқ кардани пешу қафои либос ёрӣ мерасонад;
  • либосҳое, ки сабуканд ва бо онҳо хуб ҳаракат карда мешаванд.

Пӯшидани либос: қадамҳои тадриҷӣ

Барои либоспӯшӣ марҳилаҳои зиёде лозим аст. Барои ёрӣ додан дар раванди омӯзиши либоспӯшӣ ин равандро ба қадамҳои хурдтар тақсим кунед - масалан пӯшидани либоси таҳпӯш, баъд либос, шим, ҷӯроб ва пойафзол.

Шумо инчунин метавонед ҳар як қадами либоспӯширо вобаста ба малака ва синну соли кӯдакатон тақсим кунед. Масалан, Шумо метавонед қадамҳои пӯшидани шимро ба таври зерин ҷудо кунед:

  • шимро аз тарафи рост ба берун гардонед;
  • аз қисми пеши камарӣ бигиред;
  • шимро нигоҳ дошта як пойро ба почаи шим дароред;
  • шимро ба боло кашед.

Муҳокима намудани ҳар як қадами ин амалҳо ба фарзандатон кӯмак мекунад, ки чӣ кор карданро фаҳмад. Дар марҳилаҳои аввал калимаҳо ё ибораҳои оддӣ, ба монанди "курта" хубтар мебошад. Бо мурури замон ва инкишофёбии нутқи кӯдак Шумо метавонед бештар сӯҳбат кунед - масалан, "дасти худро дар остини худ гузарон".

Вақте ки фарзандатон метавонад худаш либос пӯшад (одатан кӯдакони синни се сола ва калонтар), Шумо метавонед бо пурсиши "Аввал чӣ бояд пӯшед?" тафтиш кунед, ки оё ӯ ин қадамҳоро мефаҳмад ё не. Агар кӯдак дар хотир надошта бошад, Шумо метавонед ба ӯ кӯмак карда хотиррасон кунед.

Пӯшидани либос: аз баръакс омӯзондан

Роҳи хуби омӯзондани либоспӯшӣ ба кӯдак ин тақсим кардани ҳар як вазифа ба қадамҳои хурд ва аз охири он аст. Вақте ки фарзанди Шумо қодир аст, ки қадами охирини либоспӯширо анҷом диҳад, ба онҳо қадами пеш аз охирини онро омӯзонед.

Масалан, вақте ки Шумо шими кӯтоҳро қариб пӯшондед, камарро нигоҳ дошта, пойҳояшро ба сӯрохиҳои шими кӯтоҳ дароред. Баъд аз он ба фарзадатон қадами охирон, яъне мустақилона то миёнбанд кашидани миши кӯтоҳро омӯзонед.

Ҳамин ки фарзандатон ин корро карда тавонист, ба ӯ омӯзонед, ки пойҳояшро аз сӯрохиҳои по гузаронад ва шими кӯтоҳаро боло кашад. Шумо метавонед қадам ба қадам аз охир қадамҳоро идома диҳед, то он даме, ки фарзанди Шумо ҳамаи онҳоро азхуд кунад ва мустақилона шими кӯтоҳашро пӯшида тавонад.

Бартарии бештари ин усул дар он аст, ки чизи аз ҳама муфид дар ин вазифа - ин ба анҷом расондани он аст – ва фарзанди Шумо мукофоти онро пештар мегирад, вақте, ки қадами охиринро мустақилона анҷом дода, натиҷаро ба даст меоварад.

Агар фарзанди Шумо мушкилӣ дошта бошад, шояд Шумо хоҳед, ки ба кӯмаки ӯ шитобед. Аммо бигзор фарзанди Шумо мустақилона аз уҳдаи ин кор барояд ва ӯро ҳангоми кӯшишҳояш руҳбаланд кунед, вақте ки кӯдак мустақилона ин корро ба анҷом мерасонад. ин худбоварии ӯро баланд мекунад. Танҳо вақте ба кӯмакаш шитобед, ки фарзандатон воқеан ба кӯмаки Шумо ниёз дошта бошад.

Машваратҳое, ки барои омӯхтани либоспӯшӣ ба фарзандатон кӯмак мерасонанд

Агар Шумо фаъол ва хуб бошед, он гоҳ кӯдак бо боварии комил кӯшиш мекунад. Барои ҳамин ҳам бояд Шумо доим, ҳатто агар кӯдаки Шумо шимашро чаппа пӯшида бошад ҳам ӯро таъриф кунед. Инак, якчанд маслиҳатҳои муфид:

Вақт ёбед

  • Миқдори муайяни вақтро барои пӯшидани либос ҷудо кунед.
  • Агар Шумо ҳар саҳар дар либоспӯшӣ саросемагӣ кунед, он гоҳ як рӯз пештар, бегоҳӣ  бо кӯдакатон либосро барои рӯзи дигар интихоб кунед.
  • Агар Шумо саросема бошед, ба кӯдак имконият диҳед, ки машқҳои сабукро иҷро намуда дар мавриди иҷро намудани машқҳои ҷисмонии вазнин ба ӯ кӯмак расонед.
  • Вақте ки Шумо ва кӯдакатон саросема набошед ё хаста набошед, либоспӯширо машқ кунед.

Интихоби либоси мувофиқ

  • Бигзор кӯдаки Шумо аз ду намуд либос яктояшро интихоб кунад. Кӯдакони синни калонтар метавонанд барои худ либос интихоб намоянд.
  • Дар мавриди интихоб намудани либос ба фарзандатон дар бораи боду ҳаво сӯҳбат кунед. Аз кӯдак пурсед, ки ҳаво гарм, хунук, боронӣ ё офтобӣ аст.
  • Ба кӯдак фаҳмонед, ки либоси тоза ё чиркинро фарқ кунад – мисол, «либоси чиркин ба қуттии либосҳои чиркин партофта мешавад. Ин либосҳоро баъд аз гузоштан дар қуттии либосҳои тоза мепӯшед». Шумо метавонед якчанд тавсияҳои оддиро истифода баред, масалан либосҳои таҳпӯши тоза ва ҷӯробро ҳар рӯз бигиред.

Осон иҷро намудан

  • Бигзор кӯдаки Шумо дар раванди либоспӯшӣ шинад. Барои баъзе кӯдакон дар фарш нишастан нисбат ба курсӣ ё кат осонтар аст.
  • Либосҳоро дар қуттӣ ё ҷевон ҷой кунед, то ки кӯдакатон тезтар онҳоро ёбад. Барои тавсиф кардани либосҳои дар қуттиҳо ҷойдошта бо расмҳо ва калимаҳо ба қуттиҳо нишона гузоред.
  • Ба кӯдак либосҳоеро, ки дорои нишонаҳои пеш ва қафо доранд – масалан, дорои сурат аз пеш ва нишона аз қафо пӯшонед.
  • Дар аввал либос кашиданро ёд диҳед – ин нисбат ба либос пӯшидан осонтар аст. Имконияти мустақилона либос кашидан боварии кӯдакро нисбат ба худ зиёд мекунад.

Бастани бандакҳо – ин малакаи мураккабест, ки бештари кӯдакони на калонтар аз панҷсола азхуд менамоянд.

Омӯзонидани либоспӯшӣ ба кӯдакони дорои хусусиятҳои инкишоф

Баъзе кӯдакони дорои хусусиятҳои инкишоф дар мавриди либоспӯшӣ ба душвориҳо дучор мешаванд. Кӯдакони дорои вайроншавии спектри аутистикӣ ҳиссиёти баланди сенсорӣ доранд ва аз ин сабаб навиштаҷоти матоъҳои гуногунро дар пӯсти худ душвор қабул мекунанд.

Агар Шумо дар омӯзиши кӯдаки дорои хусусиятхои инкшоф ҳангоми либоспӯшӣ мушкилот дошта бошед, ба Шумо мутахассиси соҳаи кӯдакон кӯмак мерасонад. Мутахаасисон метавонанд ба Шумо тарзи либоспӯширо фаҳмонида дастгоҳҳоеро пешниҳод намоянд, ки ин равандро сабуктар менамоянд.

Инкишофи малакаҳои либоспӯшӣ

Дар инҷо дастурамалҳои намунавӣ оид ба либоспӯшӣ дар синну соли гуногун оварда шудааст. Дар хотир доред, ки ҳар як кӯдак ба таври инфиродӣ инкишоф меёбанд ва малакаҳои худро бо суръатҳои гуногун такмил медиҳад.

Дар синни яксолагӣ кӯдакон одатан метавонанд:

  • дастони худро ба остин дароз кунад;
  • пояшро ба пойафзол дарорад;
  • пояшро ба шим дарорад;
  • ҷӯроб ва пойафзолашро кашад.

Дар синни 2 солагӣ кӯдакон одатан метавонанд:

  • курткаи тугмаҳояш кушода ва куртаро кашанд;
  • агар бандакҳои пойафзол кушода бошад онро кашанд;
  • шими худро ба поён кашанд;
  • қисми пеши либосро ёбанд.

Дар синни 2,5 солагӣ кӯдакон одатан метавонанд:

  • шими чандир ба камарро пӯшанд;
  • кӯшиш мекунанд, ки ҷӯробашонро пӯшанд;
  • курта ва курткаҳои аз пеш тугмадоштаро пӯшанд, вале тугмаҳои онро намегузаронанд;
  • тугмаҳои калонро гузаронанд.

Дар синни 3 солагӣ кӯдакон одатан метавонанд иҷро кунанд:

  • пӯшидани либос бо каме кӯмак;
  • пӯшидани пойафзол бе гузаронидани бандакҳо (ё пойафзолашро нодуруст пӯшад);
  • ҷӯроб мепӯшанд – шояд кунҷи пошнаро нодуруст пӯшанд;
  • шимашонро мепӯшанд;
  • пайваст накарда ё ҷудо накарда гузаронидан ва таранг бастани бандакҳо;
  • кашидани либос бе ёрии ягон кас;
  • тугмаҳои калонро мегузаронанд.

Дар синни 4 солагӣ кӯдакон одатан метавонанд иҷро кунанд:

  • либоси худро кашанд;
  • гузаронидани бандакҳои пойафзол ва тасма;
  • гузаронидани тугмаҳои куртка ва бастани онҳо;
  • дуруст пӯшидани ҷӯроб;
  • пӯшидани пойафзол бе кӯмаки дигарон;
  • қисми пешу қафои либосро мефаҳманд.

Дар синни 4,5 солагӣ кӯдакон одатан метавонанд иҷро кунанд:

  • пӯшидани шим ва дуруст кардани он
  • гузаронидани тасма.

Дар синни 5 солагӣ кӯдакон одатан метавонанд иҷро кунанд:

  • пӯшидани либос бе кӯмак ё назорат;
  • дуруст пӯшидани футболка.