Ҳавасмандгардонии рушди иҷтимоию эҳсосотӣ: 18-24 моҳ
«Фарзанди шумо дар бораи худ ва ниезҳои худ бештар дарк менамояд. Ташвиши ҷудоӣ аз шумо камтар мешавад. Кӯдак бо ҳамроҳии шумо, аз бозиҳои гуногун баҳра мебарад. Аксари вақт норозигии худро баён мекунад ё ин ки хоҳиши худро боло мемонад. Аксуламалҳо ба хоҳишҳои иҷронашуда ва маҳдудиятҳо метавонанд нисбат ба пештара қавитар бошад. Ба кӯдак вақт ва пуртоқати барои ёфтани воситаи ба як тараф гузоштани талаботҳои худ ва қабул намудани маҳдудиятхо, лозим аст.»
Body
Эҳсосоти иҷтимоӣ
- Таҷрибае, ки аз муомила бо одамони дигар ба даст омадааст, эҳсосоти гуногунро ба вуҷуд меорад. Баъзан онҳо қавӣ буда назорати онҳо душвор аст.
- Ғайр аз хурсандӣ ё хашм, кӯдак метавонад аз нороҳатиҳои нокомӣ, шарм ва ё ҳасад хиҷолат кашад. Вокуниши шумо, тасдиқ ё танқид эҳсосоти фарзанди шуморо ташаккул хоҳад дод.
- Ба фарзандатон кӯмак кунед, ки ҳиссиёти худро дарк кунад. Ҳамин тавр, ӯ худро беҳтар ҳис мекунад, эҳсосоти қавӣ бошад беҳтар назорат карда мешаванд. Онгоҳ барои кӯдак шинохтан ва эҳтироми эҳсосоти дигарон осонтар хоҳад буд.
- Ҳангоми танқид кардан эҳтиёт шавед, ба кӯдак нисбати он, ки шумо ҳиссиёти ӯро дарк мекунед фаҳмонда, вобаста ба ин ҳодиса ба ӯ шарҳи кӯтоҳ диҳед.
Эътироз ва рад кардани ҳамкорӣ
- Шумо метавонед пешбинӣ намоед, ки фарзандатон бештар ба талаботҳои шумо розӣ нест. Ҳамин тариқ, ӯ мустақилият, истодагариро дар татбиқи ниятҳои худ нишон дода, ҳамчунин душвории қабули маҳдудиятҳо ва қоидаҳои муайянро низ нишон медиҳад.
- Баъзе аз ин аксуламалҳо метавонанд бо эътирозҳои шадид дар шакли истерика табдил ёбанд. Ором шавед. Бо муносибати дағалона ва хашмгин муносибат накунед. Рафтори шумо тавре равона шудааст, ки ба фарзандатон кӯмак кунад, то ки дар чунин лаҳзаҳо осонтар мубориза барад.
- Боварӣ ҳосил намоед, ки талабот ва посухҳои шумо равшан ва пайдарпай ҳастанд. Амалҳои худро шарҳ диҳед. Афзалиятнокии ҳамкориро қайд кунед.
- Баъзан вақт қоидаҳоро аз нав дида баромадан лозим аст. Талаботи аз ҳад зиёд метавонад дар кӯдак муқовимат эҷод кунад ва мушкилоти рафторро бадтар кунад.