Бронхит

Бронхит – ин илтиҳоби роҳҳои калони нафаскашӣ буда, гулӯи нафаскаширо бо шушҳо пайваст мекунад. Агар кӯдаки Шумо гирифтори бронхит бошад, дар ӯ нафаскашии вазнин дида мешавад, луҳоб аз ҳарвақта зиёд ҷудо мегардад. Табобати бронхит аз сабабҳои сироят вобастагӣ дорад.
Body

Сабабҳои бронхит

Бронхит – ин илтиҳоби роҳҳои калони нафаскашӣ, ки ааз сабаби сироятит вирусӣ ё баъзан аз сабаби сирояти бактериалӣ ба сӯи шуш равона мешавад.

Нишонаҳои бронхит

Сулфа – нишонаи асосии бронхит мебошад. Сулфаи кӯдаки Шумо метавонад дар намуди хушк ё баръакс ба назар расад.

Агар кӯдакатон гирифтори бронхит бошад ва роҳҳои болоии нафаскашӣ осеб дида бошанд, дар ӯ зуком ва дарди гулӯ дида мешавад, инчунин сулфа. Инчунин дар ӯ каме баландшавии ҳарорати бадан мушоҳида карда мешавад. Ғайр аз он, каме нафаси танг ва хиррос низ дида мешавад.

Агар дар кӯдаки Шумо зиёдшавии нафаскашӣ ва нафастангӣ (отдышка) дида шавад, пас инидиққи нафас ё бронхиолит мебошад. Сулфаи сахт ва хрип дар кӯдак эҳтимолан сабаби диққи нафас (астма) ва ё бронхиолит мебошад. Агар ҳарорати бадани кӯдаки Шумо баланд боша ва мушкилоти нафаскашӣ дошта бошад, ин илтиҳоби шуш (пневмония) мебошад.

Табиби Шумо муайян мекунад, ки сабаби нишонаҳо дар кудак чи мебошад.

Бронхит одатан дар кӯдакони калонсолон во мехурад, баъзан дар кудакон низ. 

Агар сулфа ногаҳон пайдо шуд, ва Шумо гумон кунед, ки роҳи нафаскашӣ бо чизе танг шудааст, ба Шумо лозим аст, ки  кумаки аввалаи тиббиро расонед ва барои гирифтани ёрии тиббӣ фавран муроҷиат намоед.

Дар кадом ҳолат барои нишонаҳои бронхит ба табиб муроҷиат кардан лозим аст

Ба Шумо лозим аст, ки бо кӯдакатон ба табиб муроҷиат кунетон, агар:

  • дар гузашта тангнафасии диққи нафас (астма) буд;
  • баландшавии ҳарорати бадан;
  • сулфае, ки пас аз 5-7 руз намегузарад ;
  • хиррос ё нафастангӣ;
  • дар луҳоб хун вуҷуд дорад;
  • нафаскашӣ душвор аст ва ё вазнин нафас мекашад.

Таҳлили бронхит

Табиби Шумо пас аз додани саволҳо нисбати нишонаҳо ва гузаронидани ташхис гуфта метавонад, ки оё дар кӯдаки Шумо бронхит ҳаст ё не.

Инчунин, дар сурате, ки агар сулфа нагузарад, табиб метавонад кудаки Шуморо барои гузаронидани ташхиси рентгени қафаси сина равона кунад.

Табобати бронхит

Бронхит одатан пас аз 1-2 ҳафта мегузарад ва ягон оризаро бавуҷуд намеорад.

Агар дар кӯдаки Шумо сулфа ва хирросҳо нагузаранд, табиб метавонад истифодаи кӯтоҳмуддати доруҳои зидди диққи нафасро (астма) тавсия диҳад.

Агар табиби Шумо  Шуморад, ки ин инфексияи бактериалӣ бронхитро ба вуҷуд овардааст ва ё агар сулфа нагузарад, ӯ метавонад антибиотикҳоро таъин намояд. Вале антибиотикҳоро аксар вақт кам таъин мекунанд, зеро бронхит одатан аз ҷониби вирус ба вуҷуд меояд, барои ҳамин антибиотикҳо вирусро табобат намекунанд.

Доруҳои зидди сулфа одатан ба сулфае, ки дар вақти гирифторшавӣ ба бронхит пайдо мешаванд, таъсир намерасонад.  Дар ҳолати ба бронхит гирифтор шудан асал метавонад шиддатнокӣ ва давомнокиии сулфаро кам кунад, лекин Шумо ба кӯдакони синни то 12 моҳа бинобар хатари инкишофи ботулизм – намуди нодир, вале бемории ҷиддии заҳролудшавӣ аз ғизо набояд асалро диҳед.