49 - 60 моҳагӣ – Шавқи омӯзиш, муносибат ва таҷриба
Муошират
Чӣ навигарӣ аст?
Ин давраи рушди босуръати нутқ аст, ки барои Шумо ва фарзанди Шумо ҳаяҷоновар аст. Дар ин синну сол фарзанди Шумо эҳтимолан нақл кардани ҳикояҳоро дӯст медорад ва аз сӯҳбат лаззат мебарад. Кӯдаки Шумо метавонад аксар вақт дар бораи эҳсосоти худ сӯҳбат кунад, дар бораи ғояҳои худ нақл кунад ва саволҳо диҳад.
Дар ибтидои соли ҷорӣ вай метавонад чандсад калимаро донад ва аз ҷумлаи ҳадди ақал панҷ-шаш калима истифода кунад. Одатан, Шумо мефаҳмед, ки вай чӣ мегӯяд. Ва то зодрӯзи панҷуми ӯ, ҷумлаҳои ӯ дарозтар ва ҳатто мураккабтар хоҳанд буд ва калимаҳои зиёде барои ӯ дастрас хоҳанд буд.
Шумо чӣ кор карда метавонед?
Ҳар як кӯдак гуногун аст - фарзанди Шумо метавонад сухангӯ ё оромтар бошад. Новобаста аз услуби ӯ, ҳамеша ифодаи шифоҳии ӯро ташвиқ кунед. Агар Шумо дар сӯҳбати ҳаррӯза бо ӯ сӯҳбат кунед, вай мехоҳад бо Шумо бештар сӯҳбат кунад. Агар вай бубинад, ки Шумо аз сӯҳбат бо ӯ лаззат мебаред, ӯ низ аз он лаззат мебарад. Сабр кунед - фарзанди Шумо ҳоло ҳам худро хуб ифода карда наметавонад, бинобар ин, баъзан ба Шумо лозим меояд, ки каме кӯмак кунед: «Оҳ, ин ҳамон чизест, ки Шумо бо дӯсти худ бозӣ кардаед? Боз чӣ кор кардӣ? Оё Шумо тӯбро партофтед?» Дар бораи чизҳои оддии рӯйдода сӯҳбат кунед - мо чӣ кор мекунем, дар куҷо будем, чӣ нақша дорем, чиро дӯст медорем ва чиро не. Ҳангоми хондани китоб ё нақл кардани ҳикояҳо Шумо метавонед дар бораи воқеаҳо саволҳо диҳед. Расм кашидан ва вонамуд кардан дигар роҳҳои муошират аст ва метавонад кӯдаконеро, ки баъзан майли сӯҳбат кардан надоранд, дастгирӣ кунад.
Эҳсосот
Чӣ навигарӣ аст?
Дар ин давра, фарзанди Шумо ба ёд мегирад, ки чӣ гуна эҳсосоти гуногунро ба таври мувофиқ баён кунад. Вай метавонад роҳҳои бештари ифодаи эҳсосот – сухан гуфтан, шарҳ додан, имову ишора ё бозиро пайдо кунад. Ба ҷои дод задан, вай метавонад он чизеро ба ташвиш меорад оромона баён намояд.
Дар ин давра кӯдакон одатан дар иҳотаи одамони дигар буданро дӯст медоранд. Шумо шояд бубинед, ки фарзандатон мехоҳад, ки ба дӯстони худ писанд ояд ва мехоҳад, ки мисли онҳо бошад. Дӯстони хаёлӣ метавонанд ҳанӯз як қисми муҳими ба воя расидани фарзанди Шумо бошанд, ҳарчанд дӯстони воқеӣ барои ӯ муҳимтар мебошанд. Вай бо дигарон беҳтару хубтар муомила карданро оғоз мекунад. Эҳтимол Шумо мебинед, ки ӯ узр мепурсад, қоидаҳоро қабул мекунад, навбаташро интизор мешавад ва вақте ки бо дигарон ҳодисаҳои хуб рӯй медиҳад, аз он лаззат мебарад. Гарчанде, ки фарзандатон то ҳол метавонад серталаб ё бесабр бошад, вай бештар бо дигарон ҳамкорӣ мекунад ва мехоҳад ба дигарон кӯмак расонад. Айни замон вай метавонад дар бораи таҷрибаҳои нав, ба монанди оғози давраи томактабӣ ё бозӣ бо кӯдакони нав хавотир шавад.
Шумо чӣ кор карда метавонед?
Кӯдаки худро ташвиқ кунед, ки дар фаъолиятҳои гуногун, аз ҷумла реҷаҳои оилавӣ, бозӣ ва муошират бо кӯдакони дигар иштирок кунад. Ҳаловат бурдани ӯро мубодила кунед. Имкониятҳоеро фароҳам оред, ки дар он кӯдак худро фоидаовар ва мавриди назар ҳис кунад - ҳангоми иҷрои корҳои хонагӣ таъриф кардани ӯ эътимоди ӯро нисбат ба Шумо бештар мекунад. Аз танқид канорагирӣ кунед ва кӯшиш кунед, ки ӯро таъриф намоед. Агар кӯмак намудан лозим бошад, машварату тавзеҳоти дақиқ диҳед.
Агар вай кӯшиш намояд, ки аз иҷрои амали нав худдорӣ кунад ё аз оғоз намудан ба рафтани муассисаи томактабӣ метарсад, бигзор то омода шудан ба вазъияти нав шинос шавад.
Тафаккур
Чӣ навигарӣ аст?
Бозӣ ҳоло ҳам як роҳи омӯхтани муҳити атроф аз ҷониби кӯдак ва худаш мебошад. Дар ин синну сол фарзанди Шумо тасаввуроташро ба таври шиддатнок истифода мебарад. Вай эҳтимол сурудхонӣ, рақс ва вонамуд карданро дӯст медорад. Беҳтар аст, ки ӯ фарқи байни вонамуд ва воқеиятро бидонад. Аммо, айни замон агар кореро, ки ба волидонаш маъқул нест, вай метавонад ҳақиқатро аз онҳо пинҳон кунад. Дар бозии худ ӯ метавонад амалҳо ва рафторҳои гуногунро бисанҷад - ба монанди духтур ё муаллим. Дар ин давра вай метавонад аз нақшҳои гендерии худ огоҳтар шавад.
Фарзанди Шумо инчунин ба омӯзиши бадани худ ва бадани дигарон таваҷҷӯҳ зоҳир намуда бо кунҷковӣ бадани писарон ва духтаронро мушоҳида намояд. Таваҷҷӯҳ ва кунҷковӣ ба бадан идома дорад - ҳам бадани худ ва ҳам бадани одамони дигар.
Мафҳумҳо дар ин давра босуръат инкишоф меёбанд ва барои омӯзиши минбаъда асос мебошанд. Кӯдаки Шумо дар бораи чизҳои бо ҳам зид (масалан, паст/баланд) бештар мефаҳмад ва ӯ одатан метавонад чанд ҳарф ва рақамҳоро номбар карда баъзеи онҳоро нависад. Вай то адади 10 дуруст ҳисоб карда метавонад. Хотирааш беҳтар мешавад. Вай эҳтимолан суроға ё рақами телефонашро дар хотир нигоҳ медорад. Вай метавонад фарқи байни чап ва ростро донад.
Шумо чӣ кор карда метавонед?
Дар сӯҳбат ва реҷаи ҳаррӯза дар бораи мафҳумҳои вақт (субҳ, шом, имрӯз ва ғ. ва рӯзҳои ҳафта), инчунин дигар мафҳумҳои ҷолиб сӯҳбат кунед. Барои омӯхтани мафҳумҳои дигар аз ҳикояҳо ва китобҳои бачагона истифода баред. Тавассути хондан ё нақл кардани ҳикоя аз фарзандатон пурсед, ки фикраш дар бораи оянда чист. Дар гирду атроф сайругашт кунед, то манзараҳо ва садоҳоеро омӯзед, ки тафаккури ӯро ба ангезиш меоранд. Имкониятҳои истифодаи ҳарфҳо ва рақамҳоро дар корҳои ҳаррӯза истифода намоед, ба монанди навиштани ёддошт барои ба ёд овардани хӯрокҳо дар бозор.
Ҳаракат
Чӣ навигарӣ аст?
Кӯдаки Шумо торафт бештар аз ҷиҳати ҷисмонӣ маҳорати баланд пайдо мекунад – акнун вай метавонад якчанд ашёи хурдро ба дур партояд, сайд кунад, шино кунад, ба боло барояд ва манора созад. Вай ҳоло либосҳои худро пӯшида метавонад. Инчунин метавонад ба эҳтиёҷоти худ бештар ғамхорӣ кунад. Масалан, вай метавонад бо истифода аз қошуқ ё дигар зарфҳо худро ғизо хӯрад. Вай метавонад мустақилона ба ҳоҷатхона равад ва бе кӯмаки зиёд дандонҳояшро бишӯяд.
Шумо чӣ кор карда метавонед?
Ба ӯ қоидаҳои бехатариро хотиррасон кунед ва ҳатман назорат кунед, ки фаъолияти ҷисмониро дар ҳолати зарурӣ истифода барад. Имкониятҳоеро фароҳам оред, ки фарзанди Шумо дар берун аз хона низ фаъол бошад ва малакаҳои гуногунро ба ӯ омӯзонед, зеро ӯ хоҳиши омӯхтани онҳоро дорад. Маҳорати хуби мотории ӯро тавассути пешниҳод кардани маводҳои оддӣ барои якҷоя иҷро кардан ва кашидани расмҳо истифода баред.
Барои дарёфти роҳҳои бештар дар бораи дастгирии инкишофи кӯдак тавассути бозӣ, ба бахши “Якҷоя бозӣ мекунем” гузаред.
Ташвиши падару модар дар барои инкишофи кӯдак дар синни 49-60 моҳагӣ
Азбаски, ҳар як кӯдак ба таври гуногун инкишоф меёбад, ба таври дақиқ пешгӯӣ кардан ғайриимкон аст, ки кӯдаки Шумо кай ва чӣ гуна малакаҳои муайянро аз худ мекунад. Қобилиятҳои (марҳилаҳои инкишоф) дар ин давра пешбинӣ ва муқарраршуда танҳо дар бораи баъзе дигаргуниҳо, ки дар давоми ба воя расидани фарзандатон пайдо мешаванд тасаввуроти умумӣ медиҳанд. Агар инкишофи кӯдаки Шумо каме дигаргун бошад, лутфан хавотир нашавед.
Бо вуҷуди ин, агар Шумо дар духтаратон ягон аломати бозмонии инкишофро мушоҳида намоед, агар ӯ баъзе малакаҳоеро, ки пештар дошт гум кунад ва ё агар яке аз аломатҳои зерин дар фарзанди Шумо ба назар расанд, пас ҳатман ба духтури оилавӣ (ё дигар мутахассиси соҳаи тиб) муроҷиат намоед:
- Бо боварии комил роҳ намеравад, намедавад, ба боло намебарояд, намеҷаҳад ё аз зинапояҳо ба боло намебарояд.
- Ба саволҳои оддӣ ҷавоб дода наметавонад (Номи Шумо чист? Дар оилаи Шумо киҳо ҳастанд? Ҳикояи дӯстдоштаи Шумо чист?).
- Наметавонад, ки амалҳои аз ду қисм зиёдро иҷро кунад (Косаро ба рӯи миз гузор! Ё тӯбро дар зери кат бигир!).
- Мустақилона корҳои ҳаррӯза, аз ҷумла хӯрок хўрдан ё либоспўширо иҷро карда наметавонад.
- Чунин ба назар мерасад, ки дар нигоҳ доштани қалам душворӣ мекашад.
- Рафтори шадиднок нишон медиҳад (масалан, бениҳоят тарсончак, хашмгин ё ғамгин).
- Дар бораи корҳои ҳаррӯза сухан намегӯяд.
- Дар муошират бо калонсолон ва кӯдакон таваҷҷӯҳ зоҳир намекунад.
Агар Шумо гумон дошта бошед, ки нишонаҳои дар боло зикршуда бо сабаби он аст, ки кӯдак вақти зиёдро дар назди экран мегузаронад, ҳатман ин вақтро на зиёд аз як соат дар як рӯз кӯтоҳ наомед. Кӯшиш кунед, ки дар ин давра ба фарзандатон бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунед, то ба ӯ дар интихоби фаъолияти дуруст кумак кунед.
- https://raisingchildren.net.au/preschoolers/development/development-tracker/4-5-years
- Učenje i odrastanje: 37 do 60 mjeseci – Rast I razvoj djeteta iz mjeseca u mjesec, CEDEN – Centar porodičnih resursa za razvoj, obrazovanje I ishranu
- Dr sci Nirvana Pištoljević (2016), Rani razvoj deteta: šta treba znati, Udruženje pedijatara Srbije, Beograd.
- https://www.cdc.gov/ncbddd/actearly/pdf/checklists/Checklists-with-Tips_Reader_508.pdf