Афзоиши қади кӯдак дар 10-12 моҳагӣ
Афзоиши қади кӯдак дар нимаи дуюми соли аввал каме сусттар аст, аммо он ҳанӯз ҳам шадид ва аз ғизо ва фаъолияти кӯдак вобастагии зиёд дорад.
Body
Ин соли афзоиш ва инкишофи фарзанди Шумо “гузашт”. Вақти қадамҳои аввал ва суханони аввалин расидааст ва дар ин давра афзоиши ҷисмонии кӯдак тадриҷан суст мешавад, гарчанде ки ҳанӯз ҳам инкишоф ёфта истодааст.
Дар семоҳаи охир, кӯдак дар як моҳ ба ҳисоби миёна аз 200 то 250 грамм вазн мегирад ва тақрибан 1 см калонтар мешавад. Дар ин давра, атрофи сари кӯдак 1 см зиёд мешавад.
- То охири соли аввал вазни кӯдак одатан се маротиба меафзояд ва бофтаҳои чарб зиёд мешаванд. Дар ин муддат кӯдак ба андозаи 25 см калонтар мешавад (50% дарозии бадани кӯдак ҳангоми таваллуд) ва атрофи сар ба ҳисоби миёна 12,5 см зиёд мешавад.