Ҳангоми интихоби муассисаи томактабӣ ба чӣ бояд аҳамият дод
Агар имконпазир бошад, муқоиса кардани шароити муассисаҳои томактабии гуногун муфид аст, то он чизе, ки барои фарзанди шумо мувофиқ ва ба ниёзҳои шумо ҷавобгӯ аст, пайдо намоед. Барои шинос шудан бо шароити муассисахои томактабй ба ин муассисаҳо рафтан беҳтар аст. Барои муқоиса кардани он чизе, ки муассисаҳои гуногун пешниҳод мекунанд, рӯйхати моро истифода баред.
Body
Муқоисаи муассисаҳои томактабӣ: саволҳои асосӣ
Рӯйхати саволҳои дар поён овардашуда ба шумо барои муқоиса кардани муассисаҳои томактабии гуногун кӯмак мекунад. Ин ба шумо интихоби дурусти кӯдакистонро барои фарзандатон осон мегардонад.
Шартҳои пардохт
- Пардохти моҳонаи кӯдакистон чанд пул аст?
- Оё барои рӯзҳое, ки кӯдак ба кӯдакистон намеравад, пул додан лозим аст? Масалан, барои рӯзҳои ид ё вақте ки шумо ба рухсатӣ меравед?
- Оё пардохти як рӯзи пурра ё нимрӯза вуҷуд дорад ва дар ҳар як ҳолат он чӣ қадар аст?
- Оё шумо метавонед аз ҳукумат барои пардохти моҳонаи кӯдакистон кӯмак гиред?
Бозӣ ва таълим
- Дар муассисаи томактабӣ барои кӯдакон кадом чорабиниҳои тарбиявӣ ва инкишофдиҳанда пешбинӣ шудаанд? Оё дар он ҷо стенд бо барномаи омӯзиш ва инкишоф мавҷуд аст?
- Оё кормандон ба волидайн дар бораи чӣ гуна рӯзгузаронии кӯдакон нақл мекунанд?
- Оё дар бораи дараҷаи тайёрии кормандон, қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва интизом маълумот гирифтан мумкин аст?
Манбаъи моддӣ ва шароит
- Оё муҳити атроф инкишофдиҳанда ва бехатар аст?
- Оё муҳит дар кӯдакистон мусоид аст?
- Ба фикри шумо, дар кӯдакистон бисьёр чизҳои шавқовар, бисьёр бозичаҳо, машғулиятҳо, равшании зиёд мавҷуд аст?
- Оё кӯдакистон барои бозиҳо дар ҳавои кушод ҷой, иншоот ва таҷҳизот дорад?
Реҷаи рӯз
- Оё муассиса барои фароғати орому истироҳати рӯзона шароит муҳайё кардааст?
- Оё кӯдак метавонад дар ҳавои кушод вақти кофӣ гузаронад?
- Оё кӯдак имкони таҳқиқи муҳити атроф ва сохтани ягон чизҳоро дорад?
- Оё вақти рафтан ба ҳоҷатхона, иваз кардани уребча ва истироҳат ба ниёзҳои кӯдаки шумо мувофиқ аст?
Мураббиён ва муносибати онҳо бо кӯдакон
- Шумораи кормандони ба кӯдакон нигоҳубинкунанда чанд нафар аст? Ба як мураббия чанд кӯдак рост меояд?
- Оё кормандон бо кӯдакон тез-тез машғулият мегузаронанд?
- Оё гуфтан мумкин аст, ки кормандон ба кӯдакон бо эҳтиром ва ғамхорӣ муносибат мекунанд, онҳоро дастгирӣ мекунанд?
- Кормандон чӣ гуна интизомро нигоҳ медоранд?
- Оё дар ин ҷо ба кӯдакон ҳамчун шахсият муносибат мекунанд?
Муносибат бо волидон
- Оё бо кормандон муҳокимаи мушкилот ташвиқ карда мешавад?
- Оё шумо ва фарзандатон метавонед аз барномаи шиносоӣ гузаред?
- Оё шумо метавонед ҳар вақт ба кӯдакистон омада чӣ кор кардани фарзандатонро мушоҳида намоед?
- Оё аъзоёни оила барои иштирок дар чорабиниҳои муассиса ташвиқ карда мешаванд?
Ғизо
- Оё дар кӯдакистон ғизо таъмин аст ё кӯдак бояд бо худ хӯрок орад?
Агар дар кӯдакистон хӯрок таъмин карда шавад:
- Оё хӯрок ва нӯшокиҳои пешниҳодшуда солим аст?
- Оё муассиса дастурҳои миллиро оид ба ғизодиҳии кӯдакон риоя мекунад? Оё кӯдакистон ба шумо таомномаро нишон дода метавонад?
Маълумоти умумӣ
- Сиёсати муассиса барои ҷалби кӯдаконе, ки ваксина нагирифтаанд, чӣ гуна аст?
- Агар фарзанди шумо бемор шавад, чӣ мешавад?
- Агар шумо онро сари вақт аз кӯдакистон гирифта натавонед, чӣ мешавад?
- Боз кӣ метавонад фарзанди шуморо аз кӯдакистон гирад?
- Ба фарзандатон чиро бояд дод, то бо худ барад?
- Чӣ тавр шумо ба фарзандатон барои ба кӯдакистон мутобиқ шудан кӯмак карда метавонед?