Шарҳи ишораҳое, ки навзодон ва кӯдакони хурдсол медиҳанд

Луқмаи/гапи кӯдакон: «Ман таваҷҷӯҳ мехоҳам», "Модар ба ман нигоҳ кун."
Body
Ишораҳои кӯдакон: "Ман диққат мехоҳам" 

Тамоси чашм ба чашм - яке аз роҳҳое мебошад, ки кӯдак бо он мегӯяд, ки ӯ диққати шуморо мехоҳад.

Фарзанди шумо метавонад сари худро гардонад ва ба шумо нигоҳ кунад агар ба диққат ниёз дошта бошад.

Фарзандатон метавонад дастонашро ба шумо дароз кунад, ғур-ғур, ангунг ё чиррос занад, то ин ки диққати шуморо ҷалб кунад.

Ишораҳои кӯдакон: "Ба ман дамгирӣ ё тағири фаъолият лозим аст"

Кӯдаки шумо метавонад рӯй гардонад, агар ба вай дамгирӣ ё тағир додани фаъолият лозим бошад.

Кӯдаки шумо метавонад тахтапушташро қат кунад ё гиря кунад, агар вай ба дамгирӣ ниёз дошта бошад.

Агар ба фарзанди шумо дамгирӣ лозим бошад, ӯро ба фарш гузоред ё ба ҷойгаҳаш хобонед, агар вақти хобаш шуда бошад.

Аломатҳои хастагии кӯдак

Агар тифли шумо чашмонашро молиш диҳад ё дастҳо ё пойҳояшро афшонад - инҳо аломатҳои хастагӣ мебошанд.

Кӯдакони синни барвақтӣ метавонанд шикоят, нолиш, гиря кунанд ва таваҷҷӯҳро талаб кунанд.

Кӯшиш кунед ба фарзандатон имконият диҳед, ки каме дар ҷойгаҳ истироҳат кунад, то ин ки тезтар хобаш барад.